ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Маълумоти криминалӣ

Қочоқи трасформатор ба маблағи 177 ҳазору 320 сомонӣ дар Суғд

17.08.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  77
Ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ дар роҳи мошингарди ҳудуди ноҳияи Ҷабор...
Пешгирии сиккаҳои Русияи подшоҳӣ - Екатерина 2 дар Хуҷанд

11.08.2017 |  12,25 |  563
Ҳангоми гузаронидани назорати гумрукии мусофирони хатсайри №645 самти «Хуҷанд-Москва»...
Пешгирии интиқоли ғайриқонунии 553 адад телефони мобилии «Samsung Galaxy»

08.08.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  345
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ - ҷустуҷӯӣ аз тарафи кормандони...

Рӯйдодҳои гумрукӣ

Вохӯрии навбатии кормандони Агентии коррупсия дар Хадамоти гумрук

13.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  711
Имрӯз дар толори Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии...
Глобальная Программа УНП ООН и ВТамО по контролю за контейнерными перевозками

05.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  691
В Таможенной службе Республики Таджикистан состоялась встреча с представителями Глобальная...

Нишастҳои матбуотӣ

Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

18.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  797
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки...
ЭЪЛОН

17.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  689
Санаи 18 - уми июли соли равон соати 1000 дар...
Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

17.01.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  3157
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки...

Боду ҳаво

Тақвим

Август 2017
18
Ҷумъа
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз5088
mod_vvisit_counterДирӯз6218
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта34151
mod_vvisit_counterДар ин моҳ100000
mod_vvisit_counterҲамарӯза1728851

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (37) 2017

 

№2 (38) 2017

 

№3 (39) 2017

 

№4 (40) 2017

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

RILO Москва

Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад

Чоп PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

13 декабри соли равон дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ бо иштироки кормандони мақомоти гумрук, шахсони масъули вазорату идораҳои дахлдор, соҳибкорону тоҷирони ватанӣ, ассотсиатсияҳои миллии соҳибкории хурду миёна ва брокерони гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар рафти ҷаласа иштирокдорон масъалаҳои мазкур, аз ҷумла масъалаҳои ташкилии фаъолияти Шӯро, объектҳои моликияти зеҳнӣ, муайян намудани арзиши гумрукии мол ва воситаҳои нақлиёт, истифодаи системаи идораи таваккал дар мақомоти гумрук, муайян намудани рӯзномаи ҷаласаи минбаъдаи Шӯро, ҷамъбасти натиҷаҳои ҷаласа ва ғайраро мавриди муҳокима қарор доданд.

Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои машваратию ҷамъиятӣ Муовини якуми Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Хуршед доир ба мақсад, вазифаҳо ва ҳуқуқҳои Шӯрои машваратию ҷамъиятӣ маърӯза кард.

Шӯрои ҷамъиятию машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ дар назди Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи банди 14-и моддаи 467 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис шудааст.

 

 

Мақсади Шӯро ҳамчун мақоми ҷамъиятию машваратӣ- ин пеш аз ҳама, мусоидат намудан дар асоси ҳамкории конструктивии мақомоти гумрук бо аҳли тиҷорат ва саноат дар таҳия ва татбиқи сиёсати гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини ҳифзи манфиатҳои иқтисодии мамлакат ва ташкил намудани шароитҳои мувофиқ барои фаъолияти соҳибкорӣ, такмили сохтори амалиёти содиротию воридотӣ ва ҷалб намудани сармояи хориҷӣ мебошад.

Шӯро фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрию ҳуқуқии Хадамоти гумрук, Низомномаи Хадамоти гумрук, Низомнома ва регламенти кории Шӯро ба роҳ мемонад.

Шӯро дар асоси принсипҳои ихтиёрӣ, худидоракунӣ, шаффофият, мустақилият дар қабули қарорҳо доир ба масъалаҳои ба салоҳияташ дохилшаванда амал мекунад.

Шӯрои ҷамъиятию машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ дар назди Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри такмили сиёсати гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соддагардонӣ ва суръатбахшии расмиёти гумрукию гардиши тиҷорати хориҷии молу воситаҳои нақлиёт татбиқи вазифаҳои зеринро амалӣ менамояд:

- баланд бардоштани сатҳи одоби ҳуқуқӣ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ;
- мусоидат намудан ба амалӣ гардонии тадбирҳо ҷиҳати татбиқи ягонаи қонунгузории гумрукӣ;
- ҳамкорӣ бо Шӯрои машваратӣ оид ба кор бо иштирокдорони фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, инчунин бо мақомоти машваратии назди мақомоти гумруки давлатҳои хориҷӣ;
- тарғиби фаъолияти гумрукӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- таҳия намудани таклифҳо доир ба такмил ва соддагардонии шакл ва усулҳои назорати гумрукӣ, мубориза бар зидди вайронкунии қоидаҳои гумрукӣ, ки ҳангоми интиқоли молу воситаҳои нақлиёт тавассути сарҳади гумрукӣ содир мешаванд;
- таҳия ва ба мақомоти дахлдор пешниҳод намудани таклифҳо оид ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ;
- мусоидат намудан ба амалӣ гардидани тадбирҳое, ки ба ҳифзи манфиатҳои молистеҳсолкунандагони ватанӣ ва истеъмолкунандагони молҳои воридотӣ равона шудаанд.

 

 

Сардори Раёсати ташкили назорати гумрукӣ Абдуқодирзода Ҷамшед, сардори шуъбаи ҳуқуқ ва ҳифзи муаллифи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимов Н., сардори Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе Диловар Хайруллоев, сардори Раёсати батанзимдарории тарифию гумрукӣ ва назорати арзӣ Зайдуллоев Изатулло., намояндаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматзода Ф., ва намояндаи Ассотсиатсияи брокерон Маҳмудова Ф. ба сухан баромада, оид ба объектҳои моликияти зеҳнӣ, зиёд ва ё кам будани маблағи кафолати бонкӣ (нишондиҳанда барои ҳисобҳо), ки аз ҷониби субъект барои дохил шудан ба Реестри мақомоти гумрук гирифта мешавад, арзиши гумрукии мол ва воситаҳои нақлиёт, ҳаракати воситаҳои нақлиёти калонҳаҷм, ки аз меъёри муқарраргардида зиёд ба интиқоли мол машғуланд ва ғайра мубодилаи афкор намуданд.

 

 

Муовини якуми Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Хуршед дар навбати худ иброз дошт, ки барои бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта бояд дар ҳамбастагӣ кӯшиш ба харҷ диҳем.

Пешниҳоди намояндаи Ассотсиатсияи брокерон Маҳмудова Ф.оид ба ташкили семинарҳо дар самти муайян намудани арзиши гумрукии мол ва воситаҳои нақлиёт ва ҷалби нозирони барасмиятдарори тамоми воҳидҳои сохтории мақомоти гумрук дар ин гуна семинарҳои омӯзишӣ дар давраҳои ҳисоботии соли 2017 аз тарафи Роҳбарияти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ карда шуд.

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ШАРИКОН