ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish
Ulti Clocks content

Маълумоти криминалӣ

Оғози парвандаи ҷиноятӣ барои қочоқи донаи зағир дар Исфара

15.06.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  307
Аз ҷониби кормандони шуъбаи ташкили мубориза барзидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Раёсати...
Дидбонгоҳи гумрукии «Регар» 20 номгӯйи моли қочоқро дастгир кард

14.06.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  321
Кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти гумруки...
Кочоқи 400 қуттичаи «Полёт» - ро дар Мурғоб мусодира карданд

13.06.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  270
Аз ҷониби кормандони Раёсати минтақвии гумрукӣ дар Вилояти Мухтори...

Рӯйдодҳои гумрукӣ

Ваҳдати миллӣ - сарчашмаи бахту саодати тоҷикон

23.06.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  56
Имрӯз, дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба...
Об асоси зиндагист

17.03.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  1593
13 – уми марти соли равон дар Хадамоти гумруки назди...
Рӯзи байналмилалии занон муборак!

07.03.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  1699
Имрӯз, 7 - уми марти соли равон бахшида ба Рӯзи...

Нишастҳои матбуотӣ

Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

17.01.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  2186
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки...
Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

19.07.2016 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  3872
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо...
Нишасти матбуотӣ дар Хадамот

25.01.2016 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  6113
Дар нишаст қайд карда шуд, ки Хадамоти гумруки назди Ҳукумати...

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (37) 2017

 

№2 (38) 2017

 

№3 (39) 2017

 

№4 (40) 2017

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

RILO Москва

Боду ҳаво

Тақвим

Июн 2017
24
Шанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз4608
mod_vvisit_counterДирӯз6709
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта39209
mod_vvisit_counterДар ин моҳ100000
mod_vvisit_counterҲамарӯза1358544

Ошкор ва пешгирии маҳсулоти ба саломатии инсон зараровар

Чоп PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Раёсати минтақавии гумруки дар шаҳри Душанбе баҳри пешгирӣ, муайян ва ошкор намудани молу маҳсулотҳои тарики қочок ба худуди Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда, инчунин аз муомилот гирифтани молу маҳсулотҳои пастсифат ва ба саломатии шаҳрвандон хатардошта як қаттор чорабиниҳоро ба анҷом расонидааст.

Аз ҷумла директори генералии ҶДММ «Кишвар-2010» шахрванд Зарифи Маҳмадшариф аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо дигарон ба содир намудани ҷиноят даст задааст, ки моҳияти он аз дидаю дониста нигоҳ доштан, ба фурӯш баровардани маҳсулоте, ки ба талаботи бехатарӣ барои ҳаёт ва саломатии истеъмолкунандагон ҷавобгӯ намебошад, иборат аст.

 

 

Чунончӣ ӯ, бо мақсади фоидаи калони пулӣ ба даст овардан, саломатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро мадди назар намуда, бо мақсади пеш аз соли нави мелодӣ ба шаҳрвандон фурӯхтани машруботҳои спиртии гуногунтамға, бо маслиҳати пешакӣ бо ҳамроҳии кормандони ҶДММ «Кишвар-2010» ва дигарон, дар аввалхои мохи декабри соли 2016 дар дохили корхонаи истеҳсоли машруботҳои спиртии ҶДММ «Кишвар- 2010», вокеъ дар кӯчаи Р.Набиев-212А шаҳри Душанбе дар шароити ғайрисанитарӣ ва бе риояи дигар талаботҳои муқарраргашта ба микдори махсусан калон машруботҳои спиртии намуди арақхо ва конякҳои гуногунтамғаю гуногунғунҷоиш дар ҳаҷми зиёда аз 15 000 ададро дар зарфхои шишагӣ (бутылка), пластмассӣ (боклашка) ва ғайра, ки ба стандартхои муқарраргашта ҷавобгӯ набударо бо максади минбаъд ба фурӯш гузоштан ва ба истеъмолкунандагон пешниҳод намудан истехсол намуда, онҳоро дар анборҳои ширкат нигоҳ медоранд. Санаи 08 декабри соли 2016 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони макомотҳои гумрук, прокуратура ва амният аз дохили анборҳои ҶДММ «Кишвар-2010», воқеъ дар кӯчаи Р.Набиев-212А шаҳри Душанбе арақҳои тамғаи «Вайбер», «Кишвар», «Хӯшаи гандум», «Тоҷикистон кишвари ман», «Мирная водка», «Зелённый газон», «Секрет фирмы», «Дедушкин запас», «Гандумӣ», «Элит», «Тоҷикистон асрина», «Чистая проба», «Столичная», «Хлебная слеза», «Ашки гандум», «Сарез» ва конякҳои тамғаи «Кремлин», «Белый аист», «Кишвар», «Чёрный элексир», «Чёрный аист», «Жемчуг», «Столичная» ба микдори зиёда аз 15 000 адад шишаҳои (бутылка) гуногунҳаҷм ва зиёда аз 5000 литр машруботҳои спиртии тайёршуда, ки дар зарфҳои махсуси калонҳаҷми дохили ширкат нигоҳ дошта мешуданд, ёфта гирифта шуд. Мувофиқи хулосаҳои Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шахри Душанбе машруботхои спиртии аз корхона ва анборхонаҳои ҶДММ «Кишвар-2010» дарёфткардашуда, ҳамчун машруботҳои спиртии ба талаботхои стандарти давлатӣ мутобиқ набуда. Дорои сифати паст мебошад, ки истеъмоли онҳо ба саломатии инсон хатарнок мебошанд.

 

 

Оиди ҳолати мазкур бо аломатҳои моддаи 209 ва 294 КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, аз рӯи тобеъияти тафтишотӣ ба Прократураи шаҳри Душанбе ирсол карда шуд.

 

 

Инчунин аз ҷониби кормандони РМГ дар шаҳри Душанбе санаи 30-юми ноябри соли 2016 ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ дар анбори махсусгардонишадудаи (холодильный склад) №6, вокеъ дар рӯ ба рӯи бозори «Деҳкон»-и кӯчаи Гипроземи шаҳри Душанбе як ҳолати воридоти ғайриқонунии маҳсулоти меваҷоти навъи «себ» ва «нок»-и истеҳсоли Ҷумҳурии Халқии Хитой миқдори 534 қуттии картонӣ себ бо вазни 5340 кг. ва 233 қуттии картонии нок бо вазни 2097 кг., ҷамъ 7437 кг. меваҷот мансуб ба шаҳрванд С.М. 17 феврали соли 1981 соли таваллуд, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Сахбо, хонаи 651, ошкор гардид ва доир ба маҳсулотҳои меваҷоти ошкоршуда, аз ҷониби Самадов М.М. ягон ҳуҷҷати дахлдор пешниход нагардид.

 

 

Оиди ҳолати мазкур бо аломатҳои моддаи 597 Кодекси хуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумхурии Тоҷикистон, яъне барои харидан, нигох доштан, ҳамлу нақл, истифодабарӣ, ихтиёрдории мол, мусоидат намудан ба фурӯши мол ё воситаи наклиёте, ки бидуни назорати гумрукӣ ё пинҳонӣ ба ҳудуди давлат зимни вайрон гардидани қоидаҳои гумрукӣ ворид шудаанд, парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз кардашуда, барои баррасӣ ба суд фиристонида шудааст.

 

 

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ШАРИКОН