ТАМОЖЕННАЯ СЛУЖБА ПРИ ПРАВИТЕЛЬСТВЕ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

TajikRussianEnglish

Календарь

Апрель 2018
25
Среда
BuaXua Calendar

Статистика

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterCегодня1380
mod_vvisit_counterYesterday3187
mod_vvisit_counterВчера6759
mod_vvisit_counterЭтот месяц100000
mod_vvisit_counterВсе3008304

RILO Москва

Таможенный кодекс

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Официальное издание Таможенной службы

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Голосование

Как Вы узнали о нас?
 

Пешниҳоди ҳуҷҷатҳои шубҳанок аз ҷониби ронандаи “Дулан”

Печать PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Санаи 23 - юми майи соли ҷорӣ, ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ дар шоҳроҳи мошингарди самти «Хуҷанд - Душанбе», дар ҳудуди ноҳияи Истаравшан, ду адад воситаи нақлиёти тамғаи «Дулан», рақами қайди давлатиаш 27 14 АС 01 ва 27 90 АО 02, таҳти ронандагии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон К. К. ва К. З. барои гузаронидани муоинаи гумрукӣ боздошт карда шуданд.

 

 

 

Ҳангоми азназаргузаронии гумрукӣ дар дохили бордони воситаҳои нақлиёти мазкур ба миқдори умумии 64 адад зарфмонак бо ашёи хом барои тайёр намудани зарфҳои ғунҷоишашон то 2 литр, истеҳсоли Ҷумҳурии Қирғизистон муайян карда шуд, ки ба шаҳрванд С. Ҷ., соли таваллудаш 1988, истиқоматкунандаи шаҳри Исфара тааллуқ доштааст.

 

 

Ҳангоми пурсиш, ронандаҳои воситаҳои нақлиёти номбурда ба кормандони гумрук декларатсияи бори гумрукӣ, ки ба ҶСП «Таҷам» тааллуқ дорад ва борхатҳои хароҷотӣ, ки аз ҷониби ҶДММ «Корхонаи коркарди чуб» - и шаҳри Исфара дода шудааст, пешниҳод намуданд.

Аз сабаби шубҳанок будани ҳуҷҷатҳои пешниҳод гардида, воситаҳои нақлиёти дар боло зикр гардида барои пурра муайян намудани ҳолати кор ба гумруки шаҳри Истаравшан барои нигоҳдории муваққатӣ интиқол дода шуд.

Аз рӯи ҳолати зерин маводҳо тартиб дода шуда, санҷиш идома дорад.

Аз хулосаи санҷиш иловатан хабар дода мешавад.

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Партнёры