![]() | Имрӯз | 1380 |
![]() | Дирӯз | 3187 |
![]() | Дар ин ҳафта | 6759 |
![]() | Дар ин моҳ | 100000 |
![]() | Ҳамарӯза | 3008304 |
22 Майи 2017
Дар рафти гузаронидани амалиёти гумрукӣ аз тарафи кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд, дар роҳҳи мошингарди шаҳраки Пролетари ноҳияи Ҷаббор Расулов воситаи нақлиёти тамғаи «Шанхай», рақами қайди давлатиаш 36 74 ВМ 02 барои санҷиши гумрукӣ боздошт гардид.
Ҳангоми санҷиши гумрукӣ, дар дохили бордони воситаи нақлиёти зикршуда дар ҳаҷми 5 ҳазор литр сӯзишвории навъи дизелии истеҳсоли Ҷумҳурии Қирғизистон дарёфт шуда, муайян гардид, ки моли мазкур ба шаҳрванд Қ. Ф. соли таваллудаш 1992, истиқоматкунандаи ноҳияи Ҷаббор Расулов, ҷамоати деҳоти Сомониён тааллуқ доштааст.
Дар баёноти худ шаҳрванд Қ. Ф. қайд намудааст, ки дар ҳақиқат моли дар боло зикр шуда ба ӯ тааллуқ дошта, ин миқдор молро аз ҳудуди деҳаи Зарафшони ноҳияи Ҷаббор Расулов аз як шахси ношинос, харидорӣ намудааст.
Ҳамин тариқ, дар кирдори шаҳрванд Қ. Ф. аломатҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурии дар моддаи 597 – и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда, яъне харидани моле, ки бидуни назорати гумрукӣ вориди ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидааст, дида мешавад.
Аз рӯи ҳолати мазкур нисбати шаҳрванд Қ. Ф. бо моддаи 597 – и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, парвандаи маъмурӣ оғоз карда шуд.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон