ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

 

 

 

 

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (37) 2017

 

№2 (38) 2017

 

№3 (39) 2017

 

№4 (40) 2017

Маълумоти криминалӣ

Гули Franktinilla тариқи сӯзонидан нобуд карда шуд

16.02.2018 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  393
Аз Ҷумҳурии Мардумии Чин тариқи хатсайри Урумчи-Душанбе ҳангоми ворид гардидани...
Боздошти истеҳсолоти атриётии ғайристандартӣ ва либосвории беҳуҷҷат дар шаҳри Душанбе

15.02.2018 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  828
Санаи 14 январи соли 2018 дар натиҷаи коркарди маълумоти фаврӣ...
Воридоти ғайриқонунии молҳои ниёзи мардум ва маводҳои доруворӣ ошкор гардид

13.02.2018 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  537
Санаи 12-уми феврали соли 2018 ҳангоми коркарди маълумоти оперативӣ, бо...

Рӯйдодҳои гумрукӣ

Вохӯрии Каримзода Хуршед Абдураҳмон бо Ҳаҷиме Китаока

16.02.2018 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  409
Санаи 16-уми феврали соли 2018 Сардори Хадамоти гумруки назди...
Мулоқот бо соҳибкорони ватани рамзи дастгирии фаъолияти касбӣ

02.02.2018 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  728
2-юми феврали соли 2018 бо ташаббуси роҳбарияти Хадамоти гумруки назди...
Баррасии Паёми Пешвои миллат дар Хадамоти гумрук

01.02.2018 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  709
Дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади шарҳи...

Нишастҳои матбуотӣ

Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

26.01.2018 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  776
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо...
Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

18.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  3532
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки...
ЭЪЛОН

17.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  3295
Санаи 18 - уми июли соли равон соати 1000 дар...

Боду ҳаво

Тақвим

Феврал 2018
25
Якшанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1682
mod_vvisit_counterДирӯз4384
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта33342
mod_vvisit_counterДар ин моҳ100000
mod_vvisit_counterҲамарӯза2759777

RILO Москва

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нишасти матбуотии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон

Чоп PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Дар толори маҷлисгоҳи Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон тибқи Нақшаи тарҳрезинамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон оиди «Ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ бо роҳбарони идораҳо, ташкилоту муассисаҳои вилоят оид ба ҷамъбасти нимсолаи аввали соли 2017» ва ҳамзамон ҷиҳати амалӣ намудани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №1729 аз 15 - уми сентябри соли 2011, санаи 19 - уми июли соли 2017 нишасти матбуотӣ гузаронида шуд.

Дар нишасти матбуотӣ роҳбарият ва ҳайати шахсии раёсат, инчунин намояндагони васоити ахбори оммаи ватанию хориҷӣ иштирок намуданд. Ҷамъомади мазкур асосан тариқи суолу ҷавоб сурат гирифта, хабарнигорон оид ба фаъолияти Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон дар нимсолаи аввали соли 2017 суолҳо дода, аз ҷониби роҳбарият ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.

 

 

Қайд гардид, ки гардиши умумии молии тиҷорати хориҷӣ, дар минтақаи фаъолияти раёсат дар нимсолаи аввали соли 2017, маблағи 97,8 миллион доллари ИМА - ро ташкил дод, ки ин нишондод, дар ҳамин давраи соли 2016, маблағи 121,4 миллион доллари ИМА - ро ташкил карда буд, ки мутаносибан ба маблағи 23,6 миллион доллари ИМА ё ин, ки 19 % кам мебошад.

Яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти раёсат ин ҷамъоварии босифати пардохтҳои гумрукӣ мебошад, ки бо сайю кушиш ва андешидани чораҳои зарурӣ дар ин давра ба буҷаи ҷумҳурӣ маблағи 101 миллиону 641 ҳазору 987 сомонию 77 дирам ворид карда шуд, ки ин иҷроиши нақшаи дарназардоштро 90,5% таъмин менамояд. Сабаби иҷро нагардидани нақшаи пардохтҳои гумрукӣ бошад ин нисбати шаш моҳи соли 2016 ба арзиши гумрукии 34,4 миллион доллари ИМА кам ворид шудани молҳои андозбандишаванда мебошад, ки пардохтҳои шартии он 70 миллион сомонӣ ё 62,5 % - и нақшаро дар бар мегирад.

 

 

Дар самти фаъолияти ҳифзи ҳуқуқӣ дар воҳидҳои тобеи раёсат дар нимсолаи аввали соли 2017, 209 адад қонуншиканӣ ба қайд гирифта шуда, аз ин 2 ададаш парвандаи ҷиноӣ ва 207 ададаш парванадаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ буда, нисбат ба шахсони вайронкунандаи қоидаҳои гумрукӣ ба маблағи 237 ҳазору 900 сомонӣ ҷарима ситонида шудааст.

Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №464 аз 12 - уми апрели соли 1996 «Дар бораи тадбирҳои таъхирнопазири мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии моддаҳои нашъаовар» низ корҳои муайяне ба анҷом расонида шуда, дар нимсолаи аввали соли 2017 дар раёсат 2 ҳолати ҷиноят оид ба гардиши ғайриқонунии маводҳои мухаддир ба қайд гирифта шуда, аз қочоқчиён ба миқдори умумии 3 килограмму 963,3 грамм маводҳои нашъаовар ошкор ва мусодира карда шудааст.

Дар ҷамъомад зикр гардид, ки фаъолияти Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон, ҳамкории мутақобилан судмандро бо намояндагони васоити ахбори оммаи ватанию хориҷӣ ба роҳ монда аст.

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ШАРИКОН