ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Маълумоти криминалӣ

Қочоқи шакар бо Мерседес Бенс дар Бобоҷон Ғафуров

20.10.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  4
Санаи 20 - уми октябри соли 2017, ҳангоми гузаронидани амалиёти...
Қочоқи асъори хориҷӣ

19.10.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  67
Санаи 16-уми октябри соли 2017 ҳангоми аз назорати гумрукӣ гузаронидани...
Оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба ширкати ҶДММ «Файзимоҳ» барои қочоқи мол

16.10.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  367
Кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти...

Рӯйдодҳои гумрукӣ

Ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятиву машваратӣ дар Хадамоти гумрук бо пешниҳодҳои муфиди соҳибкорон анҷом ёфт

10.10.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  326
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои ҷамъиятиву...
Ҷамъомад ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ

05.10.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  392
Имрӯз дар Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Нишастҳои матбуотӣ

Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

18.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  1853
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки...
ЭЪЛОН

17.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  1742
Санаи 18 - уми июли соли равон соати 1000 дар...
Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

17.01.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  4337
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки...

Боду ҳаво

Тақвим

Октябр 2017
20
Ҷумъа
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз3828
mod_vvisit_counterДирӯз8414
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта37293
mod_vvisit_counterДар ин моҳ100000
mod_vvisit_counterҲамарӯза2164518

 

 

 

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (37) 2017

 

№2 (38) 2017

 

№3 (39) 2017

 

№4 (40) 2017

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

RILO Москва

Илҳом Алиев роҳбарони хадамотҳои гумруки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ба ҳузур пазируфт

Чоп PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Санаи 13 - уми июни соли ҷорӣ Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев роҳбарони хадамотҳои гумруки Федератсияи Руссия Белорусия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистонро, ки дар шаҳри Боку бо сафари корӣ барои иштирок намудан дар ҷаласаи 65 - уми Шӯрои роҳбарони хадамотҳои гумруки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил қарор доштанд, ба ҳузур пазируфт.

Президент Илҳом Алиев изҳори қаноатманди намуд, ки дар ҷаласаи 65-уми Шӯрои роҳбарони хадамотҳои гумруки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил муҳокимаи самарабахш гузаронида шуда, аз натиҷаи он қарорҳои дахлдор қабул мегардад.

Сарвари давлат Илҳом Алиев зикр намуд, ки хадамотҳои гумруки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои рушди кишварҳо нақши муҳим дошта, ҷиҳати таъмини даромади Буҷет ва ҷараёни инкишофи иқтисодиёт саҳми калон доранд.

Инчунин санаи 14 - уми июни соли 2017 дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон ҷаласаи 65 - уми Шӯрои роҳбарони хадамотҳои гумруки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

Дар ҷаласаи мазкур Абдуфатоҳи Ғоиб- Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Зайдуллоев Иззатулло – Сардори Раёсати батанзимдарории тарифию гумрукӣ ва назорати арзӣ иштирок доранд.

 

 

Рӯзномаи маҷлис аз як қатор масъалаҳои муҳими соҳа иборат мебошад. Аз ҷумла:

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишнома дар бораи ҳамкорӣ ва расонидани кӯмаки мутақобила дар фаъолияти гумрукӣ.

Оид ба мубодилаи маълумот барои муайян намудан ва назорати арзиши гумрукии мол дар давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил.

Оид ба тартиби ҷорӣ намудани системаи идораи таваккал дар фаъолияти мақомотҳои гумруки давлатҳои ИДМ.

Дар чорабинии мазкур инчунин дигар масъалаҳои муҳими ҳамкориҳоии байналмилалии гумрукӣ баррасӣ мегарданд.

 

 

Қобили зикр аст, ки дар ҳошияи иҷлосияи мазкур дар доираи гуфтушуниди корӣ ба имзо расонидани Протоколҳо байни мақомотҳои гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкорӣ ва ёрии байниҳамдигарӣ дар фаъолияти гумрукӣ ва доир ба тартиби ҳамкори байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии гумруки Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳангоми муқоисаи маълумоти омори гумрукии савдои дутарафа дар назар аст.

 

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ШАРИКОН