ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Тақвим

Июн 2018
19
Сешанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз604
mod_vvisit_counterДирӯз5627
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта6231
mod_vvisit_counterДар ин моҳ100000
mod_vvisit_counterҲамарӯза3330389

RILO Москва

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Овоздиҳӣ

Чӣ тавр Шумо дар бораи мо маълумот пайдо намудед?
 

Пинҳонӣ аз назорати гумрукӣ интиқол додани «Қуръони Карим» пешгирӣ карда шуд

Чоп PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Дар вақти гузаронидани амалиёти гумрукӣ аз тарафи кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд, воситаҳои нақлиёти тамғаи «Тойота – Эстима» рақами қайди давлатии Ҷумҳурии Қирғизистон, таҳти ронандагии шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон И. Қ. қарор дошт, мавриди санҷиш қарор дода шуд.

Зимни азназаргузаронии нақлиёти мазкур аз дохили халтаи полиэтилении рангаш сафед як адад китоби динии «Қуръони Карим» - и қадима дарёфт гардид.

 

 

Моли мазкур ба шаҳрванд И. Қ. соли таваллудаш 1990, истиқоматкунандаи Ҷумҳурии Қирғизистон вилояти Боткент, ноҳияи Лайлак тааллуқ дошта, номбурда китоби мазкурро мехост аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Қирғизистон бидуни назорати гумрукӣ ва пинҳонӣ аз назорати гумрукӣ интиқол диҳад.

Мувофиқи хулосаи коршиносон китоби «Қуръони Карим» осори бадеии таърихӣ, бостоншиносӣ, адабӣ ва арзишҳои дигари фарҳангӣ ба ҳисоб рафта, таърихи зиёда аз 300 сола дорад.

 

 

Аз рӯи ҳолати мазкур нисбати шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон И. Қ. бо моддаҳои 32 қисми 3 ва 289 қисми 2 - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, аз рӯи тобеияти тафтишотӣ ба Прокуратураи вилояти Суғд равон карда шуд.

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ШАРИКОН