ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Тақвим

Июн 2018
21
Панҷшанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз7750
mod_vvisit_counterДирӯз7282
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта20659
mod_vvisit_counterДар ин моҳ100000
mod_vvisit_counterҲамарӯза3344817

RILO Москва

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Овоздиҳӣ

Чӣ тавр Шумо дар бораи мо маълумот пайдо намудед?
 

Назму тартиб ҳар куҷое пойдор...

Чоп PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Бо мақсади таъмин намудани нуфузи бештари суннатҳои фарҳангиву арзишҳои мардумӣ ва боз ҳам устувор гардонидани пояҳои давлатдории миллӣ бо ташаббуси Президенти мамлакат даҳ сол пеш Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки ин санад дар самти ба низому тартиб даровардани маросиму ҷашнҳои милливу динӣ нақши барҷаста гузошт.

Эмомалӣ Раҳмон

 

Дар Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Тусунзода барои татбиқи босамари Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, чун дигар воҳидҳои сохтории Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияи махсус оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо фаъолияти доимӣ мебарад.

 

 

 

Комиссияи мазкур оид ба риояи бечунучарои муқаррароти қонун дар байни ҳайати шахсӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ва таблиғотию ташвиқотӣ бурда, барои ба низом даровардани ҷашну маросимҳо саҳми арзанда мегузорад.

Тавре аз рӯи маълумотҳои оморӣ бармеояд, дар нимсолаи аввали соли равон аз ҷониби ҳайати шахсии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Тусунзода ҳангоми гузаронидани ҷашну маросимҳои хурсандӣ ва азо ба қонуншиканиҳо роҳ дода нашудаву аз ҳисоби сарфакорӣ зиндагии кормандон рӯ ба беҳбудӣ овардааст.

Сардори Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Турсунзода полковник Хуршед Шерализода, зимни суҳбат иброз дошт, ки ҷараёни иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳти назорати доимии роҳбарияти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, оянда низ дар ин самт фаъолият тақвият дода мешавад: “Қобил ба зикр аст, ки хушбахтона имрӯз қабули қонун ҳамчун яке аз иқдомҳои муҳим ба шумор рафта, барои ҳифзи анъанаҳои мардумӣ барои ҳалли мушкилоти зиёди мардум гардида, ҷашну маъракаҳо ва расму ойинҳоро дар кишвар ба низом даровард”.

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ШАРИКОН