ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Маълумоти криминалӣ

Оғози парвандаи ҷиноятӣ барои воридоти маводи тарфгарӣ дар Суғд

11.12.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  2
Санаи 8-уми декабри соли ҷорӣ дар минтақаи наздисарҳадии...
Боздошти телефонҳои мобилии беҳуҷҷат дар маркази савдои «Тоҷикистон»

05.12.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  328
Аз тарафи кормандони Шуъбаи ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии...
Пешгирии воридоти ғайриқонунии ангишт аз Қирғизистон

20.11.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  318
Аз тарафи кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд, ҳангоми...

Рӯйдодҳои гумрукӣ

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ

24.11.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  260
Имрӯз дар толори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида...
Вохӯрии Сардори Хадамоти гумрук бо Сафири Ҷумҳурии Беларус

23.11.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  294
Санаи 22-юми ноябри соли ҷорӣ Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати...
Конститутсия бахтномаи миллат

03.11.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  605
3-юми ноябри соли равон дар толори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати...

Нишастҳои матбуотӣ

Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

18.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  2540
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки...
ЭЪЛОН

17.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  2341
Санаи 18 - уми июли соли равон соати 1000 дар...
Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

17.01.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  5072
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки...

Боду ҳаво

Тақвим

Декабр 2017
13
Чоршанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз4561
mod_vvisit_counterДирӯз4920
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта9481
mod_vvisit_counterДар ин моҳ55582
mod_vvisit_counterҲамарӯза2464328

RILO Москва

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

 

 

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (37) 2017

 

№2 (38) 2017

 

№3 (39) 2017

 

№4 (40) 2017

Вохӯрии Абдуфатоҳи Ғоиб бо Ҳю Стенли Филпотт

Чоп PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Имрӯз, 9 - уми феврали соли 2017 дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфатоҳи Ғоиб бо сафири Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Тоҷикистон ҷаноби Ҳю Стенли Филпотт баргузор гардид.

Дар ибтидо Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфатоҳи Ғоиб меҳмонони олиқадрро барои ташрифашон ба Хадамоти гумрук хайра мақдам гуфта, иброз дошт, ки : - «Муносибатҳои дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ, аз ҷумла талаботи Созмони умумиҷаҳонии гумрук ва Созмони умумиҷаҳонии савдо ба роҳ монда шудааст.

 

 

Заминаҳои мазкур шароит фароҳам овард, ки гардиши тиҷорати хориҷӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар сатҳи дахлдор ташаккул ёбад.

Аз ҷумла, соли 2015 гардиши тиҷорат байни кишварҳо 6,4 млн. доллари ИМА ва соли 2016 ин нишондод ба 3,7 млн. доллари ИМА баробар шуд.

Қайд кардан зарур аст, ки айни замон, лоиҳаи «Меморандум оид ба ҳамкорӣ ва кӯмаки мутақобила дар соҳаи гумрук» миёни Ҳукумати Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, дар мувофиқаи тарафайн қарор дорад.

Боиси қаноатмандист, ки мақомоти гумруки Британияи Кабир дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба азм дорад таҷҳизоти техникии назорати гумрукиро тақдим намояд, ки он барои пешбурди ва густариши фаъолияти мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам меоварад.

Зимнан, мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикиситон ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои гумрукӣ аз тамоми захираву имконоти мавҷуда истифода намуда, заминаи густариши муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир фароҳам меоварад.

Аз ин лиҳоз, аз фурсат истифода бурда, мехоҳам миннатдории худро ба Шумо ва дар симои Шумо, ба Ҳукумати Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир барои ҳамкории самарабахш изҳор намоям».

Сафири Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Тоҷикистон ҷаноби Ҳю Стенли Филпотт дар навбати худ аз сатҳ ва раванди ҳамкориҳои Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз он ҷумла Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, барои пазироии хуб миннатдорӣ баён дошт.

Дар рафти мубодилаи афкор Абдуфатоҳи Ғоиб ва сафири Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Тоҷикистон ҷаноби Ҳю Стенли Филпотт паҳлуҳои нави ҳамкориҳои афзалиятноки дуҷонибаро баррасӣ намуданд.

 

 

Дар вохӯрӣ инчунин, муовини сафири Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Тоҷикистон Ҷонатан Лейфилд, намояндаи Вазорати Қӯшунҳои сарҳадии Британияи Кабир Кристофер Перкин, сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷурабекзода Эраҷ, сардори Раёсати ташкили назорати гумрукӣ Абдуқодирзода Ҷамшед ва сардори Раёсати батанзимдарории тарифию гумрукӣ ва назорати арзӣ Зайдуллоев Иззатулло иштирок намуданд.

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ШАРИКОН