ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Тақвим

Сентябр 2018
22
Шанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз2165
mod_vvisit_counterДирӯз7287
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта37065
mod_vvisit_counterДар ин моҳ100000
mod_vvisit_counterҲамарӯза3736049

RILO Москва

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Овоздиҳӣ

Чӣ тавр Шумо дар бораи мо маълумот пайдо намудед?
 

Боздошти 3 ҳазор килограмм хокаи ангишти Қирғизистон

Чоп PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Санаи 3-юми сентябри соли 2017, ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ дар роҳи аватомобилгардии ноҳияи Ҷаббор Расулов воситаи нақлиёти тамғаи ЧИНБЕЙ, рақами қайди давлатиаш 37 19 АР 02, таҳти ронандагии шаҳрванд Қ.Х., соли таваллудаш 1987, сокини ноҳияи Спитамен, ҷамоатӣ Янгиҳаёт барои муоинаи гумрукӣ боздошта шуд.

Зимни гузаронидани муоинаи гумрукӣ дар дохили бордони воситаи нақлиёти мазкур ба миқдори 3 ҳазор килограмм хокаи ангишти истеҳсоли Ҷумҳурии Қирғизистон мавҷуд будааст.

 

 

Ҳангоми пурсиш маълум гардид, ки хокаи ангишт ба худи ронанда тааллуқ, дошта ин миқдор молро аз минтақаи наздисарҳадии деҳаи Қурғончаи ноҳияи Ҷаббор Расулов, аз як шахси ба ӯ ношинос, ки зимни вайрон кардани қоидаҳои гумрукӣ аз Ҷумҳурии Қирғизистон ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид кардааст, харида мехостааст, онро бебарасмиятдарории гумрукӣ ба ноҳияи Спитамен интиқол ва ба фурӯш барорад.

Ҳамин тариқ дар кирдори шаҳрванд Қ.Х. нишонаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурии дар моддаи 597-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда дида мешавад.

Дар асоси гуфтаҳои боло ва бо дастрасии моддаҳои 81, 82 ва 86-и Кодекси мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисабти Қ.Х. мутобиқи моддаи 597-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуд.

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ШАРИКОН