![]() | Имрӯз | 2543 |
![]() | Дирӯз | 2192 |
![]() | Дар ин ҳафта | 4735 |
![]() | Дар ин моҳ | 100000 |
![]() | Ҳамарӯза | 3006280 |
16 Июни 2017
Санаи 14 ва15 - уми июни соли ҷорӣ дар шаҳри Боку - и Ҷумҳурии Озарбойҷон ҷаласаи 65 - уми Шӯрои роҳбарони хадамотҳои гумруки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.
Дар ҷаласа доир ба масъалаҳои ҳамкориҳои байналмилалии гумрукӣ муҳокимаи самарабахш гузаронида шуда, аз натиҷаи он аз ҷониби роҳбарони хадамотҳои гумруки Федератсияи Русия, Белорус, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон қарорҳои дахлдор қабул гардиданд. Бояд қайд намуд, ки фаъолияти самарабахши хадамотҳои гумруки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои рушди кишварҳо нақши муҳим дошта, доир ба таъмини даромади Буҷет ва ҷараёни инкишофи иқтисодиёт саҳми калон доранд.
Дар доираи барномаи сафари корӣ дар ҷаласаи навбатии 65 - уми Шӯрои роҳбарони хадамотҳои гумруки ИДМ зимни вохӯрии дуҷонибаи Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал - лейтенанти адлия Абдуфатоҳи Ғоиб бо Сардори Кумитаи давлатии гумруки Ҷумҳурии Ӯзбекистон Тоҳирӣ Муидҷон Ваҳҳобович Протоколҳо оид ба ҳамкорӣ ва ёрии байниҳамдигарӣ дар фаъолияти гумрукӣ ва доир ба тартиби ҳамкори байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии гумруки Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳангоми муқоисаи маълумоти омори гумрукии савдои дутарафа ба имзо расонида шудаанд.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон