ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Тақвим

Сентябр 2018
19
Чоршанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1574
mod_vvisit_counterДирӯз6184
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта15340
mod_vvisit_counterДар ин моҳ88686
mod_vvisit_counterҲамарӯза3714324

RILO Москва

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Овоздиҳӣ

Чӣ тавр Шумо дар бораи мо маълумот пайдо намудед?
 

Риояи қатъии волоияти қонун

Чоп PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар ВМКБ дар асоси фармоишҳои Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи нақша чорабиниҳо оид ба мубориза бо коррупсия ва зуҳуроти сӯйистифода аз вазифаҳои хизматӣ дар мақомоти гумрук барои солҳои 2016-2018», «Дар бораи тасдиқи барнома оид ба мубориза бо нишонаҳои коррупсия ва ҷиноятҳои вазифавӣ дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» ва оид ба таҳким бахшидани иҷрои «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» корҳои муайянеро ба анҷом расонидаанд.

 

 

Назорати риояи қонуният ва интизоми меҳнатию хизматӣ ва пешгирӣ намудани эҳтимолияти пайдоиши зуҳуроти номатлуб ва амалҳои коррупсионии кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар ВМКБ, яке аз самтҳои асосии сиёсати кадрӣ дар Раёсат ба шумор рафта, барои пешгирии он аз ҷониби роҳбарияти Раёсат ҳамаҷониба тадбирҳои мушаххас андешида мешавад.

Оинномаи интизомии мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси одоби касбии корманди Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам дар машғулиятҳои омодагии касбию хизматии кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар ВМКБ таҳти омӯзиш қарор дода мешавад.

Бо мақсади роҳ надодан ба ҳолатҳои вайронкунии интизоми хизматӣ, сӯйистифода аз мансаб ва ё содир кардани кирдори ҷиноят тибқи талаботи моддаи 486-и Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон корманд савганди шахси мансабдори мақомоти гумрукро ёд мекунад, зимни моддаи 483, банди 12-14-и Кодекси мазкур мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қайди дактилоскопӣ ва тибқи банди 14-и Кодекси мазкур мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи коррупсия» уҳдадории хаттӣ медиҳад.

Раёсати минтақавии гумрукӣ дар ВМКБ оид ба масъалаҳои маҳорату малакаи касбӣ, интизоми хизматӣ, ахлоқ, баланд бардоштани обрӯю эътибори мақомоти гумрук ва эътимоди шаҳрвандон нисбат ба хизматчии давлатӣ диққати махсус медиҳад.

Барои саривақт чораҷӯӣ кардани далелҳои ҳодисаи вайронкунии интизоми хизматӣ, сӯйистифода аз мансаб ва вазифаҳои хизматӣ ва дигар далелҳои номатлубе, ки шаъну шарафи кормандони гумрукро паст мезанад, дар Раёсати минтақавии гумрукӣ дар ВМКБ ва дидбонгоҳҳои гумрукии наздисарҳадӣ «телефонии боварӣ» насб гардидаанд. Ва Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабули шаҳрвандон» дар Раёсат ва воҳидҳои сохтори ҳар рӯзи шанбе рӯзҳои қабули шаҳрвандон ба роҳ монда шудааст, ки арзу шикоят ва дархости шаҳрвандон, соҳибкорон ва шаҳрвандони хориҷиро сабт намуда, дар асоси маълумотҳои воридшуда тадбирҳои дахлдор андешида мешавад.

Илова ба ин, барои тақвияти фаъолият дар ин самт дар Раёсати минтақавии гумрукӣ дар ВМКБ суди шарафи афсарӣ амал менамояд, ки ҷиҳати ташаккули маънавӣ, баланд бардоштани масъулиятнокии ҳайати шахсӣ, таҳким бахшидани тартибу интизом, тарбияи ахлоқӣ ва иҷрои софдилонаву самараноки вазифаҳои хизматӣ ва пешгирии сӯйистифодаи ваколатҳои хизматӣ аз ҷониби кормандон ба роҳ монда шудааст.

Пешгирии ҳодисаи вайронкунии интизоми хизматӣ, масъулияти вазифаҳои ба зиммадошта, ё содир кардани кирдори ҷиноят мунтазам дар маҷлисҳои фаврии назди сардори Раёсати минтақавии гумрукӣ дар ВМКБ мавриди муҳокима қарор дода мешаванд ва дар ҳолати рух додани чунин амалҳо аз тарафи кормандон, тафтишоти хизматӣ гузаронида шуда, баъд аз муқаррар намудани дараҷаи гуноҳ нисабти ӯ чораҳои мушаххас андешида мешавад.

Раёсати минтақавӣ дар ВМКБ мунтазам бо кормандои Прокуратураи вилоят, Агентии давлатии мубориза бар зидди коррупсия суҳбатҳо ороста, бо намояндагони доираҳои тиҷоратӣ ва кормандони гумрук, шӯроҳои машваратӣ ташкил карда, мунтазам бо соҳибкорон ва иштирокчиёни фаъолияти иқтисоди хориҷии вилоят вохӯриҳо гузаронида мешавад, ки масъалаҳои мубрами фаъолияти мақомоти гумрук дар ҷаласаҳои онҳо мавриди баррасӣ қарор мегирад.

Чунин вохӯриҳо агар аз яктараф ба иштирокчиёни фаъолияти иқтисодӣ хориҷӣ оид ба такмил додани усул ва шаклҳои назорати гумрукӣ шароит фароҳам оваранд, аз тарафи дигар масъулияти дараҷаи назорат аз болои фаъолияти мақомоти гумрук дар сатҳи лозимӣ қарор мегирад ва дар бавуҷуд овардани муҳити созанда ва боварӣ мусоидат менамояд.

Пешгирӣ намудан ва аз байн бурдани ҳолатҳои коррупсионӣ ва қонуншиканӣ, риояи тартиботи ҷамъиятӣ, шаффофият ва волоияти қонун, зуҳуроти номатлуб, ҳамчун самти афзалятноки фаъолияти Раёсати минтақавии гумрукӣ дар ВМКБ ба шумор рафта, дар оянда низ ҷиҳати тавқияти кор дар ин самт андешидани тадбирҳои судманд идома хоҳад ёфт.

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ШАРИКОН