ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish
АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
Дар ҳақиқат, гумрук дар ҳаёти ҳар як давлати соҳибистиқлол аҳамияти фавқулодда дорад ва гузашта аз ин дарвозаи ҳар давлат аст. Зеро аз кори мақомоти гумрук на танҳо таъмини молиявии соҳаҳои гуногуни фаъолияти давлат, балки бехатарии иқтисодӣ, фарҳангӣ, идеалогӣ ва экологии он вобастагии бевосита дорад.

 

СУХАНРОНӢ ДАР МУЛОҚОТ БО СОҲИБКОРОН ВА САРМОЯГУЗОРОНИ ВАТАНИВУ ХОРИҶӢ

Муҳтарам соҳибкорон ва сармоягузорон!
Ҳозирини арҷманд!

Мулоқоти имрӯзаи мо ба муносибати Рӯзи соҳибкорон, ки се сол қабл ҳамчун рамзи дастгирии фаъолияти касбии шумо дар роҳи ободии Ватан эълон гардида буд, сурат мегирад.

Ба ин муносибат кулли соҳибкорони ватандӯсти кишвар ва ҳамаи шумо, ҳозирини муҳтарамро табрик мегӯям ва дар фаъолияти минбаъдаатон барору комёбиҳои нав орзу менамоям...

 

 

 

 

 

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (37) 2017

 

№2 (38) 2017

 

№3 (39) 2017

 

№4 (40) 2017

Маълумоти криминалӣ

Пешгирии боз як ҳолати интиқоли маводи тарфгарӣ дар шаҳри Душанбе

27.12.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  346
Аз ҷониби кормандони Шуъбаи ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии...
Боздошти 1 тоннаю 440 килограмм «Шираи камол» дар вилояти Хатлон

22.12.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  395
Амнияти иқтисодӣ, фарҳангӣ ва муҳити зист дар кишвар яке аз...
Дарёфт ва мусодираи маводи тарфгарӣ дар дохили воситаи нақлиёти истифодаи умум

18.12.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  353
Аз ҷониби кормандони Шуъбаи ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии...

Рӯйдодҳои гумрукӣ

Ҳамкориҳои судманди гумрукӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея

25.12.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  339
Санаи 7-уми марти соли ҷорӣ дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар...
Дар ҳошияи ҳамкориҳои байналмилалӣ

21.12.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  362
Санаи 21 - уми декабри соли 2017 дар Хадамоти гумруки...
Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ

24.11.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  555
Имрӯз дар толори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида...

Нишастҳои матбуотӣ

Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

18.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  2883
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки...
ЭЪЛОН

17.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  2642
Санаи 18 - уми июли соли равон соати 1000 дар...
Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

17.01.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  5415
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки...

Боду ҳаво

Тақвим

Январ 2018
22
Душанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз449
mod_vvisit_counterДирӯз4259
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта449
mod_vvisit_counterДар ин моҳ80107
mod_vvisit_counterҲамарӯза2619458

RILO Москва

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баргузории барномаи таълимӣ дар дидбонгоҳи гумрукии “Душанбе -2” ва “Панҷи Поён”

Чоп PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Аз санаи 18-ум то 22-юми сентябри соли ҷорӣ намояндаи минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) дар Осиёи Марказӣ, дар доираи “Барномаи ҷаҳонии UNODC ва Созмони умумиҷаҳонии гумрук оид ба назорати ҳамлу нақли контейнерҳо” барои кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дидбонгоҳҳои гумрукии “Душанбе-2” ва “Панҷи Поён” барономаи таълимиро баргузор намуда истодааст.

Ҳадаф аз роҳандозии барномаи омӯзишии мазкур, баланд бардоштани дониш ва таҳкими малакаҳои назариявӣ ва амалии кормандони Хадамоти гумрук ва Агентии назорати маводи нашъаовар назорати дурусти контейнерҳо, нақлиёти боркашонӣ, бо истифода аз усулҳои муосир ва системаҳои назорати гумрукӣ мебошад.

Кормандони мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи барномаи мазкур аз аввалҳои соли 2015-ум то ин ҷониб ба ҷумҳуриҳои Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Гурҷистон ва Ӯзбекистон сафар намуда, истифодабарии таҷҳизоти HazMatID 360-ро мавриди омӯзиш қарор доданд.

Амалӣ гардонидани барномаи мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои боз ҳам пурзӯр намудани ҳамкориҳои минтақавӣ, фаъолияти муштараки мақомоти гумрук ва дигар сохторҳои ҳифзиҳуқуқии давлатҳои минтақа дар самти бехатарии давлат, ҷиҳати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ ва муқовимат бар зидди маводи нашъаовар равона гардидааст.

 

 

 

 

Дар навбати худ ин раванд барои зиёд гардидани интиқоли молу воситаҳои нақлиёт ва тиҷорат, ки яке аз омилҳои асосии пешрафти иқтисодиёти миллӣ мебошад, мусоидат хоҳад кард.

Имрӯз, яке аз масъалаҳои муҳиме, ки дар назди Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шудааст - ин мусоидат намудани ба тиҷорати ҷаҳонӣ ва пешгирии ғайриқонунии интиқоли молу воситаҳои нақлиёт мебошад.

Барои ҳалли масъалаҳои дар назди мақомоти гумрук гузошташуда, дар навбати аввал такмил додани базаи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосири иттилоотӣ зарур аст.

 

 

Дар ин самт сохтмони дидбонгоҳҳои гумрукӣ ва таҷҳизонидани онҳо бо воситаҳои техникии муосири назорати гумрукӣ ба манфиати кор буда, ба таври фаврӣ ҳал гардидани масъалаи мазкур барои фаъолияти пурсамари мақомоти гумрук хеле муҳим аст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати ҷойгиршавии ҷуғрофии худ бо хатарҳои гуногуни иқтисодӣ, аз ҷумла савдои ғайриқонунии трансмиллӣ, ки дар навбати худ ба интиқоли қонунии контейнерии молу воситаҳои нақлиёт таъсири манфӣ мерасонад, дучор мегардад.

 

 

Ин хатарҳо аз гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва прекурсорҳо тариқи роҳҳои тиҷорат бо давлати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, интиқоли ғайриқонунии маводи тамокугӣ, амволи рабудашуда, автомашинаҳо ва ғайра иборат мебошад.

Инчунин, кӯшиши саркашӣ намудан аз пардохти боҷи гумрукӣ ҳангоми интиқоли молу воситаҳои нақлиёт бо роҳи тақаллубкории ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи молро дар бар мегирад.

 

 

Дар маводҳои таҳлилии Идораи Созмони Миллали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҷаҳонии Созмони ҷаҳонии гумрук оид ба назорати ҳамлу нақли контейнерҳо дар Осиёи марказӣ (UNODC) қайд гардидааст, ки интиқоли контейнерии молу воситаҳои нақлиёт махсусан осебпазир буда, метавонад барои нисбатан дар ҳаҷми калон интиқол додани маводи мухаддир, инчунин молҳои ғайриқонунӣ, ки дар дохили молҳои қонунӣ интиқолшаванда пинҳонгардида, ҳангоми транзити мол тариқи давлатҳои Осиёи марказӣ ба амал бароварда шавад”.

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ШАРИКОН