CUSTOMS SERVICE UNDER THE GOVERNMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN

TajikRussianEnglish
Ulti Clocks content

Criminal Summaries

Оғози парвандаи ҷиноятӣ барои қочоқи донаи зағир дар Исфара

15.06.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  347
Аз ҷониби кормандони шуъбаи ташкили мубориза барзидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Раёсати...
Дидбонгоҳи гумрукии «Регар» 20 номгӯйи моли қочоқро дастгир кард

14.06.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  360
Кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти гумруки...
Кочоқи 400 қуттичаи «Полёт» - ро дар Мурғоб мусодира карданд

13.06.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  312
Аз ҷониби кормандони Раёсати минтақвии гумрукӣ дар Вилояти Мухтори...

Events in customs

Ваҳдати миллӣ - сарчашмаи бахту саодати тоҷикон

23.06.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  111
Имрӯз, дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба...
Об асоси зиндагист

17.03.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  1623
13 – уми марти соли равон дар Хадамоти гумруки назди...
Рӯзи байналмилалии занон муборак!

07.03.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  1731
Имрӯз, 7 - уми марти соли равон бахшида ба Рӯзи...

Press conference

Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

17.01.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  2218
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки...
Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

19.07.2016 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  3915
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо...
Нишасти матбуотӣ дар Хадамот

25.01.2016 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  6155
Дар нишаст қайд карда шуд, ки Хадамоти гумруки назди Ҳукумати...

Official publication of Customs service

№1 (37) 2017

 

№2 (38) 2017

 

№3 (39) 2017

 

№4 (40) 2017

Customs Code

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

RILO Moscow

Сlimate

Calendar

June 2017
27
Tuesday
BuaXua Calendar

Visitors

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterToday5765
mod_vvisit_counterYesterday7292
mod_vvisit_counterThis week5765
mod_vvisit_counterThis month100000
mod_vvisit_counterAll days1374577

Об асоси зиндагист

Print PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

13 – уми марти соли равон дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Роҳбарият ва ҳайати шахсии Дастгоҳи марказии мақомоти гумрук бо мудири шуъбаи ҷуғрофии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҷуғрофӣ, профессор Холназар Муҳаббатов дар мавзӯи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018 - 2028 баргузор гардид.

Нахуст муовини якуми Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон Каримзода Хуршед Абдураҳмон ба сухан баромада зикр намуд, ки ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об то имрӯз ҳамеша мавриди дастгирии ҷомеаи байналмилалӣ қарор гирифтаанд. Ин амр дар болоравӣ ва вусъати обрӯву эътибори кишвари мо дар сатҳи ҷаҳонӣ нақши муҳим бозидааст.

Ин аст, ки имрӯз кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ ба сифати ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ вобаста ба истифодаи самараноки захираҳои обӣ эътироф гардида, муҳокима ва баррасии тамоми масъалаҳои марбут ба мудирияти захираҳои об, тарҳрезии талошҳои байналмилалӣ барои ҳалли мушкилоти вобаста ба таъмини дастрасии тамоми мардуми сайёра ба оби тозаи ошомиданӣ ва роҳандозии ҳамкорӣ дар ҳама сатҳҳо бо ҷалбу иштироки фаъоли кишвари мо сурат мегирад, ки барои болоравии мақоми Тоҷикистон саҳми беандоза калон дорад.

Бояд тазаккур дод, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тӯли даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббусҳои байналмилалиро оид ба ҳалли масоили об пешниҳод намуданд ва аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамоҷониба дастгирӣ ёфтаанд.

Профессор Холназар Муҳаббатов дар баромади худ қайд намуд, ки Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018 - 2028 аз муҳимтарин иқдомоти ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор мераванд.

 

 

21 - уми декабри соли 2016 Созмони Милали Муттаҳид катъномаро зери унвони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018 - 2028, бо ҷонибдории 177 кишвари узви Созмони Милали Муттаҳид қабул намуд. Ташаббус оид ба эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бори аввал аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни Форуми 7 - уми ҷаҳонии об дар Ҷумҳурии Корея ироа шуда буд.

 

 

Мутобиқи қатъномаи қабулшуда, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» аз 22 - юми марти соли 2018 (Рӯзи байналмилалии захираҳои об) шурӯъ шуда, 22 - юми марти 2028 ба анҷом мерасад.

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018 - 2028 - ташаббуси беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Partnerships