ТАМОЖЕННАЯ СЛУЖБА ПРИ ПРАВИТЕЛЬСТВЕ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

TajikRussianEnglish

Календарь

Май 2018
23
Среда
BuaXua Calendar

Статистика

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterCегодня5324
mod_vvisit_counterYesterday6324
mod_vvisit_counterВчера11648
mod_vvisit_counterЭтот месяц100000
mod_vvisit_counterВсе3167144

RILO Москва

Таможенный кодекс

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Официальное издание Таможенной службы

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Голосование

Как Вы узнали о нас?
 

Парвандаи ҷиноятӣ барои нӯшокии «ХL»

Печать PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ аз тарафи кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд аз хонаи истиқоматии шаҳрванд С. О., сокини шаҳри Исфара ба миқдори 1 ҳазору 300 бастаи дорои 24 донагӣ, ҷамъ 31 ҳазору 200 дона нӯшокии қувватбахши намуди «ХL» - и истеҳсоли давлати Полша дарёфт ва мусодира гардид.

Муайян карда шуд, ки шаҳрванд Ғ. О., соли таваллудаш 1994, сокини шаҳри Исфара ба ҳудуди деҳаи Самарқандаки Ҷумҳурии Қирғизистон рафта, дар он ҷо бо як шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон вохӯрда дар бораи ба таври қочоқ аз ҳудуди Ҷумҳурии Қирғизистон, пинҳонӣ аз назорати гумрукӣ ворид намудани нӯшокии қувватбахши намуди «ХL» - ро маслиҳат намудаанд.

 

 

Сипас, шаҳрванд Ғ. О., аз он ҷо ду нақлиёти боркашонии тамғаи «Мерседес - Бенс Спринтер» - и бо рақамҳои қайди давлатии Ҷумҳурии Қирғизистон, бо ронандаҳое, ки шахсияташон маълум карда нашудааст ба ҳудуди Қарабоғи Ҷумҳурии Қирғизистон равон гардида, аз он ҷо моли дар боло зикршударо харида, бо роҳи пинҳонӣ аз назорати гумрукӣ ба шаҳри Исфара бо мақсади ба фурӯш баровардан, ғайриқонунӣ интиқол додааст.

Тибқи хулосаи Филиали Суғдии Маркази ҷумҳуриявии экспертизаҳои судӣ ва криминалистии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши умумии ин микдор мол 168 ҳазору 480 сомониро ташкил медиҳад.

 

 

Аз рӯи ҳолати мазкур нисбат ба шаҳрванд Ғ. О., бо моддаи 289 қисми 2 - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, аз рӯи тобеияти тафтишотӣ ба прокуратураи вилояти Суғд фиристонида шуд.

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Партнёры