ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Тақвим

Май 2018
27
Якшанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз5616
mod_vvisit_counterДирӯз5977
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта35663
mod_vvisit_counterДар ин моҳ100000
mod_vvisit_counterҲамарӯза3191159

RILO Москва

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Овоздиҳӣ

Чӣ тавр Шумо дар бораи мо маълумот пайдо намудед?
 

Иштироки Турсунзода Азим Ҳайдар дар ҷаласаи кории Сеул

Чоп PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

30 майи соли равон дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея ҷаласаи Кумитаҳои миллӣ доир ба мусоидат ба савдо ва семинар дар мавзӯи “Вусъат бахшидани иқтидор ҷиҳати амалӣ гардонидани Созишномаи соддагардонии тартиби савдои Созмони Умумиҷаҳонии Савдо” баргузор гардид.

Дар ҷамъомади мазкур, дар қатори намояндагони гумруки ҷумҳуриҳои Кореяи Ҷанубӣ, Қирғизистон, Муғулистон, Покистон, Афғонистон, Гурҷистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Озарбойҷон, инчунин, муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники хадамоти гумрук Турсунзода Азим Ҳайдар иштирок намуд.

 

 

 

Ҷамъомадро директори шуъбаи идоракунии давлатии бахши молиявӣ ва ҳамкориҳои минтақавии Департаменти Осиёи шарқӣ ва Бонки рушди Осиё ҷаноби Йин Чен ҳусни ифтитоҳ бахшида, иброз намуд, ки ҳадафи ҷамъомади мазкур, ин табодули маълумот оид ба Кумитаҳои миллӣ доир ба мусоидат ба савдо ва то кадом андоза ҷавобгӯй будани кишварҳои аъзои Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ба талаботи Кумитаҳои миллӣ доир ба мусоидат ба савдо мебошад.

 

 

Иштирокдорони ҷаласа оид ба сохтор, ваколатномаи ҳуқуқӣ, вазифа ё супориши техникии кумитаҳои мазкур мубодилаи афкор намуда, оид ба татбиқ намудани барномаи озмоишӣ дар самти мубодилаи маълумоти гумрукӣ ва интиқоли (транзити ) минтақавӣ ҳисоботи мухтасар пешниҳод намуданд.

Муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники хадамоти гумрук Турсунзода Азим Ҳайдар дар навбати худ ба роҳбарияти Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ ва Бонки рушди Осиё барои ташкил намудани чунин як чорабинии муҳим изҳори сипос намуд.

 

 

Аз ҷумла зикр гардид, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишнома оид ба соддагардонии расмиёти савдои Созмони Умумиҷаҳонии савдо аз 22-юми феврали соли 2017 мавриди амал қарор дода шуда, дар асоси он интиқоли самараноки молу воситаҳои нақлиёт таъмин ва соддагардонии расмиёти гумрукии мол ва молҳои транзитӣ амалӣ карда мешаванд.

Созишнома оид ба соддагардониии расмиёти савдо барои расидан ба ҳадаф, осон намудани кор ва иҷроиши сифатан хуби кори ташкилотҳои гумрук ва савдо, инчунин барои расидан ба натиҷаҳои самарабахш дар рушди иқтисодиёти кишварҳои аъзо мусоидат менамояд.

Дар ин самт аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи декабри соли 2016 фармон “Доир ба ташкил намудани Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба соддагардонии савдо” қабул гардида, айни замон татбиқи марҳилаи якуми фармони мазкур таъмин шуда истодааст.

 

 

Ҳарчанд аз фармони мазкур муҳлати зиёд нагузашта бошад, ҳам бо такя ба таҷрибаи шарикони худ метавонем корро дар ин самт ҷоннок намуда, маълумотҳоеро пешниҳод намоем, ки аз манфиат холӣ набошад”.

 

 

План действий для реализации Соглашения по упрощению процедур торговли ВТО (Таджикистан) 1 июня 2017 года.pptx

Статус реализации Соглашения об упрощении процедур торговли в Таджикистане.pptx

Страновой отчет: Национальный Комитет об упрощении процедур торговли в Таджикистане.pptx

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ШАРИКОН