ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Тақвим

Апрел 2018
26
Панҷшанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз2134
mod_vvisit_counterДирӯз3187
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта7513
mod_vvisit_counterДар ин моҳ100000
mod_vvisit_counterҲамарӯза3009058

RILO Москва

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Овоздиҳӣ

Чӣ тавр Шумо дар бораи мо маълумот пайдо намудед?
 

Вохӯрии судманд

Чоп PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Дастгирии кормандони гумруки шаҳри Душанбе аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»


Дар Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе доир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳти №272 аз 8-уми июни соли 2007 семинари омӯзишӣ гузаронида шуд.

Дар чорабинии мазкур кормандони гумрук ва сармутахассиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Файзигул Юсупова ва мутахассиси пешбари Кумитаи мазкур Муслиҳиддин Хоҷамиров иштирок намуданд.

Бояд гуфт, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар асоси дархосту пешниҳоди сокинони мамлакат таҳия гардида, барои ҳимояи манфиатҳои аҳолӣ, сарфа намудани маблағҳои падару модарон ва пешгирӣ намудани пастшавии сатҳи зиндагонии мардум равона шудааст.

 

 

 

Нахуст аз тарафи роҳбарияти Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе қайд гардид, ки анъана ва ҷашну маросимҳо ҳамчун омили муҳими зуҳуроти иҷтимоӣ зарурат ба танзим дошта, мутобиқи талаботи замон бояд инкишоф ёбанд.

Вале тайи солҳои охир аз ҳад зиёд сермасраф гардидани баргузории ҷашну маъракаҳо ва анъанаҳои мардумӣ бори гаронеро ба сари мардуми Тоҷикистон оварданд. Тақлидкорӣ ва рақобати бемантиқ дар гузаронидани тӯю маъракаҳо боиси хароҷотҳо ва исрофкориҳои аз ҳад зиёд шуда, маросимҳои дафну азодориро ба бори гарони зиндагӣ табдил додаанд.

Акасарияти мардум ҳангоми гузаронидани тую маъракаҳо ва дафну азодории наздикон ба дигарон куркурона тақлид намуда барои гузаронидани маъракаҳои тӯю, азодорӣ, худ ва хонаводаашонро зери қарзҳои гарон монда, маъракаҳои калони нолозим барои гирифтани обрӯ мегузарониданд.

Пас аз гузаронидани чунин маъракаҳо маълум мешавад, ки барои баргардонидани қарзҳои гирифтаи худ онҳо маҷбур мегарданд ба муҳоҷирати меҳнати ба давлатҳои дигар сафар кунанд.

Ҳамаи ин бесарусомониҳоро ба инобат гирифта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми чораҳоро андешида, бо аҳли зиё ва уламои дин ва фаъолони кишвар машварат намуда ба хулосае омаданд, ки роҳи ягонаи ҳарчи зудтар халос кардани мардум аз ин вазниниҳои сохта ва бидъатхо қабули қонун мебошад. Дар ин асно, аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумхурии Тоҷикистон» аз 08 июни соли 2007 таҳти №272 ба имзо расидааст ва то ба имрӯз ҳукми амали худро дорост.

Сармутахассиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашу маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзигул Юсупова дар навбати худ афзуд, ки ҷиҳати амалӣ гардидани қонуни мазкур, сабабҳо ва омилҳои ба вуҷуд омадани қонун, ҳамкории Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо комиссияҳои доимии маҳаллӣ чораҳои дахлдор андешида мешаванд.

Юсупова аз ҷумла қайд намуданд, ки гузаронидани маъракаҳо аз ҷониби аксарият ин як макони худнамоишдиҳию ҳангоматалабӣ табдил гардида буд, ки ин гуна рафтор ба тафриқа ва ҷудо андохтани мардумон ба табақаҳо гардида буд. Агар як ҳамсоя тую маъракаҳои худро ба сарфу хароҷоти зиёд мегузаронид, ҳамсояи дигар ман аз вай чӣ ками дорам гуфта кӯшиш мекард, ки маъракаи худро бо харҷи дучанд гузаронад. Ин мусобиқаҳои бемаънӣ то ба ҷойе оварда мерасонид, ки аксарияти мардумон худро дар зери қарз гузошта , баъди гузаронидани маъракаҳои худ маҷбур мешуданд, ки домодро ба муҳочирати меҳнатӣ ба мамлакатҳои дигар равон созанд, ки дар аксарияти ҳолатҳо ин ба вайрон шудани оилаи ҷавон оварда мерасонид. Ҳамаи ин омилҳоро ба инобат гирифта аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳарии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумхурии Тоҷикистон» аз 08 июни соли 2007 таҳти №272 ба имзо расидааст ва то имрӯз амал намуд истодааст. Ба қонуни номбурда 2 маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд, ин ҳам бошад соли 2008 ва соли 2010.

Аз рӯзи мавриди амал қарор гирифтани расидани қонун мазкур аксарияти маъракаҳои нолозим ба монанди чойгаштак, арусбинон, гавҳорабандон, домодталбон, тақузбинон, маъракаҳои азодорӣ ба монанди оши саритахта, иртиш се ва ҳафт аз байн бардошта шуд. Худ қазоват кунед ҳангоми маъракаи чойгаштак арус қариб 10 маротиба либос иваз мекунад, ки арзиши миёнаи онҳо камаш 2000 доллари ИМА-ро ташкил медиҳал ва дар байни 3 соат ба ғайр аз зиёфати 150-200 нафар ва ороишоти арус танҳо барои либосҳояш 2000 доллар масраф мешавад.

Ё маъракаи оши саритахта, ки ҳангоми фавти ягон аъзои оила бояд, ки ба мардуми ба ҷаноза омада медоданд. Дар аксари ҳолатҳо мардуми оддӣ чорвои охирони худро забҳ мекарданду худ, аз манбаи охирони даромад мемонданд. Мутобиқи қонуни мазкур дар маросимҳои дафну азодорӣ ташкили «оши саритахта», «душанбебегӣ», «ҷумъагӣ», «ҳафт», «бист», «шашмоҳагӣ», ҳамчунин додан пули нақд ва дигар ашё, ба истиснои ҳаққи хизмати қабркан ва мурдашӯй, манъ аст.

Дар баромади худ Юсупова Ф. қайд карданд, ки ба исрофкорию ҳангоматалаби асосан занҳо даст мезананд, чунки аксарияти занҳо гузаронидани маъкакаҳоро ба як мусобиқаи худнамоишдиҳӣ табдил додаанд. Зикр гардид, ки аксарияти хизматчиёни давлатӣ ва мансабдорон низ ба гузаронидани маъракаҳои серхароҷот бо даъвати шумораи зиёди ҳофизону сарояндагон даст мезананд, ки ба ҳамаи онҳо маблағи муайяне дода мешавад.

Ҳангоме, ки мо хизматчии давлатӣ мебошем, маош гирифта зиндагии худро пеш мебарем, аз рӯи вазифаи худ ҳар яки мо соҳиби обрӯву эътибор мебошем, лекин чаро мо худ қонунҳои давлатро эътироф намекунем ба қонуншиканиҳо даст мезанем. Бояд, ки ҳар яки мо амалбардори қонунҳои ин давлат бошем намунаи ибрати дигарон бошем ба қонуншиканиҳо даст назанем. Ҳамзамон аз ҷониби номбурда нисбати ҳар як моддаи қонуни мазкур маълумотҳои муфассал дода шуд.

Дар рафти семинарии омӯзиши аз ҷониби кормандони Раёсат Шерхонов Фарис, Маҳмадалиева Зебо, Бегов Ҷумахон, Сафаров Саидҷон саволҳои мушаххас дода шуданд ва ба онҳо аз тарафи мутахассисон ҷавобҳои пурра дода шуд.

Роҳбарияти Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе ҳозиринро ҳушдор намуданд, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон нисбати иҷроиши талаботҳои қонуни дар боло зикршуда аҳамияти калон дода мешавад ва ҳар яки мо ҳамчун хизматчиёни давлатӣ иҷроиши бечунучарои қонуни мазкурро ҳангоми гузаронидани маъракаҳои худ дар мадди аввал гузорем ва ба қонуншиканиҳо роҳ надиҳем.

Ҳамазамон ба самъи хозирин расонида шуд, ки дар Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе Комиссияи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои кормандон амал мекунад, ки гузаронидани маъракаҳои кормандон таҳти назорати ин комиссия мебошад.

Дар охир кормандони гумрук ба меҳмонон аз номи ҳайати шахсии Раёсат минатдорӣ баён намуда қайд намуданд, ки вохурӣ хеле хотирмон, оммафаҳм гузаронида шуда, меҳмононро боварӣ кунониданд, ки ягон нафар аз кормандони Раёсат талаботҳои қонуни мазкурро сарфи назар намекунанд.

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ШАРИКОН