ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Маълумоти криминалӣ

Қочоқи трасформатор ба маблағи 177 ҳазору 320 сомонӣ дар Суғд

17.08.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  174
Ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ дар роҳи мошингарди ҳудуди ноҳияи Ҷабор...
Пешгирии сиккаҳои Русияи подшоҳӣ - Екатерина 2 дар Хуҷанд

11.08.2017 |  12,25 |  662
Ҳангоми гузаронидани назорати гумрукии мусофирони хатсайри №645 самти «Хуҷанд-Москва»...
Пешгирии интиқоли ғайриқонунии 553 адад телефони мобилии «Samsung Galaxy»

08.08.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  427
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ - ҷустуҷӯӣ аз тарафи кормандони...

Рӯйдодҳои гумрукӣ

Вохӯрии навбатии кормандони Агентии коррупсия дар Хадамоти гумрук

13.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  779
Имрӯз дар толори Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии...
Глобальная Программа УНП ООН и ВТамО по контролю за контейнерными перевозками

05.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  750
В Таможенной службе Республики Таджикистан состоялась встреча с представителями Глобальная...

Нишастҳои матбуотӣ

Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

18.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  851
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки...
ЭЪЛОН

17.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  760
Санаи 18 - уми июли соли равон соати 1000 дар...
Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

17.01.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  3222
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки...

Боду ҳаво

Тақвим

Август 2017
22
Сешанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз3884
mod_vvisit_counterДирӯз5028
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта8912
mod_vvisit_counterДар ин моҳ100000
mod_vvisit_counterҲамарӯза1753727

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (37) 2017

 

№2 (38) 2017

 

№3 (39) 2017

 

№4 (40) 2017

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

RILO Москва

Оид ба натиҷаҳои фаъолияти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми нимсолаи аввали соли 2009

Чоп PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, баҳри иҷрои босифат ва саривақтии вазифаҳоидар назди мақомоти гумрук гузошташуда, чорабиниҳои Хадамотро барои нимсолаи аввали соли 2009 таҳия карда, бо мақсади ғанигардонии буҷети давлатӣ аз ҳисоби пардохтҳои гумрукӣ, пурзур намудани мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ, ташкили фаъолияти фаврию ҷустуҷӯӣ дар воҳидҳои тобеъ, мубориза бар зидди амалҳои коррупсионӣ, тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳо як қатор корҳоро ба анҷом расонид.

 

Дар ин давра ба унвони Хадамоти гумрук 18 Қонун, 14 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 104 қарор ва 497 супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудааст.

 

Аз ин шумора, аз ҷумла 12 Фармон, 94 қарор ва 153 супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои маълумот ва 2 Фармон, 10 қарор, 260 супориш барои иҷроиш ва 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон барои маълумот ва иҷроиш ба қайд гирифта шудааст, ки дар маҷмӯъ иҷрои ҳамаи ҳуҷҷатҳои номбаршуда дар мӯҳлатҳои муайяншуда иҷро ва қисми дахлдори онҳо таҳти назорат ва иҷроиш қарор доранд.

 

Ҷиҳати такмили фаъолияти гумрукӣ ва бо мақсади ғанӣ гардонидани қисми даромади буҷети давлатӣ, таъмини нақшаи воридоти пардохтҳои гумрукӣ мувофиқи Нақшаи кории Хадамот барои нимсолаи аввали соли 2009-ум ва дар шакли алоҳида нисбати ҳуҷҷатҳои дар боло ёдоваршуда аз ҷониби роҳбарияти Хадамот як қатор фармоишу фармонҳо ва супоришҳо ба имзо расонида шудаанд.

 

Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин дар амал татбиқ намудани сиёсати фискалии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.

 

Бо мақсади таъмини иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2009” Хадамоти гумрук дар давоми нимсолаи аввали соли 2009-ум бояд ба буҷаи давлатӣ 752,3 млн. сомонӣ пардохтҳои гумрукиро равона мекард. 
Мувофиқи маълумотҳои фаврии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми нимсолаи аввали соли 2009-ум воҳидҳои сохтории Хадамоти гумрук ба буҷаи давлатӣ маблағи 668,5 млн. сомонӣ пардохтҳои гумрукиро ворид намуданд, ки 88,9% иҷроиши нақшаи пардохтҳоро ташкил медиҳад.

 

Воридшавии пардохтҳои гумрукӣ аз рӯи сарчашмаҳои даромад чунин аст:

 

Андоз аз арзиши иловашуда: Дар ин давра нақшаи воридшавии андоз аз арзиши иловашуда 87,6% иҷро шудааст. Ин нисбат ба нақша – 71,9 млн. сомонӣ камтар мебошад.

 

Дар ҳаҷми умумии пардохтҳои гумрукӣ вазни қиёсиаш 76,3%-ро ташкил медиҳад.

 

Боҷи гумрукӣ: Боҷи гумрукӣ дар ин давра ба андозаи 86,3% иҷро шудааст. Ин нисбат ба нақша – 13,3 млн. сомонӣ камтар мебошад.

 

Дар ҳаҷми умумии пардохтҳои гумрукӣ вазни қиёсиаш 12,6%-ро ташкил медиҳад.

 

Андози аксизӣ: Нақшаи воридшавии андози аксизӣ дар ин давра 100,3% иҷро шудааст. Ин нисбат ба нақша – 201,4 ҳаз. сомонӣ зиёдтар мебошад.

 

Дар ҳаҷми умумии пардохтҳои гумрукӣ вазни қиёсиаш 9,8%-ро ташкил медиҳад. 

Баҳри таҳия ва омода намудани механизми самараноки пешниҳоди имтиёзҳои тарифию андозӣ дар моҳи майи соли ҷорӣ дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 майи соли 2009 №283 «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарифи гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон №450 аз 25 октябри соли 2003»» меъёри боҷҳои гумрукии воридотӣ барои фурӯзонакҳои маъмулӣ аз 5% ба 10% баланд бардошта шуд. Ҳамчунин, тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 224 аз 23 апрели соли 2009 дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №450 аз 25 октябри соли 2003 нисбат ба молҳои воридотии истеҳсоли кишварҳои камтараққикарда механизми дигари пешнҳоди имтиёзҳои тарифӣ, яъне ставкаҳои боҷҳои гумрукии амалкунанда дар ҳаҷми 50%-и онҳо, татбиқ шуда истодааст.

 

Мақомоти гумрук аз ибтидои соли ҷорӣ бо дарки дурусти вазъи иқтисодии кишвар, душвориҳои бар асари бӯҳрони молиявӣ-иқтисодии ҷаҳонӣ ба вуқӯъ омада, ки таъсири манфии он ба гардиши тиҷорати хориҷии кишвар беш аз пеш мушоҳида мешавад, тамоми имкониятҳои ташкиливу идоракуниро баҳри таъмини иҷрои қисми даромади буҷети давлатӣ сафарбар намудааст.

 

Пеш аз ҳама аз ҷониби масъулини Хадамот бо мақсади мутобиқ сохтани фаъолияти гумрук ба шароити имрӯза, дарёфти роҳҳои баланд бардоштани сатҳи ҷамъоварии пардохтҳои гумрукӣ, омилҳои ташаккулдиҳандаи тиҷорати хориҷӣ пайваста мавриди таҳлилу омӯзиш қарор дода шудаанд.

 

Чӣ тавре дар боло қайд карда шуд, дар ибтидои соли 2009-ум ҳаҷми умумии воридоти молу воситаҳои нақлиёт ба қаламрави гумрукии ҷумҳурӣ коҳиш ёфта, таъсири ин тамоюл ба таъмини иҷроиши нақшаи пардохтҳои гумрукӣ шиддатноктар гашт. Бинобар ин Хадамот дар ин давра барои рафъи мушкилоти ба миёномада ва роҳ надодан ба пастшавии нишондиҳандаҳои фаъолияти мақомоти гумрук чораҳои таъхирнопазир қабул намуд.

 

 

Чораҳои фавран қабулшуда, аз ҷумла ташкили Ситод (фармони Хадамот аз 22 январи соли 2009 № 8) оид ба таври фаврӣ баррасӣ ва ҳал намудани масъалаҳои воридшавии пардохтҳои гумрукӣ ба буҷети давлатӣ, пешгирии гардиши ғайриқонунии мол, дуруст муайян намудани арзиши гумрукӣ ва ғайра имкон доданд, ки новобаста аз вазъи шадиди бӯҳрони молиявӣ-иқтисодии ҷаҳонӣ Хадамот ба нишондиҳандаҳои нисбатан баландтари ҷамъоварии пардохтҳои гумрукӣ ноил гардад.

 

Инчунин дар ин самт Хадамот Нақшаи чорабиниҳоро барои дохил намудан ба Нақшаи чорабиниҳои кӯтоҳмуддат оид ба коҳиш додани таъсири бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мактуби № 8/ГЗ-1016 аз 16.02.2009с. ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд.

 

Новобаста аз вазъи ногувори баамаломада, Хадамот дар самти ҷамъоварии пардохтҳои гумрукӣ тамоми имкониятҳои ташкилию идоракуниро барои беҳтар намудани ҳамкорӣ бо субъектҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, дуруст муайян намудани арзиши гумрукии молу воситаҳои нақлиёт, мубориза бар зидди қочоқ, назорати истифодаи мақсадноки молҳои ба таври имтиёзнок воридшуда ва мубориза бар зидди зуҳуроти номатлуби коррупсионӣ сафарбар намуд.

 

Мувофиқи таҳлилҳои гузаронидашуда татбиқи амалии чорабиниҳо тарҳрезишуда барои таъмини минбаъдаи иҷрои муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2009» заминаҳои мусоиди иловагӣ фароҳам овард. 
Мутобиқи маълумоти фаврии омори гумрукӣ гардиши тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаш моҳи соли 2009 маблағи 1 540,2 млн. доллари амрикоиро ташкил дод, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори 714,8 млн. доллари ИМА ё 31,7 % кам мебошад.

 

Ҳаҷми умумии воридот 1 155,5 млн. долларро ташкил медиҳад, ки нисбати ҳамин давраи соли 2008 ба миқдори 334,8 млн. доллари ИМА кам мебошад. Содирот нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори 380,0 млн. доллари ИМА кам шуда, маблағи 384,6 доллари ИМА-ро ташкил намуда, ба андозаи 49,7% коҳиш ёфтааст.

 

Таҳлилҳо нишон доданд, ки бар асари бӯҳрони молиявӣ-иқтисодии ҷаҳонӣ ва таъсири манфии он ба гардиши тиҷорати хориҷии кишвар салдои манфии тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон 770,9 млн. долларро ташкил додааст. Ин нишондиҳанда дар ҳамин давраи соли 2008 ба 725,6 млн. доллар баробар буд.

 

Чӣ тавре мушоҳида карда мешавад, нишондиҳандаҳои гардиши тиҷорати хориҷии кишвар вобаста ба бӯҳрони молиявӣ-иқтисодии ҷаҳонӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2008 ба маблағи умумии 714,8 млн. доллари ИМА ё 31,7 % кам шудааст, ки сабаби асосии ба таври пурра иҷро нашудани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2009» мебошад.

 

Дар нимсолаи аввали соли равон ба ҷумҳурӣ 48,3 млн. доллари ИМА ёрии башардӯстона ворид шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли 2008 ба миқдори 6,2 млн. доллари ИМА кам мебошад.

 

Аз гардиши тиҷорати хориҷии кишвар ба дӯши давлатҳои хориҷи дур 858,2 млн. доллар ё 55,7%-и маблағи умумии гардиши моли ҷумҳурӣ рост меояд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 461,5 млн. доллар камтар аст.

 

Дар содирот вазни қиёсии асосиро молҳои - алюминии аввалия - 56,5 % ё ин, ки 217,2 млн. доллар; нахи пахта - 9,4 % ё ин, ки 36.3 млн. доллар; маҳсулоти меваю сабзавот – 6,3 % ё ин, ки 24,6 млн. доллар ва металлҳои қимматбаҳо - 2,9 % ё ин, ки 11,1 млн. доллар ва дар воридот бошад: оксиди алюминӣ (глинозем) 8,9 % ё ин, ки 102,5 млн.доллар; маҳсулоти нафтӣ - 11,8 % ё ин, ки 136,9 млн. доллар; семент – 1,0 % ё ин, ки 12,1 млн. доллар; воситаҳои нақлиёти сабукрав - 4,8 % ё ин, ки 55,6 млн. доллар, асъор - 6,2 % ё ин, ки 72,4 млн. доллар ташкил медиҳад.

 

Ҳаҷми асосии содироти мол ба давлатҳои Хитой -34,9%, Чехия -10,8%, Туркия - 11,8%, Россия -10,4%, Нидерландия –7,9%, Эрон - 4,7%, Афғонистон –4,2%, Узбекистон - 2,7%, Швейтсария -3,2%, Италия –1,7% ва Белорус -1,1% рост меояд.

 

Воридоти асосии мол аз Россия – 31,7%, Қазоқистон –11,6%, Хитой – 10,0%, Чехия -3,6%, ИМА -3,9%, Ӯзбекистон – 4,1%, АМА -3,0%, Эрон - 3,0%, Украин –2,6%, Ямайка – 2,6%, Ҳиндустон 2,2%, Литва - 2,2%, Туркия – 2,3%, Бразилия 2,0% ва Афғонистон –2,0% рост меояд.

 

Таҳлилҳо нишон доданд, ки дар ин давра ҳаҷми воридоти молҳои ниёзи мардум ба қаламрави гумрукии ҷумҳурӣ нисбати нимсолаи аввали соли 2008 тамоили ҷиддии пастравиро касб намудааст. Чунончи, ҳаҷми воридоти орд 69 603 тонна, равғани растанӣ- 6 644 тонна, семент – 187 857 тонна, воситаҳои нақлиёт –19 300 адад, шакар -14,9 ҳазор тонна, маҳсулоти химиявӣ – 161,1 ҳазор тонна, чубу тахта- 50,2 ҳазор тонна ва ғайраҳо кам ворид гардидааст.

 

Дар маҷмӯъ нишондиҳандаҳои савдои хориҷӣ, ки аз коҳиш ёфтани воридоти мол, воситаҳои нақлиёт ва асъори хориҷӣ ба қаламрави гумрукии ҷумҳурӣ шаҳодат медиҳанд, яке аз мушкилот ва сабаби асосии таъмин нагардидани нақшаи ҷамъоварии пардохтҳои гумрукӣ барои нимсолаи аввали соли 2009 мебошанд.

 

Дар баробари таъсири манфии бӯҳрони молиявӣ-иқтисодии ҷаҳонӣ ба воридоти мол зиёд шудани имтиёзҳои тарифии қонунан пешбинишуда (нимсолаи аввали соли 2009 – 738.0 млн. сомонӣ- нимсолаи аввали соли 2008 - 736,6 млн. сомонӣ) ба мақомоти гумрук имкон надоданд, ки муқаррароти Нақша пурра иҷро карда шавад.

 

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳаҷми умумии воридоти молҳои бо истифодаи шартҳои имтиёзнок ба ҷумҳурӣ воридшаванда дар ин давра 867,9 млн. доллари ИМА-ро ташкил намудаанд, ки ин ба 75,1%- и ҳаҷми умумии воридоти мол (нимсолаи аввали соли 2009 -1 155, 5 млн. доллар) рост меояд. Ҳангоми ба сарҳади гумрукӣ ворид шудани молҳои имтиёзнок мувофиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиёзҳои тарифию андозӣ ба инобат гирифта мешаванд.

 

Яке аз самтҳои дигари фаъолияти гумрукӣ ин кам намудани бақияпулиҳои андозӣ мебошад. Дар ин давра маблағи бақияпулиҳои андозӣ баробар ба 12,6 млн. сомонӣ кам карда шуд.

 

Бояд қайд намуд, ки дар ин давра қарзҳои дебитории КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон», ки дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2002 №88 ба маблағи 861,1 ҳазор сомонӣ тамдид карда шуда буд, бе тағйир додани қисми даромад ва хароҷоти буҷети давлатӣ дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 майи соли 2009 №291 аз ҳисоб бароварда шуд.

 

Инчунин дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №351 аз 29 июни соли 2009 «Дар бораи солимгардонии ваъзи молиявӣ ва минбаъд ба эътидол даровардани рушди иқтисодии Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Тоҷиктрансгаз" қарзи Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи "Тоҷиктрансгаз" аз рӯи пардохтҳои гумрукӣ, фоизҳо ва ҷаримаҳои онҳо ба маблағи 11 714 464 сомонӣ, ки дар солҳои 1996-2000 ба вуҷуд омадаанд, аз ҳисоб бароварда шуданд.

 

Қарзҳои дебитории корхонаю ташкилотҳо то 30 июни соли 2009-ум 268 887 сомониро ташкил медиҳад.

 

Сабаби пардохт накардани қарзҳои нишондода шуда, ин асосан мавҷуд набудани маблағҳои зарурӣ дар суратҳисоби ин корхонаҳо мебошад. Маблағҳои боқимонда ба корхонаҳои зерин тааллуқ доранд:

 

- Фирмаи «Тугарак» - маблағи карзаш - 9 741 сомонӣ аз соли 1998-ум;

 

-Ширкати «Спитамен Сафар»-и ш.Панҷакент 36 099 сомонӣ аз соли 1996;

 

-ИАС«Табак»-маблағи қарз - 223 047 сомонӣ аз соли 1996.

 

Пурзӯр намудани фаъолият дар самти пешгирӣ ва ошкор намудани гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, маснуоти заргарӣ, таҳкими ҳамкориҳо бо дигар мақомоти давлатӣ шароит фароҳам оварданд, ки дар ин давра нишондиҳандаҳои самти ҳифзиҳуқуқии Хадамоти гумрук хубтар ба роҳ монда шавад.

 

Дар нимсолаи аввали соли 2009-ум 2 573 адад ҳодисаи қонуншиканиҳои гумрукӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад. Аз ҷумла, 21 ҷиноят дар соҳаи гумрук, аз ин 18 ҳодисааш қочоқи моддаҳои нашъаовар ва 2 ҳодисааш қочоқи молҳои ниёзи мардум ва 1 ҳодисаи ҷинояти дигар дар соҳаи фаъолияти гумрукро ташкил медиҳад.

 

Ҳамаи парвандаҳои ҷиноятӣ баъд аз гузаронидани таҳқиқи ибтидоӣ, аз рӯи тобеияти тафтишотӣ ба мақомоти тафтишоти пешакии дахлдор фиристонида шудаанд.

 

Аз рӯи 2 552 (соли 2008-2535) ҳодисаҳо парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ тартиб дода шуда, 2325 шахсон, аз он ҷумла: 2050 шахсони воқеӣ, 50 нафар шахсони мансабдор ва 225 шахсони ҳуқуқӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд.

 

Дар натиҷаи баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ба маблағи 1 509 889 сомонӣ ҷарима баста (соли 2008 – 1 244 482 сомонӣ), аз онҳо 1 497 864 сомонӣ (соли 2008 – 1 220 847сомонӣ) ситонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 277 017 сомонӣ зиёд мебошад.

 

Инчунин ба маблағи 878 283 сомонӣ (соли 2008- 57 184 сомонӣ) мол мусодира карда шудааст. Аз рӯи парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба буҷети давлат ба маблағи умумии 17 175 491 сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ рӯёнида шудааст.

 

Мақомоти гумрук фаъолияти худро дар самти мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии моддаҳои нашъаовар пурзӯр намуда, дар ин давра ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст.

 

Дар натиҷаи самаранок ба роҳ мондани фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ ва пурзур намудани назорати гумрукии молу воситаҳои нақлиёт 18-ҳодисаи қочоқи моддаҳои нашъаовар ошкор карда шудааст. Аз рӯи ин ҳодисаҳо 19-парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди гузаронидани таҳқиқи ибтидоӣ ҳамаи онҳо аз рӯи тобеъияти тафтишотӣ ба мақомоти дахлдор пешниҳод шудаанд.

 

Дар натиҷаи гузаронидани амалиётҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз гардиши ғайриқонунӣ ба миқдори 77 кг. 916гр. моддахои нашъаовар (соли 2008-67 кг.845гр.) гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10 кг.071 гр. зиёд мебошад. Аз миқдори умумии маводҳои гирифташуда 67 кг.885гр «героин», 7 кг.566гр. «афюн» ва 2 кг.465гр «хашиш» ташкил медиҳад.

 

Бо мақсади таъмини иҷроиши Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №2 аз 2 декабри соли 1994 «Дар бораи ихтиёран супоридан ва мусодира кардани силоҳи оташфишон, лавозимоти ҷангӣ ва техникаи ҳарбӣ аз аҳолӣ» дар ин давра 2 ҳолат ба кайд гирифта шуд. Дар натиҷа як мил аслиҳаи оташфишони тамғаи ТОЗ-8 ва як мил Карабин - рақами ГТ-901 аз ҷониби кормандони мақомоти гумрук дарёфт ва мусодира карда шудааст.

 

Дар натиҷаи гузаронидани 7 амалиёти якҷояи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ, аз гардиши ғайриқонунӣ ба миқдори 16 кг. 258 гр. (14 кг 068 гр – героин, 515 гр. канабис, 1 кг 675 гр. - гашиш) моддаҳои нашъадор мусодира карда шудааст.

 

Инчунин, дар ин давра дар якҷоягӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ва Федератсияи Русия 5 адад амалиёти «Таҳвили байналхалқии назоратшавандаи мол» тавассути сарҳади гумрукии ҷумҳурӣ интиқолшаванда гузаронида шуд, ки дар натиҷа аз гардиши ғайриқонунӣ 47кг.957гр. моддаҳои нашъаовар (42 кг 729 гр. – героин ва 5 кг 228 гр. – чарс) мусодира карда шуд.

 

Ҳамзамон бояд қайд намуд, ки мақомоти гумрук фаъолияти муайянеро дар самти мубориза бар зидди воридоти ғайриқонунии молҳои зериаксизӣ низ анҷом додааст.

 

Аз ҷумла, дар ин давра 172 ҳодисаи қонуншиканӣ ошкор карда шудааст (маҳсулоти тамоку - 22 ҳолат, маҳсулоти спиртӣ - 42 ҳолат, маҳсулоти сӯзишворӣ- 36. ҳолат, маҳсулоти заргарӣ - 1 ҳолат ва дигар намуди молҳои зераксизӣ - 71 ҳолат (автомобилҳо - 69 ҳолат ва 2 ҳолат интиқоли ғайриқонунии шинаҳои автомобилӣ).

 

Аз рӯи 1 ҳолати воридоти ғайриқонунии молҳои зериаксизӣ парвандаи ҷиноӣ (оид ба қочоқи 79 000 қуттӣ сигаретҳо) оғоз карда шудааст. 
Дар сохтор фаъолияти шабакаи алоқаи миллӣ доир ба фаъолияти ҳифзи ҳуқуқии «RILO-Москва» ба роҳ монда шудааст. Дар ин давра масъулини Хадамот оид ба ҳуқуқвайронкуниҳо 17 ахборот пешниҳод ва мувофиқи Нақшаи кории ин шабака 4 чорабинӣ амалӣ намуда, ба шабакаи ҳифзиҳуқуқии Созмони умумиҷаҳонии гумрук «СЕН» дохил кардаанд.

 

Дар ин давра мувофиқи талаботи Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо мақсади самаранокӣ ва соддагардонии фаъолияти гумрукӣ дар коргузории Хадамоти гумрук як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия ва қабул карда шудаанд. Аз ҷумла:

 

1. Фармоиши Хадамоти гумрук «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Дастуруламал «Дар бораи тартиби ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан ва аз Ҷумҳурии Тоҷикистон содир намудани асъори нақди хориҷӣ ва қоғазҳои киматноки бо асъори хориҷӣ ифодаёфта», ки бо Фармоиши Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон №323 аз 29 сентябри соли 2005 тасдиқ карда шудааст» №13-ф аз 28 январи соли 2009.

 

2. Фармони Хадамоти гумрук «Оид ба тасдиқ намудани Нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Консепсияи рушди мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» №36 аз 27 феврали соли 2009.

 

3. Фармоиши Хадамоти гумрук «Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои пур кардани ҳисобот дар бораи натиҷаҳои татбиқи тадбирҳо доир ба кам кардани таваккал» №108-ф аз 24 июни соли 2009.

 

Дар Хадамоти гумрук барои интихоб ва ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо, сифатан беҳтар намудани ҳайати кормандони воҳидҳои сохторӣ, риояи қонуният, интизом, ҳимояи иҷтимоӣ ва корҳои тарбиявию профилактикӣ, фаъол гардондани мубориза бар зидди коррупсия ва сӯйистифода аз вазифаҳои хизматӣ, инчунин таъмини шаффофияти фаъолияти мақомот мунтазам корҳои ташвиқотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд.

 

Дар ин давра бо риояи талаботи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи воҳидҳои кории муқарраршуда 28 нафар ба кор қабул карда шудааст.

 

Аз ин шумора 6 нафар ба Дастгоҳи марказӣ ва 22 нафар ба Раёсатҳои минтақавии гумрукӣ рост меояд.

 

Аз 22 нафар кормандони аз кор озод кардашуда, 17 нафараш бо хоҳиши худ ва 5 нафараш бо сабабҳои гуногун (1- мӯҳлати қарордод, 2- бинобар фавтидан, 1- вайрон кардани интизоми меҳнатӣ ва 1- ба қувваи қонунӣ даромадани ҳукми суд) аз кор озод карда шудааст. Аз ин миқдор 4 нафараш ба Дастгоҳи марказӣ, 18 нафараш ба Раёсатҳои минтақавии гумрукӣ тааллуқ дорад (Суғд-9, Турсунзода- 6, Душанбе -2 ва Хатлон-1).

 

Дар ин давра ҷойивазкунии (ротатсия) 295 нафар кормандон ба амал оварда шуд, ки 14 нафарашон аз Дастгоҳи марказӣ ва 281 нафарашон аз Раёсатҳои минтақавии гумрукӣ мебошад.

 

Аз рӯи собиқаи корӣ 50 фоизи кормандон дар мақомоти гумрук аз 10 то 20 сол собиқаи корӣ доранд. Ҳайати шахсӣ гуногунмиллат буда, тоҷикон-1051, ӯзбекон- 60, русҳо- 15 ва дигар миллатҳо- 12 нафарро ташкил медиҳанд.

 

Хадамот ҷиҳати татбиқи нишондодҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 апрели соли 2009 баён гардидааст корҳои муайянеро ба анҷом расонидааст.

 

Пеш аз ҳама рӯзи бо Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намудани Ҷаноби Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамошо ва бадиққатрасонии муташаккилонаи он бо ҳайати шахсӣ ташкил карда шуд.

 

Инчунин оид ба вазифаҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд вохӯрии ҳайати шахсии Дастгоҳи марказии Хадамот бо вакилони Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Ватанов ва Хидирова М. гузаронида шуд.

 

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли 200 дона китобча (брошюра) интишор ва ба воҳидҳои сохтории Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақсим карда шуд.

 

Ҷиҳати истифодаи самараноки маблағҳои буҷети, сарфакории хароҷотҳои сафарҳои хориҷӣ, таъмири капиталӣ, пешгирии чорабиниҳои сермасраф, истифодаи ғайримақсадноки телефонҳо, дар доираи эҳтиёҷот дастрас кардани маводи конселярӣ ва дигар исрофкориҳо мавриди баррасӣ ва иҷроиш қарор дода шуд.

 

Барои амалӣ шудани дастуру супоришҳои Президенти кишвар дар самти истифодаи маводҳои барқии каммасраф, мубориза бар зидди коррупсия ва суйистифода аз вазифаҳои хизматӣ, тайёр кардани кадрҳои баландихтисос ва ҷобаҷогузории онҳо, омӯзиши кадрҳо дар дохил ва хориҷи кишвар аз рӯи квотаҳои ҷудокардашуда, гузаронидани ҳамагуна конференсияю ҷамъомадҳоро дар Раёсатҳо, гумрукҳо ва дидбонгоҳҳои гумруки маҳдуд намудан тадбирҳои дахлдор татбиқ карда шудаанд.

 

Дар нимсолаи аввали соли 2009 дар натиҷаи бурдани санҷишҳои хизматӣ нисбати 58 нафар кормандон муҷозоти интизомӣ татбиқ карда шуд, ки назар ба ҳамин давраи соли 2008-ум 32 нафар зиёд мебошад. Аз он ҷумла аз 58 нафар кормандони муҷозоти интизомӣ дошта, ба 36 нафар «сарзаниш» ва 19 нафар «танбеҳ» эълон карда шуд, 2 нафар ба вазифаи паст гузаронида 1 нафар «аз кор озод» карда шудаанд.

 

Дар ин давра бо фармони Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳавасмангардонии 146 (аз он ҷумла 19 нафар барои корҳои фаврӣ ҷустуҷӯӣ) нафар кормандони мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизмати софдилона, ноил гардидан ба натиҷаҳои хуби корӣ, бахшида ба рӯзи таъсисёбии мақомоти гумруки ҷумҳурӣ, амалӣ карда шудааст, ки аз ин 1 нафар бо нишони сарисинагии «Аълочии хадамоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон», 8 нафар бо «Ифтихорнома»-и Хадамот, 7 нафар бо «Раҳматнома», 130 нафари дигар бо мукофотпулӣ сарфароз гардонида шуданд.

 

Инчунин барои ба таври лозима ба роҳ мондани корҳои фаврӣ-чустуҷӯӣ ва ноил гардидан ба натиҷаҳои хуби корӣ ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ дар ошкор ва пешгирӣ кардани маводи мухаддири сахттаъсири «героин» (13 - нафар), барои пешгирии қочоқ (3- нафар) ва барои ба манфиати Хадамот ҳал намудани мурофиаи судӣ (3- нафар) ҷамъ 19 нафар кормандон бо мукофоти пулӣ қадр карда шуданд.

 

Дар доираи нақшаи гузаронидани корҳои ободонию кабудизоркунӣ дар минтақаи истироҳатии Хадамот мунтазам ҳашарҳои умумӣ гузаронида шуд, ки иштироки кормандон дар ин маърака таъмин карда мешавад.

 

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи малакаи касбии кормандони мақомоти гумрук дар базаи Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумрук ду даври омӯзиши бахши компютерӣ бо ҷалби 37 нафар кормандони Дастгоҳи марказии Хадамот, бо тариқи тарк накардани истеҳсолот, ба роҳ монда шуд.

 

Дар ин давра курси такмили ихтисоси кормандони раёсатҳои минтақавие, ки мутобиқи ӯҳдадориашон барои пешбурди коргузорӣ, таъмини қабул, бақайдгирӣ, баҳисобгирӣ, ва нигоҳдории декларатсияҳои бори гумрукӣ масъул мебошанд, ташкил ва гузаронида шуд. Дар ҷараёни курсҳои номбаршуда омӯзиши Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда ва инчунин таълими забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст.

 

Дар доираи нақшаи корҳои ободонию кабудизоркунии гирду атрофи бинои Хадамот ва ҳудудҳои ба мақомоти гумрук вобастакардашуда ҳар ҳафта шанбегиҳои умумӣ бо иштироки васеи кормандони мақомоти гумрук гузаронида шуд. Бо мақсади тарибияи ҷисмонии ҳайати шахсӣ дар ин давра чорабиниҳои варзишӣ ташкил ва гузаронида шуд. Кормандони воҳидҳои сохтории Хадамоти гумрук дар мусобиқаҳои варзишӣ, аз ҷумла дар бозиҳои футбол, шоҳмот ва дигар намудҳои варзишӣ дар байни ҳайати шахсӣ фаъолона иштирок намуданд.

 

Дар арафаи ҷашни 17-умин солгарди таъсисёбии мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо максади дастгирӣ аз сиёсати пешгирифтаи иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфренсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Мақомоти гумрук ва саҳми он дар рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон“ доир гардид, ки дар он олимону донишмандони соҳаҳои гуногун иштирок намуданд.

 

Инчунин дар ин давра бо мақсади рафъи мушкилоти мавҷуда дар савдои хориҷии кишвар маҷлиси навбатии Шӯрои ҷамъиятию машваратӣ гузаронида шуд, ки дар он бо назардошти таъсири бӯҳрони молиявии ҷахонӣ ба рушди минбаъдаи савдои берунаи ҷумҳурӣ ва пешниҳодоти аъзоёни Шӯро қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

 

Дар ин давра Хадамот фаъолияти худро доир ба ривоҷ додан ва мустаҳкам намудани ҳамкорӣ дар соҳаҳои муносибатҳои байналмиллалии гумрукӣ дар асоси ҳуқуқ, ваколат ва вазифаҳои худ амалӣ намуд.

 

Кӯшишҳои асосии Хадамот барои минбаъд ҳам ривоҷ додан ва мустаҳкам намудани ҳамкориҳо, таъмини заминаи байналхалкии ҳуқуқии муносибатҳои мутақобила дар соҳаи ҳамкориҳои гумрук, амалӣ гардидани ӯҳдадориҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ва такмил додани муносибатҳои байналхалқии гумрукӣ ва системаи андозбандӣ, равона гардида буд.

 

Мутобиқи вазифаҳои худ дар давоми нимсолаи аввали соли равон дар самти ҳамоҳангсозӣ ва назорати муносибатҳои хориҷӣ Хадамоти гумрук доир ба масъалаҳои доманадори ҳамкориҳои байналхалқӣ ба мисли танзими тарифӣ ва ғайритарифии савдои хориҷӣ, ҳамкориҳои мутақобила дар чаҳорчӯбаи давлатҳои иштирокчии ЕврАзЭС, ИДМ, ЭКО ва ШОС доир ба масъалаҳои барпо намудани минтақаи савдои озод, ҷорӣ намудани тартиби ягонаи андозбандӣ, мубодилаи ахбор байни мақомоти гумрук, масъалаҳои ҷараёни гуфтушунид дар бораи ба Ташкилоти умумиҷаҳонии савдо ҳамроҳ шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушду ривоҷи ҳамкориҳои дуҷониба иҷро намуд.

 

Дар ин давра ба туфайли ҳамкориву робита бо воситаҳои ахбори омма, радио ва телевизион корҳои муайян оид ба инъикоси фаъолияти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сомон расонида шуд.

 

Оид ба интиқоли ғайриқонунии маводҳои мухаддир, молҳои зераксизӣ, аз қабили тамоку, нӯшокиҳои спиртӣ, маснуоти заргарӣ ва арзишҳои фарҳангию таърихӣ тавассути сарҳади гумрукии ҷумҳурӣ аз фаъолияти самарабахши мақомоти гумрук дар барномаҳои гуногуни оинаи нилгун ва радиои ҷумҳуриявӣ сюжетҳои дахлдор таҳия ва пешкаш гардонида шудааст.

 

Бо мақсади дастгирӣ аз сиёсати иқтисодии кишвар ва таблиғи фаъолияти мақомоти гумрук ба муносибати 17-умин солгарди таъсисёбии мақомоти гумрук аз фаъолияти воҳидҳои сохтории Хадамоти гумрук ва раёсатҳои минтақавии гумрукӣ навори «Эҳё ва рушд» дар Телевизиони «Ҷаҳоннамо» ва сюжетҳо аз маросими савгандёдкунии кормандони мақомот, ошкор ва пешгирии қонуншиканиҳои гумрукӣ, боздошти интиқоли ғайриқонунии 30 киллограм маводи героин дар Гумруки Панҷи Поён ва боздошти қочоқи 5 килограм героин аз тарафи кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд, тариқи барномаи криминалии «Изтироб»-и шабакаи аввали телевизиони ҷумҳурӣ ва телевизиони «Ҷаҳоннамо» намоиш дода шуд.

 

Дар ин давра, мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2005 №1677 вобаста ба иҷрои Нақшаи солона бо ширкати намояндагони васоити ахбори оммаи ватаниву хориҷӣ нишасти матбуотӣ баргузор карда шуд. Дар нишасти матбуотӣ ба саволҳои журналистон ва кормандони васоити ахбори омма аз ҷониби роҳбарияти мақомот ва нафарони масъул ҷавобҳои мушаххас дода шуд.

 

Хадамоти гумрук нисбати қочоқи китобҳои динии мусодирагардида бо иштироки намояндагони Маркази исломии ҷумҳурӣ, Сарраёсати корҳо оид ба дини Вазорати фарҳанг, масоҷиди ҷомеъ ва Шӯрои кӯҳансолони ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон нишасти дахлдор доир намуд. Намоиши ин сӯҳбати пурмазмун зери рубрикаи «Дар мавзӯи рӯз» аз тариқи шабакаи якуми Телевизиони Тоҷикистон манзури тамошобинон ва алоқамандони соҳа гардид.

 

Бо мақсади тарғибу ташвиқи фаъолияти Хадамоти гумрук, ғанӣ гардондани қисми даромади Буҷети давлатӣ ва бой гардондани маърифати ҳуқуқии соҳибкорону шаҳрвандон як ролики тарғиботӣ оид ба соддагардонии назорати гумрукӣ таҳия гардид.

 

Роҳбарият ва ҳайати шахсиии Хадамот аз натиҷаи фаъолияташон дар давоми нимсолаи аввали соли 2009 хулосаҳои зарурӣ бароварда, дар самти иҷрои вазифаҳои ба зиммадошта чораҳои зарурии иловагӣ меандешанд, то ки самаранокии фаъолияти мақомоти гумрукро боз ҳам беҳтару хубтар гардонида, доир ба фароҳам овардани шароитҳои мусоиди рушди фаъолияти гумрукӣ, таъмини саривақтии воридоти пардохтҳои гумрукӣ, мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ, ҳимояи амнияти иқтисодии кишвар ва дигар самтҳои фаъолият ба комёбиҳои назаррас ноил гарданд.

 

ШАРИКОН