ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish
АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
Дар ҳақиқат, гумрук дар ҳаёти ҳар як давлати соҳибистиқлол аҳамияти фавқулодда дорад ва гузашта аз ин дарвозаи ҳар давлат аст. Зеро аз кори мақомоти гумрук на танҳо таъмини молиявии соҳаҳои гуногуни фаъолияти давлат, балки бехатарии иқтисодӣ, фарҳангӣ, идеалогӣ ва экологии он вобастагии бевосита дорад.

 

СУХАНРОНӢ ДАР МУЛОҚОТ БО СОҲИБКОРОН ВА САРМОЯГУЗОРОНИ ВАТАНИВУ ХОРИҶӢ

Муҳтарам соҳибкорон ва сармоягузорон!
Ҳозирини арҷманд!

Мулоқоти имрӯзаи мо ба муносибати Рӯзи соҳибкорон, ки се сол қабл ҳамчун рамзи дастгирии фаъолияти касбии шумо дар роҳи ободии Ватан эълон гардида буд, сурат мегирад.

Ба ин муносибат кулли соҳибкорони ватандӯсти кишвар ва ҳамаи шумо, ҳозирини муҳтарамро табрик мегӯям ва дар фаъолияти минбаъдаатон барору комёбиҳои нав орзу менамоям...

 

 

 

 

 

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (37) 2017

 

№2 (38) 2017

 

№3 (39) 2017

 

№4 (40) 2017

Маълумоти криминалӣ

Пешгирии боз як ҳолати интиқоли маводи тарфгарӣ дар шаҳри Душанбе

27.12.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  346
Аз ҷониби кормандони Шуъбаи ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии...
Боздошти 1 тоннаю 440 килограмм «Шираи камол» дар вилояти Хатлон

22.12.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  395
Амнияти иқтисодӣ, фарҳангӣ ва муҳити зист дар кишвар яке аз...
Дарёфт ва мусодираи маводи тарфгарӣ дар дохили воситаи нақлиёти истифодаи умум

18.12.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  353
Аз ҷониби кормандони Шуъбаи ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии...

Рӯйдодҳои гумрукӣ

Ҳамкориҳои судманди гумрукӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея

25.12.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  339
Санаи 7-уми марти соли ҷорӣ дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар...
Дар ҳошияи ҳамкориҳои байналмилалӣ

21.12.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  362
Санаи 21 - уми декабри соли 2017 дар Хадамоти гумруки...
Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ

24.11.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  555
Имрӯз дар толори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида...

Нишастҳои матбуотӣ

Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

18.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  2883
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки...
ЭЪЛОН

17.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  2642
Санаи 18 - уми июли соли равон соати 1000 дар...
Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

17.01.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  5415
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки...

Боду ҳаво

Тақвим

Январ 2018
22
Душанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз454
mod_vvisit_counterДирӯз4259
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта454
mod_vvisit_counterДар ин моҳ80112
mod_vvisit_counterҲамарӯза2619463

RILO Москва

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таҳсили илм ва такмил додани касбият дар Ҷопон

Чоп PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

"JDS Project" ин лоиҳаи грантие мебошад, ки дар асоси Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷопон оид ба омода намудани кадрҳои баландихтисос дар донишгоҳҳои давлатии Ҷопон тӯли 9 сол аз тарафи JICA (JICE) амалӣ шуда истодааст.

Тибқи ин лоиҳа хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки забони англисиро хуб медонанд, пас аз гузаштан аз имтиҳони шаффофи тӯлонии ҷопонӣ хуқуқи таҳсил намудан дар донишгоҳҳои бонуфузи Ҷопонро ба муддати ду сол ба сифати магистр соҳиб мегарданд.

 

 

Имсол бори аввал аст, ки Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имкони пешниҳод намудани номзадҳояшро барои иштирок дар лоиҳаи мазкур пайдо намуд.

Тибки лоиҳаи "JDS Project" соли 2017 - ум аз миёни 13 вазорату кумита ва идораҳои давлатии кишвар танҳо 7 нафар интихоб мегардид. Шумораи довталабони ин грант тақрибан ба 50 нафар расида буд.

Хушбахтона, яке аз кормандони ҷавони Хадамоти гумрук, нозири калони Гумруки Кӯлоб, лейтенанти хадамоти гумрук Фаррух Ҳалимов сазовори гранти мазкур гардида, барои таҳсили илм ва такмил додани касбият ба яке аз кишварҳои мутараққии ҷаҳон - Ҷопон сафар намуд.

Бояд тазаккур дод, ки Фаррух Ҳалимов кори илмиашро махсусан дар самти рушду тақвият додани фаъолияти гумрукӣ дар Донишгоҳи байналмилалии Ҷопон, ки дар он донишҷуёни хориҷӣ зиёда аз 90 кишвари ҷаҳон таҳсили илм мекунанд, мавриди омӯзиш ва тадқиқ қарор хоҳад дод.

 

 

Фаррух Ҳалимов сипосгузор аз он аст, ки - «Бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷавонон дар самти таҳсил ва баланд бардоштани савияи донишашон имкониятҳои зиёд фароҳам оварда шудааст.

Инчунин, аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон "Соли ҷавонон " эълон намудани соли 2017 мо ҷавононро руҳбаланд гардонид ва ҷавобан ба ин ғамхориҳои давлат ва ҳукумати кишвар бояд дониши худро такмил дода, баҳри рушду ободии диёр саҳми арзандаи худро гузорем».

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ШАРИКОН