ТАМОЖЕННАЯ СЛУЖБА ПРИ ПРАВИТЕЛЬСТВЕ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

TajikRussianEnglish

Календарь

Май 2018
23
Среда
BuaXua Calendar

Статистика

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterCегодня5339
mod_vvisit_counterYesterday6324
mod_vvisit_counterВчера11663
mod_vvisit_counterЭтот месяц100000
mod_vvisit_counterВсе3167159

RILO Москва

Таможенный кодекс

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Официальное издание Таможенной службы

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Голосование

Как Вы узнали о нас?
 

Пинҳонӣ аз назорати гумрукӣ ворид намудани тахта

Печать PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Зимни гузаронидани амалиёти гумрукӣ аз тарафи кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд, ду воситаи нақлиёти тамғаи "Долун" рақамҳои қайди давлатиаш АК 13 36 01 ва СЕ 24 67 01 барои азназаргузаронии гумрукӣ боздошт карда шуд.

Дар рафти муоинаи гумрукӣ муайян гардид, ки шаҳрванд Ю.Т. ба фаъолияти соҳибкории ғайриқонунӣ машғул шуда, бо мақсади ба даст овардани даромади муфт аз Ҷумҳурии Қирғизистон масолеҳи сохтмонии тахтаро бидуни барасмиятдарории гумрукӣ вориди Ҷумҳурии Тоҷикистон кардааст.

Шаҳрванд Ю. Т,, сокини вилояти Суғд, шаҳри Истаравшан, ҷамоати деҳоти Гули сурх, соли таваллудаш 1983, аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо дигарон даст ба содир намудани ҷиноят задаанд, ки моҳияти он аз қочоқ, интиқоли мол ва ашёи дигар аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бидуни назорати гумрукӣ, пинҳонӣ аз назорати гумрукӣ, бо роҳи фиреб истифода кардани ҳуҷҷатҳо, воситаҳои ҳаммонандкунии гумрукӣ ва декларатсия накардани онҳо иборат мебошад.

 

 

Мувофиқи маълумотномаҳои маркази ташхиси минтақавии Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан дар воситаҳои нақлиёти зикргардида, масолеҳи сохтмонии тахта ҷойгир карда шудааст.

 

 

Мувофиқи маълумотномаи ҶДММ "Маркази тиҷоратии Ҷал - Ҷам" арзиши масолеҳи тариқи қочоқ ворид намудаи шаҳрванд Ю. Т. маблағи умумии 134 ҳазору 244 сомониро ташкил медиҳад, ки дар натиҷаи ин ҳаракатҳои барқасдонаи шаҳрванд Ю. Т. ва дигарон ба давлат ба миқдори калон зарари моддӣ расонида шудааст.

Оид ба ҳолати мазкур нисбати шаҳрванд Ю. Т. ва дигарон бо моддаи 289 қисми 2 - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, барои таъмини тафтишоти пешакӣ ба Прокуратураи вилояти Суғд фиристонида шуд.

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Партнёры