ТАМОЖЕННАЯ СЛУЖБА ПРИ ПРАВИТЕЛЬСТВЕ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

TajikRussianEnglish

Календарь

Май 2018
21
Понедельник
BuaXua Calendar

Статистика

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterCегодня846
mod_vvisit_counterYesterday5404
mod_vvisit_counterВчера846
mod_vvisit_counterЭтот месяц100000
mod_vvisit_counterВсе3156342

RILO Москва

Таможенный кодекс

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Официальное издание Таможенной службы

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Голосование

Как Вы узнали о нас?
 

Воридоти ғайрирасмӣ қиёми шоколад

Печать PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Дар рафти гузаронидани амалиёти гумрукӣ аз тарафи кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд, дар истгоҳи нақлиёти боркаши наздикии мағозаи «Баҳор» -и шаҳри Исфара дар дохили бордони нақлиёти тамғаи «Мерседес - бенс атеко» ба миқдори 5 ҳазор килограмм қиёми шоколади истеҳсоли Федератсияи Россия дар зарфҳои пласмасии ғунҷоишашон 20 килограмм, дарёфт гардид.

 

 

 

 

Ин миқдор мол ба шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Д. М., соли таваллудаш 1984, истиқоматкунандаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҷамоати Ҳ. Усмонов, тааллуқ дошта, номбурда онро бидуни назорати гумрукӣ, ғайриқонунӣ тариқи қочоқ бо воситаи нақлиёти тамғаи «Камаз», рақами қайди давлатиаш Р 77 72 02 РТ таҳти ронандагии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Г. Х., соли таваллудаш 1963, истиқоматкунандаи ноҳияи Исфара, ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ бо роҳи ғайрирасмӣ аз Ҷумҳурии Қирғизистон ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудааст.

 

 

Аз рӯи хулосаи Филиали Суғдии Маркази ҷумҳуриявии экспертизаҳои судӣ ва криминалистии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши умумии ин қиёми шоколад 157 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад.

 

 

Тибқи моддаи 289 қисми 2 – и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ҳолати мазкур нисбати шаҳрванд Д. М. парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, аз рӯи тобеияти тафтишотӣ ба Прокуратураи вилояти Суғд ирсол карда шуд.

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Партнёры