ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Тақвим

Июл 2018
17
Сешанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз2880
mod_vvisit_counterДирӯз5907
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта8788
mod_vvisit_counterДар ин моҳ68979
mod_vvisit_counterҲамарӯза3355810

RILO Москва

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Овоздиҳӣ

Чӣ тавр Шумо дар бораи мо маълумот пайдо намудед?
 

Иди касбӣ муборак!

Чоп PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Ҳамасола рӯзи 22-юми январ иди касбии кормандони гумруки тоҷик ҷашн гирифта мешавад. Мақомоти гумруки Тоҷикистон ҳамсолу ҳамқадами Истиқлолияти давлатӣ буда, ба таъсисёбии ин сохтори қудратии кишвар 25 сол пур мешавад.

Имрӯз дар дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон биступанҷумин солгарди мақомоти гумрук ботантана таҷлил гардид.

 

 

 

Бахшида ба иди касбии гумрукчиён ва тибқи муқаррароти моддаи 486-и Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунии як қатор ҷавонафсарон баргузор гардид.

 

 

Баъд аз баргузории маросими савгандёдкунӣ, Сардори Хадамоти гумрук, генерал-лейтенанти адлия, Абдуфатоҳи Ғоиб дар бораи ташаккул ва рушди мақомоти гумрук дар даврони Истиқлолияти давлатӣ суханронӣ намуд.

 

 

Cипас Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти адлия Абдуфатоҳи Ғоиб барои иҷрои софдилонаи уҳдадориҳои хизматӣ, интизоми намунавӣ, ноил гаштан ба натиҷаҳои назаррас ба фаъолияти хизматӣ ва ба муносибати биступанҷумин солгарди мақомоти гумрук як қатор кормандонро бо мукофотҳо, ифтихорнома, медали ҷашнии “25 солагии мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва бо нишони сарисинагии “Аълочии мақомоти гумрук” сарфароз гардонид.

 

 

Дар ҷамъомад намояндаи Хадамоти федералии Россия дар Тоҷикистон Никулин Николай Николаевич иштирок ва суханронӣ намуда, табрикоти роҳбарияти мақомоти гумруки Россияро ба гумрукчиёни тоҷик қироат намуд.

 

 

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ШАРИКОН