ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Тақвим

Июл 2018
23
Душанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1619
mod_vvisit_counterДирӯз5453
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта1619
mod_vvisit_counterДар ин моҳ100000
mod_vvisit_counterҲамарӯза3387390

RILO Москва

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Овоздиҳӣ

Чӣ тавр Шумо дар бораи мо маълумот пайдо намудед?
 

Ба роҳ мондани иҷрои қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ВМКБ

Чоп PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

«…То расму ойин ва маросимҳои милливу динии худро ба як низоми муайян надарорем ва хароҷоти беҳудаву зиёдатии мардумро аз байн набарем, ба натиҷаҳои дилхоҳу назаррас ноил шуда наметавонем».

Эмомалӣ Раҳмон

 

Раёсати минтақавии гумрукӣ дар ВМКБ барои татбиқи босамари Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, чун дигар воҳидҳои сохтории Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияи махсус оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо фаъолияти доимӣ бурда, дар ин самт корҳои муайянеро ба анҷом расонидаанд.

 

Дар масъалаи риояи расму ойинҳо ва ба танзим овардани анъанаҳои миллӣ, маросими ақди никоҳ ва бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати пешгирии истифодаи ғайримақсадноки биною иншоот ва автомашинаҳои хизматии давлатии кормандони мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон фармони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо кормандон дар доираи маҷлису машваратҳо, дарсҳои тахассусӣ ҷаласаҳои «Комиссияи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» - и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар ВМКБ баҳри беҳбудӣ ва пойдории ҳайёти иҷтимоии кормандон корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шудаанд.

 

 

Ҳамчунин сардорони воҳидҳои сохтории Раёсати минтақавии гумрукӣ дар ВМКБ ва комиссия вазифадор карда шудаанд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» - ро дар дарсҳои тахассусӣ ва ҷаласаҳо ба ҳайати шахсӣ мунтазам мавриди омӯзиш қарор диҳанд.

Комиссия оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Раёсати минтақавии гумрукӣ дар ВМКБ барои амалӣ намудани қонуни мазкур мунтаззам бо намояндагони шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ дар ҳамкорӣ мебошад.

Моҳи июли соли ҷорӣ намояндаи шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ Тайғуншоев Тайғуншо ба Раёсати минтақавии гумрукӣ дар ВМКБ даъват шуда, ӯ дар мавзӯи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуд.

Қобил ба зикр аст, ки самти мазкур яке аз самтҳои асосии фаъолияти Раёсат ба ҳисоб рафта таҳти назорати доимии роҳбарияти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, оянда низ дар ин самт чорабиниҳои иловагӣ ҷиҳати тақвияти кор, таъмини самарабахши дастуру супоришҳои Роҳбарияти Хадамоти гумрук, аз ҷониби роҳбарияти раёсат дар назар аст.

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ШАРИКОН