ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish
АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
Дар ҳақиқат, гумрук дар ҳаёти ҳар як давлати соҳибистиқлол аҳамияти фавқулодда дорад ва гузашта аз ин дарвозаи ҳар давлат аст. Зеро аз кори мақомоти гумрук на танҳо таъмини молиявии соҳаҳои гуногуни фаъолияти давлат, балки бехатарии иқтисодӣ, фарҳангӣ, идеалогӣ ва экологии он вобастагии бевосита дорад.

 

СУХАНРОНӢ ДАР МУЛОҚОТ БО СОҲИБКОРОН ВА САРМОЯГУЗОРОНИ ВАТАНИВУ ХОРИҶӢ

Муҳтарам соҳибкорон ва сармоягузорон!
Ҳозирини арҷманд!

Мулоқоти имрӯзаи мо ба муносибати Рӯзи соҳибкорон, ки се сол қабл ҳамчун рамзи дастгирии фаъолияти касбии шумо дар роҳи ободии Ватан эълон гардида буд, сурат мегирад.

Ба ин муносибат кулли соҳибкорони ватандӯсти кишвар ва ҳамаи шумо, ҳозирини муҳтарамро табрик мегӯям ва дар фаъолияти минбаъдаатон барору комёбиҳои нав орзу менамоям...

 

 

 

 

 

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (37) 2017

 

№2 (38) 2017

 

№3 (39) 2017

 

№4 (40) 2017

Маълумоти криминалӣ

Пешгирии воридоти 13 ҳазору 285 адад маводи тарфгарӣ дар вилояти Суғд

16.12.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  116
Аз тарафи кормандони Шуъбаи ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии...
Боздошти сӯзишвории дизелӣ ва тахтаи бе ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда

15.12.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  40
Аз тарафи кормандони Шуъбаи ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии...
Оғози парвандаи ҷиноятӣ барои воридоти маводи тарфгарӣ дар Суғд

13.12.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  22
Санаи 8-уми декабри соли ҷорӣ дар минтақаи наздисарҳадии...

Рӯйдодҳои гумрукӣ

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ

24.11.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  296
Имрӯз дар толори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида...
Вохӯрии Сардори Хадамоти гумрук бо Сафири Ҷумҳурии Беларус

23.11.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  337
Санаи 22-юми ноябри соли ҷорӣ Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати...
Конститутсия бахтномаи миллат

03.11.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  707
3-юми ноябри соли равон дар толори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати...

Нишастҳои матбуотӣ

Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

18.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  2596
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки...
ЭЪЛОН

17.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  2383
Санаи 18 - уми июли соли равон соати 1000 дар...
Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

17.01.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  5117
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки...

Боду ҳаво

Тақвим

Декабр 2017
18
Душанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз887
mod_vvisit_counterДирӯз1983
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта887
mod_vvisit_counterДар ин моҳ72155
mod_vvisit_counterҲамарӯза2480901

RILO Москва

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Семинарии омӯзишӣ дар мавзӯи «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022»

Чоп PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинарии омӯзишӣ бо мақсади амалигардонии «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми апрели соли 2017 таҳти № 158 тасдиқ шудааст баргузор гардид.

Дар кори семинар мазкур муовини сардори Раёсати ташкилию бозрасӣ полковники хадамоти гумрук Ҳамрозода Бури Сармад, кормандони Дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук аз ҳисоби афсар-бонувон, сармуттахасисони Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобоева Мадина Олимшоев Акмал иштирок намуданд.

Нахуст муовини сардори Раёсати ташкилию бозрасӣ полковники хадамоти гумрук Ҳамрозода Бури Сармад ба сухан баромада иброз дошт, ки семинарии омӯзишӣ мутобиқи Фармоиши Сардори Хадамоти гумрук №120 аз 27-уми июли соли 2017 «Дар бораи тасдиқ намудани Нақша чорабиниҳои Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷиҳати баланд бардоштани неруи занон аз ҳисоби хизматчиёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва нақши занон дар идоракунии давлат гузаронида мешавад.

Аз ҷумла қайд гардид, ки сиёсати давлат дар самти дасгирии занон назаррас буда, аз солҳои аввали истиқлолият проблемаи беҳгардонии шароити занон ҳамеша дар маркази диққати Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурӣ бо назардошти воқеияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва хусусиятҳои фарҳангиву анъанавӣ шакли муайяни сиёсати беҳгардонии шароити занонро дар ҳар давру замон ба таври хос ба назаргирифта, барои боз ҳам хубтару беҳтар гардонидани шароити зисту зиндагии занон ва фаъолияти онҳо дар тамоми самтҳо талош меварзад.

 

 

Дар навбати худ Бобоева Мадина сармуттахасиси Шуъбаи ташкилии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни маърӯзаи худ қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тақвияти мавқеи занон дар ҷомеа ва фаъол гардонидани нақши онҳо, тарбияи насли худшиносу худогоҳ корҳои назаррасро анҷом дода, як қатор санадҳои меъёри ҳуқуқиро ба тасвиб расонид. Аз ҷумла:

Моҳи сентябри соли 1998, таҳти №363 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Нақши миллии тадбирҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди баланд бардоштани мақом ва нақши зан дар солҳои 1998-2005» тасдиқ гардида, барои амалӣ гардидани ҳадафҳои он 14 вазорату кумита ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ ҷалб гардид. Санади дигари тақдирсоз ин Фармони Президенти кишвар аз 3 декабри соли 1999 № 5 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» аст, ки байни мардум инқилоби фикриро ба вуҷуд оварда, дар арсаи ҷаҳон дуняви будани Тоҷикистонро бори дигар таъкид сохт. Ин ҳуҷҷати муҳим ҳамчун раҳнамо барои таҳия ва қабули даҳҳо санадҳои ҳуқуқии дигар дар масъалаи беҳдошти занон аз ҷумла: қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ аз 22-уми августи соли 1997 таҳти №383, Дар бораи Барномаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Танзими оила ва ҳуқуқ» аз 2-уми декабри соли 1999 таҳти №483, Дар бораи Барномаи давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дастрасии занони деҳот ба замин», Барноми давлатии «Тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон», Стратегияи Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рушди саломатии кӯдакон ва наврасон» Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Барномаи давлатии «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016, Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020 ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд мебошанд.

 

 

 

 

 

Инчунин дар суханронии худ иштирокчиёни семинарии омӯзишӣ сармуттахасиси шуъбаи ҳуқуқ ва кор бо кадрҳои Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимшоев Акмал Қимматназарович, сарнозири шуъбаи умумии Раёсати ташкилию бозрасӣ Ёрова Лутфия, сарнозири Раёсати ташкили назорати гумруки Махкамова Замира, сардори шуъбаи иттилоотии Хадамоти гумрук Мирбозхонова Ҷамила, нозири калони шуъбаи ҳуқуқи Раёсати таъмини ҳуқуқ Исоматова Сарвиноз ва ибрози ақида намуданд, ки санадҳои қабулшуда ба таҳкими мақоми зан дар ҷомеа, таъмини риояи ҳуқуқу озодиҳои занон, кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо, вусъат додани имконоти иштироки фаъоли онҳо дар тамоми бахшҳои иҷтимоиву сиёсии кишварамон ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои фаъолияти занону бонувон мусоидат менамояд.

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ШАРИКОН