ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Маълумоти криминалӣ

Қочоқи шакар бо Мерседес Бенс дар Бобоҷон Ғафуров

20.10.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  84
Санаи 20 - уми октябри соли 2017, ҳангоми гузаронидани амалиёти...
Қочоқи асъори хориҷӣ

19.10.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  121
Санаи 16-уми октябри соли 2017 ҳангоми аз назорати гумрукӣ гузаронидани...
Оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба ширкати ҶДММ «Файзимоҳ» барои қочоқи мол

16.10.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  465
Кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти...

Рӯйдодҳои гумрукӣ

Ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятиву машваратӣ дар Хадамоти гумрук бо пешниҳодҳои муфиди соҳибкорон анҷом ёфт

10.10.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  395
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои ҷамъиятиву...
Ҷамъомад ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ

05.10.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  441
Имрӯз дар Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Нишастҳои матбуотӣ

Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

18.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  1901
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки...
ЭЪЛОН

17.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  1777
Санаи 18 - уми июли соли равон соати 1000 дар...
Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

17.01.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  4385
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки...

Боду ҳаво

Тақвим

Октябр 2017
22
Якшанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз5070
mod_vvisit_counterДирӯз8115
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта64015
mod_vvisit_counterДар ин моҳ100000
mod_vvisit_counterҲамарӯза2182454

 

 

 

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (37) 2017

 

№2 (38) 2017

 

№3 (39) 2017

 

№4 (40) 2017

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

RILO Москва

Чоп PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Таманниёти Сардори Хадамоти гумруки назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал - лейтенанти адлия Абдуфатоҳи Ғоиб
ба муносибати фарорасии ҷашни байналмилалии Наврӯз

 

Басо рамзист, ки ҳамасола бо омад - омади баҳори нозанин, мо иди фархундаву бостонии миллиамон - Наврӯзи Аҷамро бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил менамоем.

Ҷашни ҷаҳонии Наврӯзи оламафрӯзро бо накӯтарин таманниёти самимӣ ба Шумо, ҳамкасбони гиромӣ таҳният гуфта, орзӯи онро дорам, ки файзу нусрат ва шукӯҳи ин ҷашнҳои фархунда бароятон иқболу саодат, сулҳу амонӣ, саодати рӯзгор, хушбахтию хушрӯзӣ ва комёбиҳои беназир оварад.

Наврӯз рамзи рӯзи нав, ибтидои Соли нав ва иқдому амалҳои нави ободонию тозакориҳо буда, нишонаи пешрафти тафаккури созандаву бунёдкоронаи мардуми ориёинажод мебошад.

Тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд: «Ҷаҳонишавии Наврӯз, мо, ворисони ин ҷашни зебову ҳумоюни аҷдодиро водор месозад, ки дар баробари ифтихор кардан, инчунин барои минбаъд дар сатҳи баланд таҷлил ва эҳё намудани суннатҳои ахлоқиву маънавӣ ва фарҳангиву миллии он иқдомҳои бештар намоем ва ба аҳли олам ҷиҳати муаррифӣ намудани фазилатҳои волои инсондӯстонаи он пайваста азму талош кунем”.

Наврӯз куҳантарин суннатҳои аҷдодии мардуми моро аз нав эҳё намуда, ҳуввият ва ифтихори миллӣ, рӯҳи инсондӯстию ватанпарварии мардуми шарифи диёрамонро бори дигар ба таҳрик оварда, меҳру садоқат ба Модар - Ватанро дар дили ҳар фард бедор мекунад.

 

Рӯзи Наврӯзи байналмилалӣ муборак ҳамватанони азиз!

ШАРИКОН