ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Тақвим

Апрел 2018
24
Сешанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз2545
mod_vvisit_counterДирӯз2192
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта4737
mod_vvisit_counterДар ин моҳ100000
mod_vvisit_counterҲамарӯза3006282

RILO Москва

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Овоздиҳӣ

Чӣ тавр Шумо дар бораи мо маълумот пайдо намудед?
 

Ҷавони соҳибмақом

Чоп PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Бо такя ба пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки соли 2017 - умро Соли ҷавонон эълон намудаанд, бо дастгирии Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал - лейтенанти адлия Абдуфатоҳи Ғоиб дар воҳидҳои сохтории мақомоти гумрук як қатор ҷавонони болаёқат ба корҳои сарварӣ ҷалб гардидаанд.

Аз ҷумла, сардори гумруки “Дӯстӣ” - и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Турсунзода Далер Давлатов аз зумраи онҳост.

Номбурда соли 2009 баъд аз хатми Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон бо ихтисоси андоз ва андозбандӣ, барои идомаи таҳсил ба факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон дохил шуда, ба сифати ҳуқуқшинос соҳиби маълумоти олии дуюм гардид.

Далер Давлатов фаъолияти кории худро ба сифати нозири шӯъбаи омори гумрукии Раёсати таҳлил ва омори гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз бахшид. Дар давоми фаъолияти худ дар мақомоти гумрук дарк намуд, ки барои сазовор гардидан ба комёбиҳо ва гумрукчии асил шудан, азхудгузаштанҳо мебояд. Зеро, ҳимояи манфиатҳои иқтисодӣ ва пеши роҳи қонуншиканиҳоро гирифтан кори саҳлу осон нест. Дарки ин маънӣ ӯро роҳбалад гашт, то ба фатҳи қуллаи мурод комёб бигардад.

Натиҷаҳои назарраси бадастовардаш Далер Давлатовро дар муддати кӯтоҳ миёни ҳамкорон соҳибобрӯ гардонид. Муваффақиятҳои ӯро Роҳбарияти Хадамоти гумрук ба инобат гирифта, вазифаҳои нозири шӯъбаи ташкили мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовари Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ, сарнозири шуъбаи ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ, муовини дидбонгоҳи гумрукии “Душанбе - 1” - и Раёсати минтақавии гум- рукӣ дар шаҳри Душанбе, муовини сардори Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе, сардори дидбонгоҳи гумрукии “Дӯстӣ” - и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Турсунзода ва билохира аз 1 - уми декабри соли 2016 вазифаи сардори гумруки “Дӯстӣ” - и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Турсунзодаро ба зиммааш гузоштанд.

Тавре зимни суҳбат Далер Давлатов бо кормандони маҷаллаи “Гумрук” иброз намуд, - “Дар арафаи ҷашни 25 солагии мақомоти гумрук дар Терминали наздисарҳадии байналмилалии автомобилӣ дар назди гумруки «Дӯстӣ» - и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Турсунзода ҶДММ “Терминали Дӯстӣ” дар вазъияти тантанавӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

ҶДММ «Терминали Дӯстӣ» воқеъ дар шаҳри Турсунзода дорои тамоми имконот, аз ҷумла, бинои маъмурӣ, ошхона, меҳмонхона, анбори нигоҳдории маҳсулот, сардхона, ҷойи махсус барои таъмири мошинҳо, таваққуфгоҳ, нуқтаи хизматрасонии хазинавӣ, нуқтаҳои воситаҳои нақлиёти боркаш ва сабукрав, тарозуи рақамӣ, ҳавзи оташнишонӣ, нуқтаҳои алоҳидаи шустушӯӣ, қаҳвахона, нуқтаи тиббӣ ва истгоҳҳои обтаъминкунӣ буда, пайваста дар хизмати шаҳрвандон қарор дорад. Феълан соҳибкорону ронандагон барои воридоту содироти молу маҳсулот метавонанд аз хизматрасонии иншооти нав пурра баҳравар гарданд. Маврид ба зикр аст, ки бинои маъмурии “Терминали Дӯстӣ” аз 2 ошёна, аз ҷумла 18 ҳуҷраи корӣ ва маҷлисгоҳ иборат мебошад. Минбаъд соҳибкорон расмиёти гумрукии молу воситаҳои нақлиётро дар муддати кӯтоҳ ва бехароҷоти зиёдатӣ дар як ҷой анҷом медиҳанд. Зеро дар бинои маъмурӣ барои фаъолияти мутахассисони тамоми сохторҳои масъул, аз ҷумла, барасмиятдарории гумрукӣ, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо, Хадамоти фитосанитарӣ ва карантини растанӣ, Маркази сертификаткунонии кор ва хизматрасонӣ дар соҳаи нақлиёт ва Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт шароит фароҳам оварда шудааст. Барои соҳибкорон, ронандагон ва дилхоҳ муроҷиаткунанда дар қаҳвахонаи иншооти мазкур, ки дар як вақт барои то 100 нафар ҷой омода карда шудааст, хӯрок фармоиш диҳанд ва инчунин бо саққобозӣ машғул шуда, фароғати худро комил намояд.

Меҳмонхона аз 17 ҳуҷраи иборат буда, дар як вақт барои то 40 нафар пешбинӣ шудааст ва мизоҷон метавонанд аз шароити замонавии хизматрасонӣ барои буду бош, ки ба таври доимӣ ба роҳ монда шудааст, баҳравар гарданд. Анбори нигоҳдории муваққатии маҳсулот барои 10 нақлиёт пешбинӣ шудааст. Дар ин ҷо дар як вақт барои нигоҳдории то 2 ҳазору 500 метри мукааб маҳсулоти гуногун шароит фароҳам аст.

Барои маҳсулоти зудвайроншаванда бошад 8 сардхонаи замонавӣ бунёд ёфтааст, ки маҳсулот дар ҳарорати зарурӣ нигоҳ дошта мешавад. Таваққуфгоҳи барҳавою замонавии нақлиётӣ барои 100 мошин пешбинӣ шудааст. Дар маҷмуъ, имрӯз дар ҶДММ «Терминали Дӯстӣ» бо назардошти талаботи сатҳи ҷаҳонӣ имконоти замонавӣ мутобиқи талаботи Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин гардидааст”.

Новобаста аз вазъи ноустувори молиявии бозори ҷаҳонӣ ва авзои сиёсӣ, - гуфт дар идомаи суҳбаташ Далер Давлатов, дар як қатор кишварҳои дунё, хусусан пастравии рушди иқтисодиёти шарикони асосии тиҷорати Тоҷикистон, талабот ба бархе аз молу маҳсулоти содиротию воридотӣ кам гардида, гардиши савдои хориҷии кишвар коҳиш ёфтааст, вале мо гумрукчиён азм дорем, дар ғановати буҷа ва таъмини амнияти иқтисодӣ саҳми арзандаи худро гузошта, баҳри рушду нумӯъи кишвари азизамон сайъу талош варзем”.

Аҳли гумруки “Дӯстӣ” - и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Турсунзода, ки қисмати бештари онҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд, бо роҳбарии Давлатов Далер, Дустов Шӯҳрат муовини сардори гумруки “Дӯстӣ” - и Раёсати минтақавӣ дар шаҳри Турсунзода ва сардори дидбонгоҳи барасмиятдарории мол ва воситаҳои нақлиёт Неъматулло Ҷобиров аз он изҳори хушнудӣ доранд, ки: - “Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаққи мо ҷавонон пайваста ғамхорӣ зоҳир менамоянд ва аз ҷониби Роҳбари давлат эълон гардидани соли 2017 ҳамчун Соли ҷавонон моро руҳбаланд гардонид ва ҷавобан ба ин ғамхориҳо кӯшиш ба харҷ медиҳем сазовори боварӣ ва давомдиҳандаи кори аҷдодони бонангу ори худ бошем”.

Дар интиҳо ба сардори гумруки “Дӯстӣ” - и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Турсунзода, майори хадамоти гумрук Далер Давлатов ва аҳли кормандонаш барору комёбӣ таманно намуда, орзӯи он дорем, ки дар пешаи интихобкардаи худ содиқ ва соҳибмақом гарданд, то мардум аз фаъолияти онҳо ҳамеша ризо ва саодатманд бошанд.

ШАРИКОН