ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Тақвим

Июл 2018
20
Ҷумъа
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз728
mod_vvisit_counterДирӯз5418
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта22887
mod_vvisit_counterДар ин моҳ83078
mod_vvisit_counterҲамарӯза3369909

RILO Москва

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Овоздиҳӣ

Чӣ тавр Шумо дар бораи мо маълумот пайдо намудед?
 

Сафари пурсамари намояндагони гумруки Афғонистон ба Гумруки “Панҷи - Поён”

Чоп PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Дар раванди таҳкими робитаҳо ва густариши ҳамкориҳои дуҷониба байни мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Сардори Сарраёсати гумруки Вазорати молияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Аҳмад Рашод Пупал ва муовини Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Турсунзода Азим Ҳайдар, инчунин, мутахассисони соҳа оид ба масъалаҳои фаъолияти Cистемаи Боркашони байналмилалии автомобилӣ (Carnet TIR) бо истифода аз усули “Долони сабз” ва масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар самти мубодилаи электронии маълумот байни тарафҳо санаи 29 - уми июни соли ҷорӣ ба Гумруки «Панҷи Поён» сафари корӣ намуданд.

 

 

Зимни боздид, гурӯҳи кории байналмилалӣ бо роҳбарияти Раёсати минтақавии гумруки дар вилояти Хатлон ва ҳайати шахсии Гумруки «Панҷи - Поён» вохӯрӣ гузаронида шуд.

 

 

Дар мулоқот муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Турсунзода Азим Ҳайдар иброз намуд, ки дар Хадамоти гумрук бо намояндагони мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон вохӯрии дуҷониба баргузор гардида, “Оид ба масъалаи фаъолияти системаи Боркашони байналмилалии автомобилӣ (Carnet TIR) ва “Долони сабз” барои ББА ва “Доир ба масъалаи ҳамкориҳои дуҷониба дар самти мубодилаи электронии маълумот байни мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон” Протоколи ҳамкорӣ ба имзо расид.

 

 

Қайд гардид, ки мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои гумрукӣ аз тамоми захираву имконоти мавҷуда истифода намуда, заминаи густариши муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро фароҳам меоварад.

 

 

Дар навбати худ сардори Сарраёсати гумруки Вазорати молияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҷаноби Аҳмад Рашод Пупал барои фароҳам овардани шароити хуби корӣ ба Роҳбарияти Хадамоти гумрук қаноатмандии худро иброз намуда, амалӣ гардидани муқаррароти Протоколи мазкурро барои рушди соҳа ва инкишофи мақомоти гумруки ҳар ду кишвар хеле муҳим арзёби намуд.

Баъд аз баррасии паҳлуҳои нави ҳамкориҳои афзалиятноки мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Аҳмад Рашод Пупал бо гурӯҳи корӣ аз толорҳои назорати гумрукии Гумруки “Панҷи - Поён” дидан карда, бо фаъолияти кормандони гумрук ҳангоми истифодабарии Системаи иттилоотии автоматонидашудаи ягона ва шабакаи муштараки мубодилаи маълумоти гумрукӣ, инчунин, таҷҳизоти назоратию рентгении муосир шинос шуданд.

Ҳангоми сафари корӣ бо мақсади густариш додани ҳамкориҳои байналмилалии дуҷониба ва амалӣ гардонидани Протоколи техникӣ дар бораи мубодилаи электронии маълумоти гумрукӣ, ки санаи 30 - юми апрели соли 2015 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, шабакаи муштараки мубодилаи гумрукии иттилоотӣ аз низоми санҷишӣ, ба таври доимоамалкунанда гузаронида шуд.

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ШАРИКОН