ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish
АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
Дар ҳақиқат, гумрук дар ҳаёти ҳар як давлати соҳибистиқлол аҳамияти фавқулодда дорад ва гузашта аз ин дарвозаи ҳар давлат аст. Зеро аз кори мақомоти гумрук на танҳо таъмини молиявии соҳаҳои гуногуни фаъолияти давлат, балки бехатарии иқтисодӣ, фарҳангӣ, идеалогӣ ва экологии он вобастагии бевосита дорад.

 

СУХАНРОНӢ ДАР МУЛОҚОТ БО СОҲИБКОРОН ВА САРМОЯГУЗОРОНИ ВАТАНИВУ ХОРИҶӢ

Муҳтарам соҳибкорон ва сармоягузорон!
Ҳозирини арҷманд!

Мулоқоти имрӯзаи мо ба муносибати Рӯзи соҳибкорон, ки се сол қабл ҳамчун рамзи дастгирии фаъолияти касбии шумо дар роҳи ободии Ватан эълон гардида буд, сурат мегирад.

Ба ин муносибат кулли соҳибкорони ватандӯсти кишвар ва ҳамаи шумо, ҳозирини муҳтарамро табрик мегӯям ва дар фаъолияти минбаъдаатон барору комёбиҳои нав орзу менамоям...

 

 

 

 

 

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (37) 2017

 

№2 (38) 2017

 

№3 (39) 2017

 

№4 (40) 2017

Маълумоти криминалӣ

Дарёфт ва мусодираи маводи тарфгарӣ дар дохили воситаи нақлиёти истифодаи умум

18.12.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  19
Аз ҷониби кормандони Шуъбаи ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии...
Пешгирии воридоти 13 ҳазору 285 адад маводи тарфгарӣ дар вилояти Суғд

16.12.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  118
Аз тарафи кормандони Шуъбаи ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии...
Боздошти сӯзишвории дизелӣ ва тахтаи бе ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда

15.12.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  44
Аз тарафи кормандони Шуъбаи ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии...

Рӯйдодҳои гумрукӣ

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ

24.11.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  297
Имрӯз дар толори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида...
Вохӯрии Сардори Хадамоти гумрук бо Сафири Ҷумҳурии Беларус

23.11.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  341
Санаи 22-юми ноябри соли ҷорӣ Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати...
Конститутсия бахтномаи миллат

03.11.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  711
3-юми ноябри соли равон дар толори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати...

Нишастҳои матбуотӣ

Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

18.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  2598
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки...
ЭЪЛОН

17.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  2389
Санаи 18 - уми июли соли равон соати 1000 дар...
Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

17.01.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  5123
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки...

Боду ҳаво

Тақвим

Декабр 2017
18
Душанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз2452
mod_vvisit_counterДирӯз1983
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта2452
mod_vvisit_counterДар ин моҳ73720
mod_vvisit_counterҲамарӯза2482466

RILO Москва

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН


 

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВА БА ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ БУҶЕТИ
ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2017»


ш.Душанбе
29 марти соли 2017
№ 1408


 

 

Моддаи 1. Ба моддаи 15 Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон аз 21 ноябри соли 2016 «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2016, №11, мод. 940) қисми 10 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«10. Дар соли 2017 барои воридоти автомашинаҳои нави (аз санаи барориш 1 (як) сол нагузашта, масофаи тайнамудаашон то 10 (даҳ) ҳазор километр бошад) мавқеи молии 8702, 8703, 8704 ва 8705 пардохтҳои гумрукӣ ба андозаи 50 фоиз аз меъёрҳои амалкунанда муқаррар карда шавад.».

Моддаи 2. Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2017 мавриди амал қарор дода шавад.

 

 

 

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

 

 


 

 

Бо мақсади иҷрои нишондодҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 -юми декабри соли 2016, санаи 29-уми марти соли 2017, таҳти № 1408 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017» ба тасвиб расид.

Моддаи 1-и Қонуни мазкур муқаррар намудааст, ки дар соли 2017 барои воридоти автомашинаҳои нави мавқеи молии 8702, 8703, 8704 ва 8705 пардохтҳои гумрукӣ ба андозаи 50 фоиз аз меъёрҳои амалкунанда муқаррар карда мешавад.

Меъёри мазкур дар он ҳолат татбиқ карда мешавад, ки агар аз санаи барориши автомашина як сол нагузашта бошад ва масофаи тайнамудаи он то даҳ ҳазор километр бошад.

Ҳамзамон, моддаи 2-и Қонуни мазкур мавриди амал қарор дода шудани ин Қонунро аз 1-уми январи соли 2017 муқаррар намудааст.

Бояд зикр намуд, ки ҳангоми амалӣ намудани меъёрҳои Қонуни мазкур, аз ҷониби мақомоти гумрук муқаррароти банди 6) қисми 1 моддаи 10-и Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ба инобат гирифта шавад.

Яъне, мутобиқи муқаррароти Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон воридоти мол ва (ё) воситаҳои нақлиёт ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон - интиқоли воқеии мол ва (ё) воситаҳои нақлиёт ба қаламрави гумрукӣ ва ҳамаи дигар амалҳо бо ин мол ё воситаҳои нақлиёт то замони иҷозати онҳо аз ҷониби мақомоти гумрук, ба ҳисоб меравад.

Аз ин бармеояд, ки калимаҳои «аз санаи барориш 1 сол нагузашта» соли ҷориро дар назар дошта, аз санаи барориши воситаи нақлиёт то санаи интиқоли воқеии он аз сарҳади гумрукии ҷумҳурӣ ҳисобида мешавад.

Барои мисол, агар воситаи нақлиёт моҳи июни соли 2016 бароварда шуда, то моҳи июни соли 2017 ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шуда бошад, дар ин ҳолат меъёрҳои Қонуни мазкур татбиқ карда мешаванд.

Ҳамзамон, нисбати воситаҳои нақлиёте, ки соли бароришашон моҳи январи соли 2016 мебошад, меъёрҳои мазкур, бинобар аз 1-уми январи соли 2017 мавриди амал қарор дода шудани Қонун, дар он ҳолат татбиқ карда мешаванд, ки агар воситаҳои нақлиёт моҳи январи соли 2017 тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол дода шуда бошанд.

Нисбати воситаҳои нақлиёте, ки то 1-уми январи соли 2017 ба ҷумҳурӣ ворид карда шудаанд, меъёрҳои Қонуни мазкур татбиқ карда намешаванд.

 


 

 

3АКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН


 

О ВНЕСЕНИИ ДОПОЛНЕНИЯ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ
ТАДЖИКИСТАН «О ГОСУДАРСТВЕННОМ БЮДЖЕТЕ
РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН НА 2017 ГОД»


г.Душвнбе
29 марта 2017 года
№ 1408


 

Статья 1. Статью 15 Закона Республики Таджикистан от 21 ноября 2016 года «О Государственном бюджете Республики Таджикистан на 2017 год» (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикисган, 2016 г., №11, ст . 940) дополнить частью 10 следующего содержания:

«10. В 2017 году таможенные платежи на ввоз новых (дата выпуска которых не превышает 1 (один) год, с пробегом 10 (десять) тысяч километров) автомобилей товарной позиции 8702, 8703, 8704 и 8705 установить в размере 50 процентов от действующих ставок.».

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие с 1 января 2017 года.

 

 

 

Президент
Республики Таджикистан
Эмомали Рахмон

ШАРИКОН