ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Тақвим

Июл 2018
17
Сешанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз2760
mod_vvisit_counterДирӯз5907
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта8668
mod_vvisit_counterДар ин моҳ68859
mod_vvisit_counterҲамарӯза3355690

RILO Москва

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Овоздиҳӣ

Чӣ тавр Шумо дар бораи мо маълумот пайдо намудед?
 

Мизи мудаввар дар Донишкадаи такмили ихтисос

Чоп PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Дар толори Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар таҳти унвони «Саҳми ваҳдати миллӣ дар рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.

Мизи мудавварро бо сухани ифтитоҳи сардори Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сабзаалӣ Шарифзода ҳусни оғоз бахшида, аз номи Роҳбарияти мақомот ва аз номи худ, ҳозиринро барои иштирок дар ин мизи мудаввар хайрумақдам намуданд.

 

 

 

Дар мизи мудаввар ҳамчунин Зариф Ализода ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Дагиев А. сардори Раёсат дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мираков Қ. мудири кафедраи фаъолияти гумрукии Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Насриддинов Ф. декани факултети ҳисобдорӣ ва омори Донишкадаи молия ва иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдуллоев М. муовини сардори Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Изатов Қаҳрамон – корманди Академияи илмҳои кишоварзӣ, Нидоев П. мудири кафедра дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, Саидов М. сардори Лабораторияи гумрукии марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳайдари Маҳмадзод – муаллими калони Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон иштирок намуданд.

 

 

Иштирокчиёни ҷаласа дар робита ба 20 - солагии Ваҳдати миллии кишвари соҳибистиқлоламон маъруза намуда, аз ҷумла, таъкид карданд, ки моро зарур аст, сабақҳои ин корномаи таърихиро ба наслҳои имрӯзаву оянда ҳамчун раҳнамои зиндагӣ омӯзонем. Аз ин рӯ, мо вазифадорем, ки барои татбиқи ғояҳои ваҳдати миллӣ ва пойдории он талош карда, бо мақсади эҳёву пойдории арзишҳои миллӣ ва тавсеаи тафаккури давлатдории миллиамон, ки асоси пешрафти Тоҷикистони азиз мебошад, сарҷамъона бояд кору фаъолият намоем. Инчунин масъалаҳои пешгирии вайронкуниҳои қоидаҳои гумрукӣ, ҷиҳати таъмин намудани буҷаи ҷумҳурӣ низ яке аз мавзӯҳои муҳими маъруза буданд.

 

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ШАРИКОН