ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Тақвим

Сентябр 2018
19
Чоршанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз3526
mod_vvisit_counterДирӯз6184
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта17292
mod_vvisit_counterДар ин моҳ90638
mod_vvisit_counterҲамарӯза3716276

RILO Москва

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Овоздиҳӣ

Чӣ тавр Шумо дар бораи мо маълумот пайдо намудед?
 

Кормандони Хадамоти гумрук ба курсҳои забони тоҷикӣ ҷалб гардиданд

Чоп PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Донишкадаи такмили ихтисос як воҳиди сохтории Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, тибқи нақшаи корӣ ва супоришҳои роҳбарият курсҳои такмили ихтисосро дар самтҳои гуногун ба роҳ мемонад. Аз ҷумла, аз 24 - ум то 26 - уми августи соли ҷорӣ бо мақсади мукаммал гардонидани донишу малакаи кормандони мақомоти гумрук мутобиқи дастуру супоришҳои роҳбарияти Хадамоти гумрук ва ҷиҳати иҷрои банди 4 - уми қарори Шӯрои илмию методии Донишкадаи такмили ихтисос, курси кӯтоҳмуддат дар самти омӯзиши забони давлатӣ барои кормандони Дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук бо иштироки 24 нафар ба роҳ монда шуд.

 

 

 

Ҳамчунин, ҷиҳати баргузор намудани курси омӯзиши забони тоҷикӣ, лоиҳаи Барномаи таълимӣ барои таълим ва тадриси кормандони мақомоти гумрук таҳия гардида, аз ҷониби роҳбарияти Хадамоти гумрук мавриди дастгирӣ, қарор гирифт.

Қайд кардан ба маврид аст, ки ҷиҳати иҷрои нақша чорабиниҳое, ки бо фармоиши Сардори Хадамоти гумрук таҳти №112 аз санаи 11 – уми июли соли 2017 ба имзо расид, ҷалб намудани мутахассисони дигар сохтору муассисаҳо дар мақомоти гумрук тариқи шартнома ба роҳ монда мешавад.

Аз ин лиҳоз, баҳри дар сатҳи баланди касбӣ ҷараён додани раванди таълиму тадрис дар самти омӯзиши забони тоҷикӣ, омӯзгори кафедраи забони тоҷикӣ ва назарияи забоншиносии Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, Фатҳуллоев Қутбиддин дар мувофиқа бо роҳбарияти Хадамоти гумрук барои пешбурди машғулиятҳо даъват гардид.

 

 

Мақсад аз баргузор намудани курси мазкур ин мукаммал намудани сатҳи дониши ҳайати кормандони мақомоти гумрук ва истеъмоли дурусту мувофиқ ҳангоми корбурди забони давлатӣ дар ҷараёни кор, риояи тамоми талаботҳо ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” мебошад.

Ҳамчунин, мувофиқи Барномаи мазкур машғулиятҳо ба таври назариявӣ ва амалӣ оид ба мафҳум, моҳият, истифодабарии дуруст ва риояи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.

Қобили қайд аст, ки баргузории чунин курсҳои мазкур барои беҳтар шудани маҳорат ва малакаи касбии кормандони мақомоти гумрук заминаи мусоид фароҳам меоранд.

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ШАРИКОН