ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Тақвим

Июл 2018
17
Сешанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз2748
mod_vvisit_counterДирӯз5907
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта8656
mod_vvisit_counterДар ин моҳ68847
mod_vvisit_counterҲамарӯза3355678

RILO Москва

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Овоздиҳӣ

Чӣ тавр Шумо дар бораи мо маълумот пайдо намудед?
 

Ба ҷазои ҷинои кашидани намояндаи ҶДММ “Меҳр - 777” – барои қочоқ

Чоп PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ аз ҷониби кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Дидбонгоҳи гумрукии "Фотеҳобод"- и гумруки Мастчоҳи Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд, муайян карда шуд, ки шаҳрванд М. З. аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо дигарон даст ба содир намудани ҷиноят задаанд, ки моҳияти он қочоқ, интиқоли мол ва ашёи дигар аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифодаи техникаи компютерӣ, иборат мебошад.

 

 

Шаҳрванд З.Н. дар асоси ваколатнома ҳамчун намояндаи ҶДММ "Меҳр - 777" баромад намуда, бо мақсади ба даст овардани даромади муфт, аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо дигарон ба воситаи нақлиёти боркаши тамғаи "Волво" рақами қайди давлатиаш B 721 – SYN – 64 16 BD аз Ҷумҳурии Мардумии Чин, 35 номгӯйи молу маҳсулотҳои сохтмонӣ, конселярӣ, либосҳои мардонаю занона, сару либос ва бозичаҳои гуногуни кӯдакона ва дигар молҳои ниёзи мардумро бидуни барасмиётдарории гумрукӣ вориди Ҷумҳурии Тоҷикистон намудааст.

 

 

Тибқи маълумотномаи Шуъбаи ташхиси криминалистии РВКД - и ВКД - и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, муайян карда шуд, ки нақши мӯҳрҳои даврашакл ва нақши сиккаҳои росткунҷашакл дар рӯи варақаи ҳуҷҷатҳои рӯйхати номгӯйи мол гузошташуда, бо истифода аз воситаи нусхабардорӣ ва дастгоҳи чопии ранга гузошта шудаанд.

Мувофиқи маълумотномаи Раёсати батанзимдарории тарифию гумрукӣ ва назорати арзии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шуд, ки арзиши молу маҳсулотҳои тариқи қочоқ ворид намудаи шаҳрванд М. З. ва дигарон, маблағи умумии 464 ҳазору 594 сомонию 13 дирамро ташкил медиҳад, ки дар натиҷаи ин ҳаракатҳои қасдонаи онҳо ба буҷаи давлат ба миқдори калон зарари моддӣ расонида шудааст.

Оид ба ҳолати зерин нисбат ба намояндаи ҶДММ “Меҳр - 777” М. З. ва дигарон бо моддаи 289 қисми 2 ва 340 қисми 2 – и бандҳои «б, в» - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, дар Прокуратураи вилояти Суғд мавриди тафтишот қарор дорад.

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ШАРИКОН