ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Маълумоти криминалӣ

Қочоқи трасформатор ба маблағи 177 ҳазору 320 сомонӣ дар Суғд

17.08.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  215
Ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ дар роҳи мошингарди ҳудуди ноҳияи Ҷабор...
Пешгирии сиккаҳои Русияи подшоҳӣ - Екатерина 2 дар Хуҷанд

11.08.2017 |  12,25 |  704
Ҳангоми гузаронидани назорати гумрукии мусофирони хатсайри №645 самти «Хуҷанд-Москва»...
Пешгирии интиқоли ғайриқонунии 553 адад телефони мобилии «Samsung Galaxy»

08.08.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  467
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ - ҷустуҷӯӣ аз тарафи кормандони...

Рӯйдодҳои гумрукӣ

Кормандони Хадамоти гумрук ба курсҳои забони тоҷикӣ ҷалб гардиданд

22.08.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  93
Донишкадаи такмили ихтисос як воҳиди сохтории Хадамоти гумруки назди...
Вохӯрии навбатии кормандони Агентии коррупсия дар Хадамоти гумрук

13.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  800
Имрӯз дар толори Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии...
Глобальная Программа УНП ООН и ВТамО по контролю за контейнерными перевозками

05.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  777
В Таможенной службе Республики Таджикистан состоялась встреча с представителями Глобальная...

Нишастҳои матбуотӣ

Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

18.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  876
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки...
ЭЪЛОН

17.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  790
Санаи 18 - уми июли соли равон соати 1000 дар...
Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

17.01.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  3258
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки...

Боду ҳаво

Тақвим

Август 2017
24
Панҷшанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз3365
mod_vvisit_counterДирӯз7201
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта21954
mod_vvisit_counterДар ин моҳ100000
mod_vvisit_counterҲамарӯза1766769

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (37) 2017

 

№2 (38) 2017

 

№3 (39) 2017

 

№4 (40) 2017

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

RILO Москва

Фаъолият дар самти ҷамъоварии пардохтҳои гумрукӣ дар соли 2016

Чоп PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016», нақшаи ҷамъоварии пардохтҳои гумрукӣ ба маблағи 4231,9 млн. сомонӣ пешбинӣ гардида, дар асл, дар ин давра ба Буҷети давлатӣ 3824,8 млн. сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ ворид карда шуд, ки ин нисбат ба нақшаи пешбинишуда ба андозаи 407,1 млн. сомонӣ кам буда, ба 90,4 фоизи нақша баробар мебошад.

Иҷроиши нақшаи воридоти пардохтҳои гумрукӣ дар РМГ дар шаҳри Душанбе ба қадри 94,2 фоиз (нақша 1321,5 млн сомонӣ, иҷроиш 1244,6 млн. сомонӣ), дар РМГ дар вилояти Суғд ба қадри 91,8 фоиз (нақша 2375,1 млн. сомонӣ иҷроиш 2173,5 млн. сомонӣ), дар РМГ дар шаҳри Турсунзода ба қадри 70,8 фоиз (нақша 285,2 млн. сомонӣ, иҷроиш 201,8 млн. сомонӣ), дар РМГ дар вилояти Хатлон ба қадри 73,5 фоиз (нақша 241,4 млн. сомонӣ, иҷроиш 177,5 млн. сомонӣ) ва дар РМГ дар ВМКБ ба қадри 110,8 фоизи нақшаро (нақша 8,7 млн. сомонӣ, иҷроиш 9,7 млн. сомонӣ) ташкил медиҳад.

Бояд қайд намуд, ки дар ин давра маблағи вориднамудаи пардохтҳои гумрукӣ нисбат ба нақшаи пешбинишуда ба андозаи 407,1 млн. сомонӣ ё 9,6 фоиз камтар ва нисбат ба пардохтҳои гумрукии ҷамъовардашудаи соли 2015 ба андозаи 207,6 млн. сомонӣ ё 2,2 фоиз зиёдтар аст.

Тавре аз натиҷаи таҳлилҳо бармеояд, дар соли 2016 ба иҷро нашудани нақшаи пардохтҳои гумрукӣ, чун соли 2015 асосан коҳишёбии воридоти мол ва воситаҳои нақлиёт таъсир расонидааст.

Тибқи маълумоти омори гумрукӣ дар соли 2016 нисбат ба соли 2015 воридоту содироти молу воситаҳои нақлиёт тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 396,7 млн. доллари амрикоӣ камтар сурат гирифтааст ва ба ҳисоби миёна пардохтҳои гумрукии он ба 757,4 млн. сомонӣ баробар мебошад.

Ё ин, ки тавре аз таҳлилҳо бармеояд, дар соли 2016 нисбат ба соли 2015 ба сарҳади гумрукии ҷумҳурӣ воридоти қатораҳо ба миқдори 5583 адад ва воридоти 2 воситаҳои нақлиёти бордор ба миқдори 7281 адад, коҳиш ёфтааст. Нисбат ба соли 2014 бошад, воридоти қатораҳо ба миқдори 14025 адад ва воридоти воситаҳои нақлиёт ба миқдори 17726 адад, коҳиш ёфтааст.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аз ҳаҷми умумии моли дар соли 2016 кам воридгардида, қисми зиёди онҳо молҳое мебошанд, ки махзани асосии андозбандишавандаро ташкил менамоянд ва тағйирёбии нархи мол дар бозори ҷаҳонӣ, махсусан номуназзамии нархи маҳсулоти нафтӣ, ба иҷрои нақшаи пардохтҳои гумрукӣ бетаъсир намонд. Дар давраи ҳисоботӣ, танҳо аз ҳисоби коҳишёбии ҳаҷм ва арзиши 20 номгӯи молҳои воридотӣ, ба ҳисоби миёна 791,0 млн сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ ситонида нашуд.

Махсусан, бинобар пастравии арзиши нафт, арзиши воҳиди маҳсулоти нафтӣ низ, дар соли 2016 коҳиш ёфт. Дар маҷмуъ, дар соли 2016 нисбат ба соли 2015, арзиши гумрукии як тонна бензин ба маблағи 140 доллари амрикоӣ ё 22,4 фоиз, сӯзишвории дизелӣ 118 доллари амрикоӣ ё 19,0 фоиз ва сӯзишвории авиатсионӣ 179 доллари амрикоӣ ё 19,8 фоиз, коҳиш ёфтааст. Танҳо аз ҳисоби паст рафтани арзиши маҳсулоти нафтӣ, зиёда аз 57,3 млн. сомонӣ ворид нагардид. Дар баробари коҳиш ёфтани ҳаҷм ва арзиши моли воридотӣ, инчунин, як қатор омилҳои дигар низ дар ин давра ба иҷро нагардидани нақшаи воридоти пардохтҳои гумрукӣ таъсири манфии худро расонидаанд.

Аз ҷумла:
- коҳиш ёфтани воридоти молҳое, ки истеҳсолашон дар дохили ҷумҳурӣ ба роҳ монда шудааст (семент, қолин, масолеҳи сохтмонӣ, маҳсулоти кишоварзӣ, орд, макарон, маҳсулоти қаннодӣ, тухм, гӯшти мурғ ва ғайра);

- фаъолияти мавсимии гузаргоҳи сарҳадии Ҷумҳурии Халқии Хитой бо Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар фасли зимистон);

- тафовути калони меъёри андозбандӣ ва то ҳол шаффоф мондани сарҳад миёни ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки ба воридоти ғайриқонунии молу воситаҳои нақлиёт аз самти ҳудудҳои ҳамсарҳади ҷумҳурӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон мусоидат намуда истодааст;

- мушкилоти транзити молҳо тавассути қаламрави Ҷумҳурии Исломии Афғонистон вобаста ба вазъи ноороми сиёсии ин кишвар. Дар соли 2016 нисбат ба соли 2015 ҳаҷми гардиши тиҷорати хориҷӣ бо ҷумҳуриҳои Афғонистон ва Эрон ба маблағи 189,5 млн. доллари амрикоӣ (аз ҷумла, воридоти мол ба маблағи 75,5 млн. доллар) коҳиш ёфтааст, ки аз ин ҳисоб ба маблағи 153,1 млн. сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ ба буҷет ворид нагардид;

- гарон будани тарифҳои транзитӣ (махсусан тариқи роҳи оҳан) дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон;

- нисбат ба соли 2015, ба маблағи 131, млн. доллари амрикоӣ зиёд гардидани арзиши моли воридотии дар асоси қонунгузории ҷорӣ аз пардохтҳои гумрукӣ пурра озод кардашуда (ба ҳисоби миёна пардохтҳои гумрукии онҳо 269,1 млн. сомонӣ) ва ғ.

Тазаккур бояд дод, ки нақшаи пешбинишуда бо дарназардошти қурби миёнаи солонаи доллари амрикоӣ мубодили 6,96 сомонӣ барои соли 2016 муқаррар гардида буд. Вале ин нишондиҳанда дар давоми соли 2016 ба ҳисоби миёна 1 доллари амрикоӣ баробар ба 7,8 сомониро ташкил намуд. Гарчанде, аз ҳисоби беқурбшавии асъори миллӣ ба ҳисоби миёна зиёда аз 251,1 млн. сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ ба буҷет ворид гардида бошад ҳам, лекин аз ҳисоби коҳиш ёфтани воридоти мол, зиёд татбиқ гардидани имтиёзҳои тарифӣ, инчунин омилҳои дигари дар боло қайдгардида, ба ҳисоби миёна дар давраи ҳисоботӣ зиёда аз 745 3 млн. сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ ҷамъоварӣ нагардид, ки ин ба 17,6 фоизи нақша баробар мебошад.

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ШАРИКОН