ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Тақвим

Июл 2018
20
Ҷумъа
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз4455
mod_vvisit_counterДирӯз5643
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта21196
mod_vvisit_counterДар ин моҳ81387
mod_vvisit_counterҲамарӯза3368218

RILO Москва

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Овоздиҳӣ

Чӣ тавр Шумо дар бораи мо маълумот пайдо намудед?
 

Ҳадаф - мукаммал гардонидани донишу малакаи касбии кормандони мақомоти гумрук

Чоп PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Донишкадаи такмили ихтисос як воҳиди сохтории Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, тибқи нақшаи корӣ ва супоришҳои роҳбарият курсҳои такмили ихтисосро дар самтҳои гуногун ба роҳ мемонад.

Аз ҷумла, аз 24 октябр то 02 декабри соли ҷорӣ бо мақсади мукаммал гардонидани донишу малакаи касбии кормандони мақомоти гумрук мутобиқи фармоиши Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №164-ф аз 19 октябри соли 2016 курси тайёрии ибтидоии кормандони нав ба кор қабулгардидаи мақомоти гумрук гузаронида шуд.

Тибқи фармоиши мазкур ҳамагӣ 21 нафар кормандон, аз ҷумла, 7 нафар аз Дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук, 10 нафар аз Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе, 3 нафар аз Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд ва 1 нафар аз Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон дар курси мазкур ба ҳайси шунаванда иштирок намуданд.



 

Дар навбати аввал шунавандагони курси мазкур бо тарзи дурусту самаранок истифода намудан ва риояи талаботҳои техникаҳои бехатарӣ: - технологияи информатсионӣ, истифодабарии дастгоҳи компютерӣ, истифодаи дастгоҳи рентгении Rapiscan, истифодаи портали манитори радиатсионӣ ва истифодаи дастгоҳи фулузотҷӯяк (металодетектор) шиносоӣ пайдо намуданд.

Мувофиқи Барномаи таълимӣ ва ҷадвали дарсӣ омӯзгорони донишкада, Абдуллоев М.М., Маҳмадҷонов М.Д., Бадалов Н., Саибов Д.А. ва Нозимов Ансорӣ ба шунавандагон дар самтҳои оид ба вазифаҳои асосии мақомоти гумрук,ҳуқуқ ва вазифаҳои корманди мақомоти гумрук, мафҳум ва моҳияти Кодекси гумруки ҶумҳурииТоҷикистон, барасмиятдарории мол вавоситаҳои нақлиёт, Кодекси маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон; Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, оинномаи интизомии кормандони мақомоти гумрук, мафҳум ва шаклҳои назорати гумрукӣ, фармоишҳои Хадамоти гумрук таҳти №138 аз 28 августи соли 2009 «Дар бораи номгӯи маълумоти меъёрию иттилоотие, ки бо мақсадҳои гумрукӣ истифода бурда мешаванд», ва №139 аз 28 августи соли 2009 «Дастурамал оид ба тартиби пур кардани декларатсияи бори гумрукӣ ва декларатсияи транзитӣ», пардохтҳои гумрукӣ ва хироҷҳои гумрукӣ, зерсистемаи барасмиятдарорӣ ва назорати гумрукӣ (ТОК), зерсистемаи идораи таваккал (РИСК), низомҳои гумрукӣ ва доираи истифодабарии онҳо, шартҳои асосии молрасонии ИНКОТЕРМС – 2010, усулҳои муайян намудани арзиши гумрукии мол, муайян кардани рамзи мол ва кишвари истеҳсолнамудаи мол, омӯзиши Дастгоҳи СТ-30 (эндоскоп, пейдҷер, бастер сихҳои муоинавӣ, масофаченкунак, оинаи муоинавӣ), омӯзиши Дастгоҳи рентгении Rapiscan, омӯзиши Портали манитории радиатсионӣ ва омӯзиши модулҳои таълимӣ (муоинаи шахсӣ, нақлиёт, контейнер ва ҳавопаймо) машғулиятҳо гузарониданд.

 

 

Ҷиҳати боз ҳам мукаммал гардонидани донишу малакаи касбии шунавандагон ва дар сатҳи баланди касбӣ ҷараён додани раванди таълиму тадрис, дар асоси дархости роҳбарияти Хадамоти гумрук, ҷиҳати пешгирии амалҳои коррупсионӣ ва сари вақт иҷро намудани қонунгузориҳо дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ, намояндагон аз сохторҳои дахлдор аз ҷумла, Прокуратураи генералӣ, Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бар зидди коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешбурди машғулиятҳо даъват гардиданд.

 

 

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ШАРИКОН