ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Тақвим

Сентябр 2018
19
Чоршанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз3657
mod_vvisit_counterДирӯз6184
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта17423
mod_vvisit_counterДар ин моҳ90769
mod_vvisit_counterҲамарӯза3716406

RILO Москва

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Овоздиҳӣ

Чӣ тавр Шумо дар бораи мо маълумот пайдо намудед?
 

Пешгирии ғайриқонунии сӯзишвории дизелӣ

Чоп PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Моҳи августи соли равон аз тарафи кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ дар роҳи мошингарди ҳудуди ноҳияи Ҷаббор Расулов воситаи нақлиёти тамғаи “Опел-зафира”, рақами қайди давлатиаш 98 05 КК 02 боздошт шуд.

 

 

Ҳангоми гузаронидани муоинаи гумрукӣ дар бордони воситаи нақлиёти мазкур ба миқдори 25 зарфи пластмасии ғунҷоишашон 20 литра, дар маҷмуъ 500 литр сӯзишвории дизелии истеҳсоли Ҷумҳурии Қирғизистон муайян карда шуд, ки ин миқдор мол ба шаҳрванд Б.Н., истиқоматкунандаи шаҳри Истравшан, ҷамоати деҳоти Зарҳалол тааллуқ дошта, номбурда онро аз ҳудуди ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз як шахсӣ ба ӯ ношиноси шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон, ки бидуни назорати гумрукӣ вориди марзи гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон намудааст, харидорӣ намудааст. Ҳамин тариқ ӯ мехост воситаи нақлиётро бе ҳуҷҷатгузории гумрукӣ ба шаҳри Истравшан интиқол диҳад.

 

 

Шаҳрванд Б.Н. бо ин кирдори худ ҳуқуқвайронкунии маъмурии дар моддаи 597-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо содир намудааст.

Дар асоси гуфтаҳои боло ва бо дастрасии моддаҳои 81, 82 ва 86-и Кодекси мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати номбурда мутобиқи моддаи 597-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунӣ оғоз карда шудааст.

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ШАРИКОН