ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Маълумоти криминалӣ

Қочоқи шакар бо Мерседес Бенс дар Бобоҷон Ғафуров

20.10.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  3
Санаи 20 - уми октябри соли 2017, ҳангоми гузаронидани амалиёти...
Қочоқи асъори хориҷӣ

19.10.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  67
Санаи 16-уми октябри соли 2017 ҳангоми аз назорати гумрукӣ гузаронидани...
Оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба ширкати ҶДММ «Файзимоҳ» барои қочоқи мол

16.10.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  367
Кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти...

Рӯйдодҳои гумрукӣ

Ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятиву машваратӣ дар Хадамоти гумрук бо пешниҳодҳои муфиди соҳибкорон анҷом ёфт

10.10.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  326
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои ҷамъиятиву...
Ҷамъомад ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ

05.10.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  392
Имрӯз дар Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Нишастҳои матбуотӣ

Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

18.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  1853
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки...
ЭЪЛОН

17.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  1742
Санаи 18 - уми июли соли равон соати 1000 дар...
Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

17.01.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  4337
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки...

Боду ҳаво

Тақвим

Октябр 2017
20
Ҷумъа
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз3807
mod_vvisit_counterДирӯз8414
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта37272
mod_vvisit_counterДар ин моҳ100000
mod_vvisit_counterҲамарӯза2164497

 

 

 

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (37) 2017

 

№2 (38) 2017

 

№3 (39) 2017

 

№4 (40) 2017

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

RILO Москва

Интиқоли ғайриқонунии маҳсулотҳои нафтӣ аз қабили сӯзишвории «бензин»

Чоп PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Санаи 8 - уми марти соли 2017 ҳангоми гузаронидани як қатор чорабиниҳои оперативӣ - ҷустуҷӯӣ дар шоҳроҳи самти Душанбе - Хуҷанд, воқеъ дар мавзеи Чорбоғи ноҳияи Варзоб аз ҷониби кормандони шуъбаи мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе воситаи нақлиёти тамғаи «Фотон», рақами қайди давлатиаш ТJ 91 - 29 АD 02 таҳти идораи шаҳрванд Ҷ. Э. боздошт карда шуд. Ҳангоми азназаргузаронӣ муайян гардид, ки дар дохили зарфи оҳанини махсусгардонидашудаи воситаи нақлиёти мазкур (автоцистерна) маҳсулоти нафтӣ мавҷуд мебошад, ки бо ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда мувофиқат наменамояд.

Шаҳрванд А. А., соли таваллудаш 1988, истиқоматкунандаи вилояти Суғд, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, кӯчаи Эҳсонбобо ва шаҳрванд Ҷ. Э., соли таваллудаш 1989, истиқоматкунандаи вилояти Суғд, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, кӯчаи Р. Озод – 21 ва дигарон барои интиқоли ғайриқонунии сӯзишвории «бензин» аз Ҷумҳурии Қирғизистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минбаъд интиқол додан то ба шаҳри Душанбе маслиҳати пешакӣ намуда, ба воситаи деҳаи Қӯрғончаи ноҳияи Ғончии вилояти Суғд ба ҳудуди Ҷумҳурии Қирғизистон рафта, аз онҷо маводи сӯзишвории навъи «бензин» - ро бо вазни умумии 41 тоннаву 540 литр аз «Чингиз» ном шахси номаълум ба маблағи умумии 124 ҳазору 620 сомонӣ харидорӣ менамоянд ва тавассути воситаи нақлиётӣ дар боло зикршуда, ғайриқонунӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол медиҳанд.

 

 

Баъдан, тибқи маслиҳати пешакӣ шаҳрванд Ҷ. Э. ҳуҷҷатҳои қалбакии тайёркардашударо, (аз қабили борхат, санад ва декларатсияи бори гумрукии қаблан барои маводи сӯзишвории навъи «бензин» воридшуда) гирифта 41 тоннаю 540 литр сӯзишвории навъи «бензин» - ро ҳамчун маҳсулоти ҶДММ «Газпром - Нефт Тоҷикистон» тавассути автомашинаи зикршуда ғайриқонунӣ ба шаҳри Душанбе интиқол медиҳад.

Тибқи мактуби ҶДММ «Газпром - Нефт Тоҷикистон» ҳуҷҷатҳои зикршуда қалбакӣ буда, аз ҷониби мутахассиси бақайдгирии ширкати мазкур шаҳрванд Н. М. ғайриқонунӣ тайёр карда шудааст.

Мувофиқи хулосаи ташхиси озмоишгоҳи ташхиси маҳсулоти нафтии Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (Тоҷикстандарт) дар дохили зарфи оҳанини махсусгардонидашудаи воситаи нақлиёти тамғаи «Фотон» рақами давлатиаш ТJ 91 - 29 АD 02 маводи сӯзишвории навъи «бензин АИ - 80» мавҷуд мебошад.

Арзиши 41 тоннаву 540 литр маводи сӯзишвории навъи «бензин АИ - 80» мувофиқи мактуби шуъбаи пардохтҳо ва назорати арзии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе 129 ҳазору 177 сомониро ташкил медиҳад.

 

 

Аз рӯи ҳолати мазкур нисбат ба шаҳрвандон А. А., Ҷ. Э. ва дигарон бо аломатҳои моддаи 289, қисми 2 - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, аз рӯи тобеияти тафтишотӣ ба Прокуратураи шаҳри Душанбе ирсол карда шуд.

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ШАРИКОН