ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Тақвим

Июл 2018
17
Сешанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз2832
mod_vvisit_counterДирӯз5907
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта8740
mod_vvisit_counterДар ин моҳ68931
mod_vvisit_counterҲамарӯза3355762

RILO Москва

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Овоздиҳӣ

Чӣ тавр Шумо дар бораи мо маълумот пайдо намудед?
 

Ҳадаф - аз байн бурдани амалҳои коррупсионӣ

Чоп PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Бо мақсади таъмини иҷрои фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба “Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” ва Нақшаи чорабиниҳои Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, 30 ноябри соли равон дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини сардори Раёсати якуми Сарраёсати пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Ҷумҳурии Тоҷикистон Турсунзода Шодком бо ҳайати шахсии Дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук баргузор гардид.

 

 

 

Ҷамъомадро муовини сардори Раёсати ташкилию бозрасии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники Хадамоти гумрук Ҳамрозода Бӯрӣ Сармад ҳусни оғоз бахшида, риштаи суханро ба муовини сардори Раёсати якуми Сарраёсати пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Ҷумҳурии Тоҷикистон Турсунзода Шодком дод.

 

 

Муовини сардори Раёсати якуми Сарраёсати пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Ҷумҳурии Тоҷикистон Турсунзода Шодком аз дар назди ҳозирин баромад намуда, чунин гуфт: - “Коррупсия яке аз душвортарин мушкилоти ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад. Бинобар ин, бояд мо барои пешгирӣ ва муборизаи беамон бо ин падидаи номатлуб, ки ҳамчун зуҳуроти хатарноки ҷаҳони муосир ном гирифтааст, чораҳои саривақтӣ ва таъхирнопазир андешем.

 

 

Мубориза бо ҷинояткорӣ ва пешгирии ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ, ки метавонад пояҳои давлатро заиф гардонад, инчунин роҳ надодан ва пешгирӣ намудани омилҳои коррупсионӣ, фаҳмондадиҳии хавфҳои коррупсия ва дарки зарару оқибатҳои ногувори он, масъалаҳои қонунгузории зиддикоррупсионӣ ва дар амал татбиқ намудани он аз фаъолияти муътадилу муназзами кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла мақомоти гумрук вобастагии мустақим дорад, - иброз дошт Турсунзода Шодком.

Дар охири ҷамъомад муовини сардори Раёсати ташкилию бозрасии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники Хадамоти гумрук Ҳамрозода Бӯрӣ Сармад ба музокира баромада, изҳор дошт, ки пешгирии ҳамагуна ҷиноят ва ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ, ки боиси халалдор гаштани вазъи иқтисодии кишвар мегарданд, вазифаи ҳар як корманди мақомоти гумрук буда, баргузории ин гуна ҷамъомадҳо ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои муштарак байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони мақомоти гумрук барои пешгирӣ ва муборизаи беамон бо ин падидаи номатлуб заминаи мусоид фароҳам меоварад.

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ШАРИКОН