ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Маълумоти криминалӣ

Қочоқи шакар бо Мерседес Бенс дар Бобоҷон Ғафуров

20.10.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  21
Санаи 20 - уми октябри соли 2017, ҳангоми гузаронидани амалиёти...
Қочоқи асъори хориҷӣ

19.10.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  74
Санаи 16-уми октябри соли 2017 ҳангоми аз назорати гумрукӣ гузаронидани...
Оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба ширкати ҶДММ «Файзимоҳ» барои қочоқи мол

16.10.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  385
Кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти...

Рӯйдодҳои гумрукӣ

Ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятиву машваратӣ дар Хадамоти гумрук бо пешниҳодҳои муфиди соҳибкорон анҷом ёфт

10.10.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  339
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои ҷамъиятиву...
Ҷамъомад ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ

05.10.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  396
Имрӯз дар Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Нишастҳои матбуотӣ

Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

18.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  1860
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки...
ЭЪЛОН

17.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  1750
Санаи 18 - уми июли соли равон соати 1000 дар...
Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

17.01.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  4345
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки...

Боду ҳаво

Тақвим

Октябр 2017
21
Шанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз7577
mod_vvisit_counterДирӯз8414
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта41042
mod_vvisit_counterДар ин моҳ100000
mod_vvisit_counterҲамарӯза2168267

 

 

 

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (37) 2017

 

№2 (38) 2017

 

№3 (39) 2017

 

№4 (40) 2017

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

RILO Москва

Парчам-рамзи муқаддасоти миллӣ

Чоп PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Имрӯз, 24 ноябри соли равон бахшида ба Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини якуми Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори хадамоти гумрукӣ Каримзода Хуршед Абдураҳмон ва ҳайати шахсӣ маҷлиси тантанавӣ доир гардид.

Ҷамъомадро бо сухани ифтитоҳӣ муовини якуми Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Хуршед Абдураҳмон ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо ин рӯзи муқаддас таҳният гуфт.

Зимни баромади хеш номбурда афзуд, ки: - “Ҳар як давлати соҳибистиқлолро бе доштани рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла Парчам тасаввур кардан ғайриимкон аст.

Ба маврид аст ёдовар шавем, ки аввалҳои соли 1990 аз ҷониби Шӯрои Олии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон барои таҳия намудани рамзҳои нави давлатӣ, озмун эълон карда шуд ва дар ин озмун тахминан 250 нафар ширкат варзиданд.



 

Вобаста ба таҳия намудани рамзҳои нави давлатӣ комиссияи махсус ташкил карда шуд, ки сарварии ин комиссияи босалоҳиятро президенти ҳамонвақтаи Академияи илмҳои Тоҷикистон академик Муҳаммад Осимӣ ба уҳда дошт. Аз муаллифон ва коллективҳои эҷодии тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ зиёда аз дусад адад пешниҳодҳо вобаста ба лоиҳаи рамзҳои нави давлатӣ ворид гардида буд.

Дар охири озмун аз байни санъатшиносон ва рассомон вобаста ба таҳияи рамзҳои давлатӣ як гуруҳ интихоб карда шуд, ки дар он рассоми халқии Тоҷикистон Зуҳур Ҳабибуллоев - роҳбар ва лоиҳакаш, Лариса Додхудоева - рассом ва санъатшинос, номзади илмҳои санъатшиносӣ, Анатолий Заневсий – президенти иттифоқи дизайнерҳои Тоҷикистон ва Ирина Игнатушина – санъатшинос, ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон шомил буданд.

Аз тарафи муаллифон лоиҳаи Парчами давлатӣ, ҳамчун матои росткунҷаи серахаи рангаи уфуқии иборат аз ранги сурх, сафед ва сабз пешниҳод шуд, ки рахи ранги сафед якуним баробари рахҳои ранги сурх ва сабзро ташкил дода, бари матоъ бошад, якуним баробари дарозии онро ташкил мекард.

Дар аввал ба сифати ангораҳои асосии муаллифон дар Парчами давлатӣ нақши шер, тоҷ ва ситораҳоро нақшнигорӣ намуданд. Нақши шер аз анъанаҳои форсу-тоҷик сарчашма гирифта, ҳамчун рамзи боақлӣ, ҷасурӣ ва адолатро ифода менамуд.

Баъдтар аз ҷониби гуруҳи кории мазкур дар Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷои нақши шер нақши тоҷ ва ҳафт ситора ҷой карда шуд.

 

 

Қайд кардан зарур аст, ки нақши тоҷ, ки дар Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дода шуд, ин рамзи давлатдории халқи тоҷдори Тоҷик, яъне тоҷ таҷассумгари муттаҳидсозии давлату миллатро ифода менамояд. Дар баробари нақши тоҷ дар Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши ҳафт ситора дар қисми болои тоҷ дар шакли нимдоира ҷой карда шуд, ки ифодагари рақами ҳафт ҳамчун рақами муқаддас ва оварандаи хушбахтӣ маънидод карда шуд.

Дар аввал ба ақидаи муаллифони Парчами давлатӣ, ҳафт ситора ҳамчун ифодагари ҳафт шоири барҷастаи форсу тоҷик маънидод шуда буд.

Ҳоло бошад ҳафт ситора, ин ифодагари ҳафт минтақаи таърихию мадании кишвари азизамон Тоҷикистон мебошад, яъне Суғд, Зарафшон, Ҳисор, Рашт, Вахш, Хатлон ва Бадахшон.

Дар давраи кори комиссия оид ба пешниҳоди лоиҳаи рамзҳои давлатӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-уми сентябри соли 1991 соҳибистиқлолии худро ба даст овард, ки муаллифон бо дарназардошти ташкилшавии давлати навини Тоҷикон ва ба даст овардани истиқлолият, арзишҳои миллӣ ва таърихию фарҳангии халқамонро ба назар гирифта ранги сурхро, ки дар Парчами давлатӣ ҷой дода шудааст, ҳамчун ифодагари мубориза ва ҷоннисориҳои халқ дар роҳи озодӣ ва истиқлолият, ранги сафед ҳамчун бахту иқболи сафед, нияти неки халқ ва ранги сабз саъю кӯшиш ва заҳмату меҳнати халқ, ки аз он кишварамон сабзу хуррам мешавад маънидод намуданд.

Дар таърихи 24-уми ноябри соли 1992 гуруҳи корӣ оид ба таҳияи рамзҳои нави давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, дар сессияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, Парчами нави давлатиро ба муҳокимаи вакилони халқ пешниҳод намуд.

Ҳамон лоиҳаи Парчами давлатӣ, ки таҷассумгари, таърих, фарҳанг ва арзишҳои миллии халқи тоҷик мебошад ва имрӯз мо онҳоро дар Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебинем, дар сессияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон бо сарварии раиси нав интихобгардидаи Шӯрои Олии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷониби вакилони халқ якдилона барои қабул намудани он ҳамчун Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон овоз дода шуд.

Рӯзи дигар, яъне 25-уми ноябри соли 1992 рамзи нави давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон - Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба толор назди вакилони Шурои Олӣ ворид карда шуд ва аввалин маротиба раиси тозаинтихоби ҳамонвақтаи Шӯрои Олии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди Парчами давлатӣ сари таъзим фуруд оварда, қасам ёд намуданд.

Бояд қайд намуд, ки баъди ин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар болои бинои қасри «Арбоб»-и шаҳри Хуҷанд, ки дар он ҷо сессияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон баргузор гардида буд, барафрохта шуд.

Вобаста ба тартиби истифодабарии Парчами давлатии Тоҷикистон 11-уми декабри соли 1992 «Низоманома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва 12-уми майи соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шуд.

Бо мақсади боз ҳам зиёдтар эҳтиром доштан ба муқаддасоти миллӣ ва рӯ овардан ба ин арзишҳо 19-уми ноябри соли 2009 аз чониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо» ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ба имзо расид, ки мувофиқи он ҳар сол 24-уми ноябр ҳамчун рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тантана ҷашн гирифта мешавад.

Эҳтироми муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла Конститутсия, Нишон, Парчам ва Суруди миллӣ ҳамчун ифодагари ифтихори миллӣ, пойдории давлат ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию таърихӣ ба ҳисоб меравад. Вазифаи мо, насли имрӯзаи миллат барои дар руҳияи эҳтиром доштану рӯ овардан ба арзишҳои миллӣ ва арҷ гузоштан ба онҳо, тарбия намудани ҷавонону наврасони миллатамон мебошад”.

Сипас дар назди ҷамъомадагон, сардори Лаборатория марказии гумрукӣ Мансур Саидов , нозири калони шуъбаи ҳуқуқи Раёсати таъмини ҳуқуқ Сарвиноз Исматова, нозири калони Раёсати ҳамкориҳои байналмиллалии гумрукӣ Сайёраи Қурбоназар дар навбати худ оид ба ин рӯзи муқаддас андешаҳои худро баён намуданд.

 

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ШАРИКОН