ТАМОЖЕННАЯ СЛУЖБА ПРИ ПРАВИТЕЛЬСТВЕ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

TajikRussianEnglish

Календарь

Августь 2018
16
Четверг
BuaXua Calendar

Статистика

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterCегодня222
mod_vvisit_counterYesterday5867
mod_vvisit_counterВчера18054
mod_vvisit_counterЭтот месяц90639
mod_vvisit_counterВсе3525555

RILO Москва

Таможенный кодекс

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Официальное издание Таможенной службы

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Голосование

Как Вы узнали о нас?
 

Қочоқи ҷави Қирғизистон ба ноҳияи Ҷаббор Расулов

Печать PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Санаи 29-уми августи соли 2017, ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ аз тарафи кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд дар минтақаи наздисарҳадии деҳаи Қурғончаи ноҳияи Ҷаббор Расулов воситаи нақлиёти тамғаи Пикап, рақами қайди давлатиаш 18 18 ЕС 02 таҳти ронандагии шаҳрванд Н.М. барои муоинаи гумрукӣ боздошта шуд.

Ҳангоми гузаронидани муоинаи гумрукӣ дар дохили бордони воситаи нақлиёти мазкур ба миқдори 3 ҳазор килограмм ҷави истеҳсоли Ҷумҳурии Қирғизистон мавҷуд буд.

 

 

Ҳангоми пурсиш маълум гардид, ки ин миқдор мол ба шаҳрванд Н.М., соли таваллудаш 1977, истиқоматкунандаи ноҳияи Мастчоҳ тааллуқ дошта, онро аз деҳаи наздисарҳадии деҳаи Қурғончаи ноҳияи Ҷаббор Расулов аз як шахси ношиноси шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон, ки бидуни назорати гумрукӣ вориди марзи Ҷумҳурии Тоҷикистон намудааст, харидорӣ карда, мехост бо мақсади тиҷорат ба ноҳияи Мастчоҳ интиқол диҳад.

Ҳамин тариқ, дар кирдори шаҳрванд Н.М. аломатҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурии дар моддаи 597-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шуда, яъне харидани моле, ки бидуни назорати гумрукӣ вориди қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидааст, дида мешавад.

Аз рӯи ҳолати мазкур нисбат ба шаҳрванд Н.М. мутобиқи моддаи 597-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуд.

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Партнёры