ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Тақвим

Июл 2018
20
Ҷумъа
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз724
mod_vvisit_counterДирӯз5418
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта22883
mod_vvisit_counterДар ин моҳ83074
mod_vvisit_counterҲамарӯза3369905

RILO Москва

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Овоздиҳӣ

Чӣ тавр Шумо дар бораи мо маълумот пайдо намудед?
 

Ҷамъомад бахшида ба 26 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

"JDS Project" ин лоиҳаи грантие мебошад, ки дар асоси Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷопон оид ба омода намудани кадрҳои баландихтисос дар донишгоҳҳои давлатии Ҷопон тӯли 9 сол аз тарафи JICA (JICE) амалӣ шуда истодааст.

Тибқи ин лоиҳа хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки забони англисиро хуб медонанд, пас аз гузаштан аз имтиҳони шаффофи тӯлонии ҷопонӣ хуқуқи таҳсил намудан дар донишгоҳҳои бонуфузи Ҷопонро ба муддати ду сол ба сифати магистр соҳиб мегарданд.

 

Ӯ аз ҷумла, қайд намуд, ки даврони Истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем.

Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд.

 

 

Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.

 

 

Сипас, омӯзгорони Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нозири калони кафедраи “Иқтисодиёт, ҳуқуқ ва фаннҳои махсус”, лейтенанти хадамоти гумрук Нозимов Ансорӣ, сарнозири кафедраи “Ташкили назорати гумрукӣ ва информатика”, полковники хадамоти гумрук Бадалов Назрибек оид ба дастоардҳо дар давоми 26 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯзаҳои худро пешкаши ҳозирин намуданд.

 

 

Инчунин, нозири калони шуъбаи ҳуқуқи Раёсати таъмини ҳуқуқ, майори хадамоти гумрук Сарвиноз Исматова, сардори Донишкадаи такмили ихтисос, полковники хадамоти гумрук Сабзаалӣ Шарифзода ва нозири калони шуъбаи ташкил ва таҳлили баҳисобгирии пардохтҳои гумрукии Раёсати батанзимдарории тарифию гумрукӣ ва назорати арзӣ, лейтенанти хадамоти гумрук Назров Масрур ба сухан баромада, оид ба Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастовардҳои мақомоти гумрук дар давоми 26 сол ибрози ақида намуданд.

 

 

Роҳбарияти мақомоти гумрук дар анҷоми ҷамъомад аҳли толорро бо фарорасии ҷашни Истиқлолияти давлатӣ муборакбод намуда, дар ҳаёти шахсӣ ва фаъолияти кориашон барору сарбаландӣ ва комёбиҳои нав ба нав орзу намуданд.

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ШАРИКОН