ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Тақвим

Июн 2018
21
Панҷшанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз7777
mod_vvisit_counterДирӯз7282
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта20686
mod_vvisit_counterДар ин моҳ100000
mod_vvisit_counterҲамарӯза3344844

RILO Москва

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Овоздиҳӣ

Чӣ тавр Шумо дар бораи мо маълумот пайдо намудед?
 

Қочоқи маводи доруворӣ бо “Лексус LХ 470”

Чоп PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Санаи 21-уми августи соли равон аз тарафи кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ дар роҳи мошингарди самти “Хуҷанд-Душанбе” дар ҳудуди маҳаллаи Ғаламайдони ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, воситаи нақлиёти тамғаи “Лексус LХ 470”, рақами қайди давлатиаш 06 44 СА 01, таҳти ронандагии шаҳрванд Р.А. қарор дошт, барои гузаронидани муоинаи гумрукӣ боздошт шуд.

 

 

Ҳангоми гузаронидани муоинаи гумрукӣ дар бордони воситаи нақлиёти мазкур маводи доруворӣ ба миқдори 48 адад “Интеллан”, 118 адад - “Эспумизан”, 25 капсула “Симетикан”, 1250 адад малҳам барои чашм- “Эритромитсин”, 110 адад малҳами “Индометатсин”, 100 адад малҳами “Дексаметазон”, 550 адад “Валерианы экстаркт”, 100 адад “Стекловидное тело”, 70 адад “Индометатсин софарма”, 100 адад “Эуфиллин” ва 100 адад “L-Тироксин” муайян карда шуд, ки ин миқдор мол ба худи шаҳрванд Р.А., истиқоматкунандаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҷамоати Ҳ.Усмонов, кӯчаи Ш.Турсунов тааллуқ дошта, номбурда онро аз деҳаи Борбордуқи Ҷумҳурии Қирғизистон харидорӣ ва бидуни назорати гумрукӣ аз ҳудуди Ҷумҳурии Қирғизистон ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намуда, мехост бе ҳуҷҷатгузории гумрукӣ барои фурӯш интиқол диҳад.

 

 

Ҳамин тавр, шаҳрванд Р.А. бо ин кирдори худ ҳуқуқвайронкунии маъмурии дар моддаи 577-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо содир намудааст.

Дар асоси гуфтаҳои боло ва бо дастрасии моддаҳои 81, 82 ва 86-и Кодекси мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати номбурда мутобиқи моддаи 597-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунӣ оғоз карда шудааст, нисбати шахси қонунвайронкунанда чораҳои дахлдор андешида хоҳад шуд.

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ШАРИКОН