ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Маълумоти криминалӣ

Қочоқи трасформатор ба маблағи 177 ҳазору 320 сомонӣ дар Суғд

17.08.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  77
Ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ дар роҳи мошингарди ҳудуди ноҳияи Ҷабор...
Пешгирии сиккаҳои Русияи подшоҳӣ - Екатерина 2 дар Хуҷанд

11.08.2017 |  12,25 |  563
Ҳангоми гузаронидани назорати гумрукии мусофирони хатсайри №645 самти «Хуҷанд-Москва»...
Пешгирии интиқоли ғайриқонунии 553 адад телефони мобилии «Samsung Galaxy»

08.08.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  345
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ - ҷустуҷӯӣ аз тарафи кормандони...

Рӯйдодҳои гумрукӣ

Вохӯрии навбатии кормандони Агентии коррупсия дар Хадамоти гумрук

13.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  711
Имрӯз дар толори Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии...
Глобальная Программа УНП ООН и ВТамО по контролю за контейнерными перевозками

05.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  691
В Таможенной службе Республики Таджикистан состоялась встреча с представителями Глобальная...

Нишастҳои матбуотӣ

Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

18.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  797
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки...
ЭЪЛОН

17.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  689
Санаи 18 - уми июли соли равон соати 1000 дар...
Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

17.01.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  3157
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки...

Боду ҳаво

Тақвим

Август 2017
18
Ҷумъа
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз5076
mod_vvisit_counterДирӯз6218
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта34139
mod_vvisit_counterДар ин моҳ100000
mod_vvisit_counterҲамарӯза1728839

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (37) 2017

 

№2 (38) 2017

 

№3 (39) 2017

 

№4 (40) 2017

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

RILO Москва

Муҳокимаи роҳҳои таҳкими ҳамкорӣ дар мубориза бо таҳдидҳои амниятии муосир

Чоп PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Дар соли равон ҳайати намояндагони Кумитаи зиддитеррористии Шӯрои амнияти Созмони Миллали Муттаҳид ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, аз ҷумла Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, таҳти сарварии Муовини Директори иҷроияи Дафтари Кумитаи мубориза бо терроризм (CTED) Аҳмад Сайф Эл-Давла бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.

Муовини Директори иҷроияи Дафтари Кумитаи мубориза бо терроризм (CTED) Аҳмад Сайф Эл-Давларо дар ин сафари корӣ Дэвид Маккивер, Ребекка Братскар, Ху Ю, Геннадий Лутай, Карнелиа Лудорф, Алнур Тулембаев, Антон Арефиев, Вячеслав Мусихин ва Фейзо Нуманай ҳамроҳӣ намуданд.

 

 

Ҳайати мазкур дар ҳошияи сафари худ аз 20-ум то 24-уми феврали соли равон бо мақомоти дахлдори кишвар мулоқотҳо анҷом дода, роҳҳои таҳкими ҳамкорӣ дар мубориза бо таҳдидҳои амниятии муосирро мавриди муҳокима қарор доданд.

Аз ҷумла, ҳайати намояндагони Кумитаи зиддитеррористии Шӯрои амнияти Созмони Миллали Муттаҳид дар доираи ин сафар, бо кормандони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуданд. Зимни вохӯрӣ мавзӯъҳои мубориза бар зидди терроризм, амният ва мақомоти ҳифзиҳуқуқ, ҳамкорӣ бо шарикони хориҷӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқ ва истифодаи шарҳҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, идораи самарабахши сарҳадот ва назорати ҷойивазкунии фаромарзии борҳо мавриди муҳокимаи тарафҳо қарор дода шуд.

 

 

Дар ибтидо сардори Раёсати муносибатҳои байналмилалии гумрукӣ, полковники хадамоти гумрук Ҷӯрабекзода Эраҷ меҳмононро бо вазъи кунунии фаъолияти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос намуд.

Сипас, сардори Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ, полковники Хадамоти гумрук И.Шафизода баромад намуда, аз дастовардҳои соҳа ба ҳозирин маълумоти мушаххас пешниҳод намуд. Аз ҷумла, қайд гардид, ки Хадамоти гумрук ҷиҳати иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ, бо мақомоти гумрук ва мақомоти дигари босалоҳияти давлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалие, ки бо масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ машғуланд, ҳамкорӣ мекунад.

Инчунин, фаъолияти худро мустақиман ва дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба анҷом мерасонад. Чунончӣ, дар давоми солҳои 2012-2016 83 ҳолати ошкор намудани қочоқ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ба миқдори умумӣ 579 кг 410 гр , ки аз ин героин – 96 кг 202 гр, ҳашиш – 349 кг 803гр, афюн – 70 кг 206гр, бангдона – 303 гр ва метамфетамин – 62 кг 895 гр ба қайд гирифта шудааст.

 

 

Ҳамзамон дар ин давра прекурсорҳо ба миқдори умумӣ 33 тонна 371 кг мусодира карда шудааст. Оид ба таъмини бехатарии идеологии кишвар, иҷрои талаботи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-юми январи соли 2007 «Дар бораи пешгирӣ намудани тарғиби оину мазҳабҳои бегона ва воридоти адабиётҳои характери экстремистӣ дошта» кормандони мақомоти гумрук пеши роҳи як қатор қонуншиканиҳоро гирифтанд.

Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои зарурӣ, ба монанди пешбурди корҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, пурзӯр намудани назорати гумрукӣ ва ҳамкорӣ бо дигар сохторҳои ҳифзиҳуқуқӣ дар давоми солҳои 2012-2016 дар 4 ҳолат 11 адад китобҳои динии шубҳанок, аз он ҷумла китоби “Тим-Тим”-и ҳиндии илми тилисму сеҳру ҷоду, китоби динии “Ганҷинаи амалиёт”, “Ҷавоҳири тавизот”, “Хазинаи тавизот”, “Канзул Ҳусайн”, китоби “Нақши Сулаймон”, китоби “Куллиёти канзулҳусайн”, ки ҳуқуқвайронкунандагон мехостанд онҳоро ғайриқонунӣ ба ҷумҳурӣ ворид намоянд, гирифта шудааст.

Кормандони Хадамоти гумрук дар якҷоягӣ бо мақомоти гумруки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил амалиётҳои гумрукии зерин, аз қабили «Лед 2», «Транзит» , «Часовой-2016», “RILO-Москва”, «Грифон II», «Вестерлайз 4» , «Ирэн» ва «Химера» гузаронида шуд.

 

 

Ҳамаи ин амалиётҳо барои ошкор ва пешгирӣ намудани қочоқи маводи мухаддир, моддаҳои психотропӣ, прекурсорҳо, маҳсулоти тамоку, маводи тарфгарӣ, яроқу аслиҳа, сарватҳои бадеӣ ва таърихию фарҳангӣ, маводи дорувории пастсифат, асъор ва ҳуқуқвайронкуниҳо дар самти Интернет-савдо гузаронида шуда, феълан идома доранд.

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8-уми декабри соли 2003-юм таҳти № 69 «Дар бораи мубориза бар зидди эктсремизм» Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, субъекти мубориза бар зидди экстремизм буда, дар пешгирии экстремизм бо роҳи ба сарҳадӣ давлатӣ роҳ надодани воридоти воситаҳое (маводҳои манъшудаи ташкилотҳои экстремистӣ, маводҳои аудиовизуалӣ, видеовизуалӣ ва ғайра), ки боиси содиршавии ҷинояти зикршуда мегарданд, нақши муҳимро иҷро мекунад.

 

 

Аз ин сабаб, кормандони Хадамоти гумрук дар якҷоягӣ бо мақомоти қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фаъолияти худро дар дидбонгоҳҳои наздисарҳадӣ мебаранд, ҳамкории зич мебаранд.

Намояндагони Кумитаи зиддитеррористии Шӯрои амнияти Созмони Миллали Муттаҳид дар навбати худ масоили раванди татбиқи уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қатъномаи 1373 (соли 2001), қатъномаҳои Шӯрои амнияти Созмони Миллали Муттаҳид 1624 (соли 2005), 1963 (2010) ва 2178 (2014) дарҷ гардидаанд, муайян кардани эҳтиёҷоти кишвар ба кӯмаки техникӣ ҷиҳати татбиқи қатъномаҳои зикшуда ва таҳияи тавсияву пешниҳодот ба Ҳукумати кишвар ҷиҳати қатъномаҳоро мавриди муҳокима қарор доданд.

 

 

Дар ҳошияи сафари худ меҳмонон бо фаъолияти Гумруки “Майдони ҳавоӣ”-и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе ва Гумруки “Панҷи Поён”-и Раёсати минтақавӣ дар вилояти Хатлон аз наздик ошно гардиданд.

Дар вохӯрӣ мазкур, инчунин сардори Раёсати таъмини ҳуқуқ Ҳакимова М., сардори Маъмурияти СИАЯ Султонов Қ., ҷонишини сардори Раёсати ташкили назорати гумрукӣ Каримов А. ва нозири калони Раёсати назорати баъдибарасмиятдарории гумрукӣ Раҳимов К. иштирок намуданд.

 

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ШАРИКОН