ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Маълумоти криминалӣ

Қочоқи шакар бо Мерседес Бенс дар Бобоҷон Ғафуров

20.10.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  36
Санаи 20 - уми октябри соли 2017, ҳангоми гузаронидани амалиёти...
Қочоқи асъори хориҷӣ

19.10.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  86
Санаи 16-уми октябри соли 2017 ҳангоми аз назорати гумрукӣ гузаронидани...
Оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба ширкати ҶДММ «Файзимоҳ» барои қочоқи мол

16.10.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  401
Кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти...

Рӯйдодҳои гумрукӣ

Ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятиву машваратӣ дар Хадамоти гумрук бо пешниҳодҳои муфиди соҳибкорон анҷом ёфт

10.10.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  351
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои ҷамъиятиву...
Ҷамъомад ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ

05.10.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  411
Имрӯз дар Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Нишастҳои матбуотӣ

Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

18.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  1872
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки...
ЭЪЛОН

17.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  1756
Санаи 18 - уми июли соли равон соати 1000 дар...
Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

17.01.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  4353
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки...

Боду ҳаво

Тақвим

Октябр 2017
21
Шанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1609
mod_vvisit_counterДирӯз8579
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта43653
mod_vvisit_counterДар ин моҳ100000
mod_vvisit_counterҲамарӯза2170878

 

 

 

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (37) 2017

 

№2 (38) 2017

 

№3 (39) 2017

 

№4 (40) 2017

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

RILO Москва

Ваҳдати миллӣ - сарчашмаи бахту саодати тоҷикон

Чоп PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Имрӯз, дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба фарорасии ҷашни 20 - умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо иштироки номзади илмҳои фалсафа, мушовир ва ҳамоҳангсози ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, дотсент Рамазонӣ Давлатов дар мавзӯи “Омилҳои таҳкими Ваҳдати миллӣ” ҷаласаи идона баргузор гардид.

Раҷабов Холмаҳмад, полковники Хадамоти гумрук, сардори шуъбаи кор бо ҳайати шахсии Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ ҷаласаро ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳайати шахсиро аз номи Роҳбарияти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, табрику таҳният гуфт. Мавсуф зимни суханронӣ иброз дошт:



 

 

“27 - уми июни соли равон ба имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии Тоҷикистон 20 сол пур мешавад. Бо шарофати ба имзо расидани ин Созишномаи тақдирсоз мо тавонистем, ки ба муноқишаҳои дохилӣ ва муқовимати мусаллаҳона хотима бахшида, ба марҳилаи навини Тоҷикистон - гузоштани пойдевори сулҳ, таъмини ваҳдати миллӣ ва дар ин асос ба эътидол овардани фаъолияти соҳаҳои гуногуни халқи Тоҷикистон ва рушди онҳо оғоз намоем.

Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозандаи тамоми мардуми Тоҷикистон шароит фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътирофшуда дар ҷумҳуриамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шавад ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум, ободӣ ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардад.

Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, оғози гардиши куллӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавии халқи тоҷик гардид.

Ҳаёт нишон дод, ки истиқрори сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дастоварди бузург ва таърихии мардуми Тоҷикистон мебошад, ки дар натиҷаи ҷамъбастагии мардуми кишвар ва фарзандони содиқи халқамон ба мо муяссар гардид.

Бинобар ин, моро лозим аст, ки ин неъмати бебаҳо ва муқаддас – ваҳдати миллиро пос дорем, ба қадри он расем ва ҷавонони ватандӯсту ватанпарварро тарбия намоем, ки дар оянда ин гавҳари ноёбро ҳифз намоянд.

 

 

Дар муддати 20 сол, ки аз Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ мегузарад, ваҳдати миллӣ дар кишвари мо решаи мустаҳкам давонд ва боровар гардид”.

Сипас, Рамазонӣ Давлатов зимни суханронӣ иброз дошт:

- “Бузургтарин дороӣ ва дастоварди миллати тоҷик, ин шарафёб гардидани мо ба сулҳ ва ризояти миллӣ мебошад. Ваҳдати миллӣ сарчашмаи бахту саодат, якдигарфаҳмӣ, омили муҳими пешрафт ва инкишофи давлату давлатдории миллӣ, рушду инкишофи тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар мебошад. Маҳз ба ҳамин хотир ҳамасола 27 - июн - Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Сулҳи деринтизори тоҷикон дар саросари мамлакат бошукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад.

Эҳёи Ваҳдати миллӣ ва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ иборат аз он буда, ки он пеш аз ҳама миллати тоҷикро аз парокандагӣ ва Тоҷикистони азиз ва муқаддасро аз ба нестӣ расидан раҳоӣ бахшад.

Моро лозим меояд, ки ҳам аз ҷиҳати илмӣ ва ҳам аз ҷиҳати амалӣ ин санади тақдирсозро ҳифз намуда, ба қадри он бирасем.

 

 

Қаҳрамонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарор намудани сулҳу салоҳ дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои заррин сабт гардида, наслҳои ҳозира ва ояндаи тамаддунофар ин дастовардҳоро бояд донанд ва аз он сабақ гиранд.

Халқи тоҷикро мебояд ҳамеша бо қалби пок, ҳисси баланди миллӣ, ифтихори ватандорӣ, меҳрубонию самимият умр ба сар бурда, баҳри шукуфо гардидани мулки аҷдодӣ сидқан ҷаҳду талош варзанд”.

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ШАРИКОН