ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Тақвим

Июн 2018
18
Душанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз559
mod_vvisit_counterДирӯз6607
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта559
mod_vvisit_counterДар ин моҳ100000
mod_vvisit_counterҲамарӯза3324717

RILO Москва

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Овоздиҳӣ

Чӣ тавр Шумо дар бораи мо маълумот пайдо намудед?
 

Фаъолият дар самти мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ дар соли 2016

Чоп PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Бо мақсади кам кардани таъсири хавфҳои мавҷуда, мақомоти гумрук дар доираи талаботи қонунгузории ҷорӣ таҳти назорати қатъӣ қарор додани арзиши гумрукии молу воситаҳои нақлиёт, гузаронидани муоинаи гумрукии моли воридгардида, дуруст муайян намудани рамзи мол, ба роҳ мондани корҳои профилактикӣ ва фаҳмондадиҳӣ бо соҳибкорон, пешгирии воридоти ғайриқонунии молу воситаҳои нақлиёт ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷоннок кардани назорати баъди барасмиятдарории гумрукиро пурзӯр намуда, чораҳои муассир андешида истодааст.

Маҳз натиҷаи чораҳои андешида буд, ки новобаста аз 18,2 фоиз коҳиш ёфтани воридоти молҳои андозбандишаванда, нисбатан зиёд шудани татбиқи имтиёзҳои тарифию гумрукӣ ба андозаи 2,9 фоиз ва ба андозаи 3,2 фоиз афзоиш ёфтани нақшаи пардохтҳои гумрукӣ, дар соли 2016 нисбат ба соли 2015 фарқияти пардохтҳои гумрукии ҷамъовардашуда ба қадри 207,6 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Аз ҷумла, дар натиҷаи фаъол гардонидани корҳои санҷишӣ ва назорати баъди барасмиятдарории гумрукӣ, дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби воҳидҳои сохтории назоратии Хадамоти гумрук дар маҷмӯъ 2060 ҳолати нодуруст ситонидани пардохтҳои гумрукӣ ошкор карда шуда, аз ин ҳисоб 93 047,6 ҳазор сомонӣ пардохтҳои гумрукии иловагӣ муайян карда шуд. Аз маблағи ошкоргардида, 36 945,9 ҳазор сомонӣ ба буҷет ворид карда шуда, маводҳои санҷиш бо маблағи зарари молиявӣ ба андозаи 32964,7 ҳазор сомонӣ барои чораҷӯӣ ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.

Инчунин, дар ин давра, 21 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуда, ба маблағи 527,6 ҳазор сомонӣ ҷарима ситонида шудааст.

Дар соли 2016, аз ҷониби кормандони воҳидҳои мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ, 4644 ҳолати қонуншиканиҳои гумрукӣ ошкор карда шудааст, ки 61 ададаш ҷиноят буда, аз он 30 ҳолат ба қочоқи молу воситаҳои нақлиёт, 4 ҳолат ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва 27 ҳолат ба дигар ҷиноятҳои соҳаи фаъолияти гумрук марбут мебошад. Аз ин 2 ҳолати ҷиноятҳо дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ошкор карда шудааст.

Бояд қайд намуд, ки дар чор ҳолати ошкор кардани гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ба миқдори умумии 26 кг 669 гр маводи нашъаовар мусодира карда шуд, ки аз он героин – 0,1124гр, афюн – 7 кг 492,3гр, ҳашиш – 19 кг 176,6 гр, мебошад.

Дар натиҷаи баррасии 4583 парвандаҳои ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ, 4459 нафар шахсони воқеӣ, мансабдор ва ҳуқуқӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, ба маблағи 7 млн. 410,1 ҳазор сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ ва ба маблағи 7 млн. 884,8 ҳазор сомонӣ ҷарима ба Буҷети давлатӣ ситонида шуд. Инчунин, ба маблағи 854,8 ҳазор сомонӣ молҳо мусодира карда шуда, дар натиҷаи гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва андешидани тадбирҳои иловагӣ ба маблағи 8 млн. 964,3 ҳазор сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ рӯёнида шуд.

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ШАРИКОН