CUSTOMS SERVICE UNDER THE GOVERNMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN

TajikRussianEnglish

COMMENTS AND ADDITIONS IN THE LAW OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN

Calendar

June 2018
21
Thursday
BuaXua Calendar

Visitors

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterToday7830
mod_vvisit_counterYesterday7282
mod_vvisit_counterThis week20739
mod_vvisit_counterThis month100000
mod_vvisit_counterAll days3344897

RILO Moscow

Customs Code

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Official publication of Customs service

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Vote

How did you hear about us?
 

Кушиши ғайриқонунӣ ворид намудани 40 тонна сӯзишворӣ

Print PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Ҳангоми гузаронидани як қатор чорабиниҳои оперативӣ - ҷустуҷӯӣ дар шоҳроҳи самти Душанбе - Хуҷанд, воқеъ дар мавзеи Чорбоғи ноҳияи Варзоб аз ҷониби кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ду адад воситаи нақлиёти тамғаи "Шанси" бо рақами қайди давлатии 74 32 ВС 03 ва 89 64 AT 03 барои муоинаи гумрукӣ боздошт карда шуд.

 

 

 

 

 

Муайян гардид, ки шаҳрванд Ҳ. А, сокини вилояти Суғд, ноҳияи Ҷаббор Расулов, соли таваллудаш 1984, аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо дигарон ба содир намудани ҷиноят яъне, интиқоли мол ва ашёи дигар аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бидуни назорати гумрукӣ ё пинҳонӣ аз назорати гумрукӣ, бо роҳи фиреб истифода кардани ҳуҷҷатҳо, воситаҳои ҳаммонандкунии гумрукӣ ва декларатсия накардани онҳо, даст задаанд.

Шаҳрванд Ҳ. A. ба фаъолияти соҳибкории ғайриқонунӣ машғул шуда, бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт ба воситаҳои нақлиёти дар боло қайдгардида аз Ҷумҳурии Қирғизистон маҳсулоти сӯзишвории дизелиро, ки вазни умумии он 40 тоннаро ташкил медиҳад, бидуни барасмиятдарории гумрукӣ вориди Ҷумҳурии Тоҷикистон кардааст.

 

 

Номбурда бо мақсади рӯйпӯш намудани ҷинояти худ тибқи маслиҳати пешакӣ бо дигарон санади гумрукиро дастрас карда, дар он қайд намудааст, ки гӯё дар дохили нақлиётҳои зикргардида, ба миқдори 887 ҳазор 500 килограмм гази моеъ ба расмиёти гумрукӣ дароварда шудааст.

Мувофики маълумотномаи Раёсати таҳлил ва омори гумрукии Хадамоти гумрук арзиши умумии маҳсулоти сӯзишвории дизелии ба тариқи қочоқ вориднамудаи шаҳрванд Ҳ. A. маблағи 169 ҳазору 596 сомониро ташкил медиҳад, ки дар натиҷаи ин ҳаракатҳои барқасдонаи шаҳрванд Ҳ. A. ва дигарон ба давлат зарари калони молиявӣ расонида шудааст.

Оид ба ҳолати мазкур нисбати шаҳрванд Ҳ. А. ва дигарон бо моддаи 289 қисми 2 - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, барои таъмини тафтишоти пешакӣ ба Раёсати тафтиши парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳими Прокуратураи генералӣ ирсол карда шудааст.

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Partnerships