ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Маълумоти криминалӣ

Қочоқи трасформатор ба маблағи 177 ҳазору 320 сомонӣ дар Суғд

17.08.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  157
Ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ дар роҳи мошингарди ҳудуди ноҳияи Ҷабор...
Пешгирии сиккаҳои Русияи подшоҳӣ - Екатерина 2 дар Хуҷанд

11.08.2017 |  12,25 |  644
Ҳангоми гузаронидани назорати гумрукии мусофирони хатсайри №645 самти «Хуҷанд-Москва»...
Пешгирии интиқоли ғайриқонунии 553 адад телефони мобилии «Samsung Galaxy»

08.08.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  412
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ - ҷустуҷӯӣ аз тарафи кормандони...

Рӯйдодҳои гумрукӣ

Вохӯрии навбатии кормандони Агентии коррупсия дар Хадамоти гумрук

13.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  766
Имрӯз дар толори Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии...
Глобальная Программа УНП ООН и ВТамО по контролю за контейнерными перевозками

05.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  736
В Таможенной службе Республики Таджикистан состоялась встреча с представителями Глобальная...

Нишастҳои матбуотӣ

Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

18.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  839
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки...
ЭЪЛОН

17.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  741
Санаи 18 - уми июли соли равон соати 1000 дар...
Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

17.01.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  3208
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки...

Боду ҳаво

Тақвим

Август 2017
21
Душанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз3839
mod_vvisit_counterДирӯз6768
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта3839
mod_vvisit_counterДар ин моҳ100000
mod_vvisit_counterҲамарӯза1748654

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (37) 2017

 

№2 (38) 2017

 

№3 (39) 2017

 

№4 (40) 2017

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

RILO Москва

“Терминали Дӯстӣ” барои соҳибкорон шароитҳои муосирро фароҳам меоварад

Чоп PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Дар арафаи ҷашни 25 солагии мақомоти гумрук дар Терминали наздисарҳадии байналмилалии автомобилӣ дар назди гумруки «Дӯстӣ»-и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Турсунзода Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Терминали Дӯстӣ” дар вазъияти тантанавӣ мавриди истифода қарор гирифт.

ҶДММ «Терминали Дӯстӣ» воқеъ дар шаҳри Турсунзода дорои тамоми имконот, аз ҷумла, бинои маъмурӣ, ошхона, меҳмонхона, анбори нигоҳдории маҳсулот, сардхона, ҷойи махсус барои таъмири мошинҳо, таваққуфгоҳ, нуқтаи хизматрасонии хазинавӣ, нуқтаҳои воситаҳои нақлиёти боркаш ва сабукрав, тарозӯи рақамӣ, ҳавзи оташнишонӣ, нуқтаҳои алоҳидаи шустушӯӣ, қаҳвахона, нуқтаи тиббӣ ва истгоҳҳои обтаъминкунӣ буда, пайваста дар хизмати шаҳрвандон қарор дорад. Минбаъд соҳибкорону ронандагон барои воридоту содироти молу маҳсулот метавонанд аз хизматрасонии иншооти нав пурра баҳравар гарданд.

Корҳои сохтмонӣ дар “Терминали Дӯстӣ” соли 2014 оғоз гардид ва ҳоло дар асоси нақша бо сифати баланд ба анҷом расонида шуд.

Бинои маъмурии “Терминали Дӯстӣ” аз 2 ошёна, аз ҷумла 18 ҳуҷраи корӣ ва маҷлисгоҳ иборат мебошад. Минбаъд соҳибкорон расмиёти гумрукии молу воситаҳои нақлиётро дар муддати кӯтоҳ ва бе хароҷоти зиёдатӣ дар як ҷой анҷом медиҳанд. Зеро дар бинои маъмурӣ барои фаъолияти мутахссисони тамоми сохторҳои масъул, аз ҷумла, барасмиятдарории гумрукӣ, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо, Хадамоти фитосанитарӣ ва карантини растанӣ, Маркази сертификаткунонии кор ва хизматрасонӣ дар соҳаи нақлиёт ва Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт шароит фароҳам оварда шудааст.

 

 

Соҳибкорон, ронандагон ва дилхоҳ муроҷиаткунанда метавонад дар қаҳвахонаи иншооти нав, ки дар як вақт барои то 100 нафар ҷой омода карда шудааст, хӯрок фармоиш диҳанд ва инчунин бо саққобозӣ машғул шуда, фароғати худро комил намояд.

Меҳмонхона аз 17 ҳуҷра иборат буда, дар як вақт барои то 40 нафар пешбинӣ шудааст ва мизоҷон метавонанд аз шароити замонавии хизматрасонӣ барои буду бош, ки ба таври доимӣ ба роҳ монда шудааст, баҳравар гарданд.

Анбори нигоҳдории муваққатии маҳсулот барои 10 нақлиёт пешбинӣ шудааст. Дар ин ҷо дар як вақт барои нигоҳдории то 2500 метри мукааб маҳсулоти гуногун шароит фароҳам аст.

Барои маҳсулоти зудвайроншаванда бошад 8 сардхонаи замонавӣ бунёд ёфтааст, ки маҳсулот дар ҳарорати зарурӣ нигоҳ дошта мешавад.

Тавақуфгоҳи барҳавою замонавии нақлиётӣ барои 100 мошин пешбинӣ шудааст. Дар маҷмуъ, имрӯз дар ҶДММ «Терминали Дӯстӣ» бо назардошти талаботи сатҳи ҷаҳонӣ имконоти замонавӣ мутобиқи талаботи Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин гардидааст.

 

 

Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфаттоҳи Ғоиб бунёди иншооти нав ва фароҳам овардани шароити мусоидро дар гузаргоҳи Дӯстӣ барои барасмиятдарории гумрукии молу маҳсулот аз самараи сулҳу субботи сартосарӣ арзёбӣ намуда, ба Пешвои миллат , Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгириҳои пайваста изҳори сипос намуд.

Қаламрави ҶДММ «Терминали Дӯстӣ» 5 гектарро ташкил намуда, дар иншооти гуногуни он 50 нафар бо ҷойи кори доим таъмин шудаанд ва минбаъд бо бештар шудани талабот барои хизматрасонӣ шумораи коргарон ба 100 нафар расонида хоҳад шуд.

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ШАРИКОН