ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Тақвим

Сентябр 2018
22
Шанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз2413
mod_vvisit_counterДирӯз7287
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта37313
mod_vvisit_counterДар ин моҳ100000
mod_vvisit_counterҲамарӯза3736297

RILO Москва

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (41) 2018

 

№2 (42) 2018

 

№3 (43) 2018

 

№4 (44) 2018

 

 

 

 

Овоздиҳӣ

Чӣ тавр Шумо дар бораи мо маълумот пайдо намудед?
 

Тиҷорати дафтари бе ҳуҷҷатгузории гумрукӣ дар деҳаи наздисарҳадии “Маданият”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов

Чоп PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Санаи 3-юми октябри соли равон, кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд, ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ дар минтақаи наздисарҳадии деҳаи “Маданият”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов воситаи нақлиёти тамғаи “Опел-Зафира”, рақами қайди давлатиаш 0594 DО 02-ро, ки таҳти ронандагии Т.А. қарор дошт, барои муоинаи гумрукӣ боздошт намуданд.

Ҳангоми гузаронидани муоинаи гумрукӣ дар дохили бордони воситаи нақлиёти мазкур ба миқдори 3 ҳазор дона дафтари истеҳсоли Федератсияи Русия мавҷуд будааст.

 

 

Зимни пурсиш маълум гардид, ки ин миқдор мол ба шаҳрванд Т.А., соли таваллудаш 1995, истиқоматкунандаи ноҳияи Ҷаббор Расулов, шаҳраки Меҳробод тааллуқ дошта, номбурда моли мазкурро аз деҳаи наздисарҳадии “Маданият”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов, аз як шахси ба ӯ ношиноси шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон, ки бидуни назорати гумрукӣ вориди марзи гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон намудааст, харидорӣ намуда, мехост бе ҳуҷҷатгузории гумрукӣ бо мақсади тиҷорат ба ноҳияи Ҷаббор Расулов интиқол диҳад.

Ҳамин тариқ, дар кирдори шаҳрванд Т.А. бо ин кирдори худ аломатҳои ҳуқувайронкунии маъмурии дар моддаи 597-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда, яъне харидани моле, ки бидуни назорати гумрукӣ вориди қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидааст, дида мешавад.

Дар асоси гуфтаҳои боло ва бо дастрасии талаботи моддаҳои 81, 82 ва 86-и Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба шаҳрванд Т.А. мутобиқи моддаи 597-и Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқувайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуда, шаҳрванд мувофиқи аъмолаш дар назди қонун ҷавоб хоҳад гуфт.

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ШАРИКОН