ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish
АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
Дар ҳақиқат, гумрук дар ҳаёти ҳар як давлати соҳибистиқлол аҳамияти фавқулодда дорад ва гузашта аз ин дарвозаи ҳар давлат аст. Зеро аз кори мақомоти гумрук на танҳо таъмини молиявии соҳаҳои гуногуни фаъолияти давлат, балки бехатарии иқтисодӣ, фарҳангӣ, идеалогӣ ва экологии он вобастагии бевосита дорад.

 

СУХАНРОНӢ ДАР МУЛОҚОТ БО СОҲИБКОРОН ВА САРМОЯГУЗОРОНИ ВАТАНИВУ ХОРИҶӢ

Муҳтарам соҳибкорон ва сармоягузорон!
Ҳозирини арҷманд!

Мулоқоти имрӯзаи мо ба муносибати Рӯзи соҳибкорон, ки се сол қабл ҳамчун рамзи дастгирии фаъолияти касбии шумо дар роҳи ободии Ватан эълон гардида буд, сурат мегирад.

Ба ин муносибат кулли соҳибкорони ватандӯсти кишвар ва ҳамаи шумо, ҳозирини муҳтарамро табрик мегӯям ва дар фаъолияти минбаъдаатон барору комёбиҳои нав орзу менамоям...

 

 

 

 

 

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (37) 2017

 

№2 (38) 2017

 

№3 (39) 2017

 

№4 (40) 2017

Маълумоти криминалӣ

Дарёфт ва мусодираи маводи тарфгарӣ дар дохили воситаи нақлиёти истифодаи умум

18.12.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  19
Аз ҷониби кормандони Шуъбаи ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии...
Пешгирии воридоти 13 ҳазору 285 адад маводи тарфгарӣ дар вилояти Суғд

16.12.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  118
Аз тарафи кормандони Шуъбаи ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии...
Боздошти сӯзишвории дизелӣ ва тахтаи бе ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда

15.12.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  44
Аз тарафи кормандони Шуъбаи ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии...

Рӯйдодҳои гумрукӣ

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ

24.11.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  297
Имрӯз дар толори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида...
Вохӯрии Сардори Хадамоти гумрук бо Сафири Ҷумҳурии Беларус

23.11.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  341
Санаи 22-юми ноябри соли ҷорӣ Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати...
Конститутсия бахтномаи миллат

03.11.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  712
3-юми ноябри соли равон дар толори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати...

Нишастҳои матбуотӣ

Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

18.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  2598
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки...
ЭЪЛОН

17.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  2389
Санаи 18 - уми июли соли равон соати 1000 дар...
Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

17.01.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  5123
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки...

Боду ҳаво

Тақвим

Декабр 2017
18
Душанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз2471
mod_vvisit_counterДирӯз1983
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта2471
mod_vvisit_counterДар ин моҳ73739
mod_vvisit_counterҲамарӯза2482485

RILO Москва

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дидбонгоҳи гумрукии «Регар» 20 номгӯйи моли қочоқро дастгир кард

Чоп PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз як соҳибкори тоҷик 20 номгӯйи моли қочоқро ошкор карданд.

Зимни дастгиршавӣ муайян карда шуд, ки шаҳрванд О. М. дар асоси ваколатнома ҳамчун намояндаи ҶДММ «Тозагии савдо» баромад намуда, даст ба содир намудани ҷиноят задааст. Ҳангоми тафтиш маълум гардид, ки қочоқ- интиқоли мол ва ашёи дигар аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон пинҳонӣ, бидуни назорати гумрукӣ, пинҳонӣ бо роҳи фиреб истифода кардани ҳуҷҷатҳо ё воситаҳои ҳаммонандкунии гумрукӣ ва декларатсия накардани онҳо ошкор гардид.

Шаҳрванд О. М. аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо дигарон барои ба мақсади ба даст овардани даромади муфт, дар асоси ваколатномаи №30 аз 25 - уми марти соли 2017 ба ҳайси намояндаи ҶДММ «Тозагии савдо» баромад намуда, ба номи ҳамин ҷамъият аз Ҷумҳурии Исломии Эрон дар 6 вагон зиёда аз 20 номгӯйи молу маҳсулоти ниёзи мардум аз қабили чой, ҳалво, кафел, сару либоси мардонаву занона, қолин, гранул, селофани полиэтиленӣ ва ғайраҳоро бидуни барасмиятдарории гумрукӣ вориди Ҷумҳурии Тоҷикистон кардааст.


 

Ӯ бо роҳи фиреб дар ҳуҷҷатҳои воридотӣ ҳисобнома ва декларатсияи транзити дохилӣ зиёда аз 20 номгӯйи молро бо вазни умумии 320 ҳазору 628 килограмм нишон дода дар дидбонгоҳи гумрукии «Регар» - и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Турсунзода декларатсияҳои бори гумрукии дар боло дарҷгардидаро тартиб додааст. Дар натиҷа қатораҳои мазкур аз тарафи кормандони гумрук боздошт карда шуда, ба дидбонгоҳи гумрукии «Душанбе 1» - и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе барои нигоҳдорӣ интиқол дода шуданд.

 

 

Мувофиқи маълумотномаи Раёсати батанзимдарории тарифию гумрукӣ ва назорати арзии Хадамоти гумрук арзиши молу маҳсулоти тариқи қочоқ вориднамудаи шаҳрванд О. М. ба маблағи умумии 2 миллиону 590 ҳазору 607 сомониро ташкил медиҳад. Дар натиҷаи ин ҳаракатҳои ғайриқонунии номбурдагон ба давлат ба миқдори калон зарари моддӣ расонида шудааст.

Оид ба ҳолати мазкур нисбат ба шаҳрванд О. М. бо моддаи 289 қисми 2 - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, барои тафтишот ба Прокуратураи шаҳри Душанбе фиристода шуд.

 

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ШАРИКОН