ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish
АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
Дар ҳақиқат, гумрук дар ҳаёти ҳар як давлати соҳибистиқлол аҳамияти фавқулодда дорад ва гузашта аз ин дарвозаи ҳар давлат аст. Зеро аз кори мақомоти гумрук на танҳо таъмини молиявии соҳаҳои гуногуни фаъолияти давлат, балки бехатарии иқтисодӣ, фарҳангӣ, идеалогӣ ва экологии он вобастагии бевосита дорад.

 

СУХАНРОНӢ ДАР МУЛОҚОТ БО СОҲИБКОРОН ВА САРМОЯГУЗОРОНИ ВАТАНИВУ ХОРИҶӢ

Муҳтарам соҳибкорон ва сармоягузорон!
Ҳозирини арҷманд!

Мулоқоти имрӯзаи мо ба муносибати Рӯзи соҳибкорон, ки се сол қабл ҳамчун рамзи дастгирии фаъолияти касбии шумо дар роҳи ободии Ватан эълон гардида буд, сурат мегирад.

Ба ин муносибат кулли соҳибкорони ватандӯсти кишвар ва ҳамаи шумо, ҳозирини муҳтарамро табрик мегӯям ва дар фаъолияти минбаъдаатон барору комёбиҳои нав орзу менамоям...

 

 

 

 

 

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (37) 2017

 

№2 (38) 2017

 

№3 (39) 2017

 

№4 (40) 2017

Маълумоти криминалӣ

Пешгирии воридоти 13 ҳазору 285 адад маводи тарфгарӣ дар вилояти Суғд

16.12.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  116
Аз тарафи кормандони Шуъбаи ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии...
Боздошти сӯзишвории дизелӣ ва тахтаи бе ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда

15.12.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  40
Аз тарафи кормандони Шуъбаи ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии...
Оғози парвандаи ҷиноятӣ барои воридоти маводи тарфгарӣ дар Суғд

13.12.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  22
Санаи 8-уми декабри соли ҷорӣ дар минтақаи наздисарҳадии...

Рӯйдодҳои гумрукӣ

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ

24.11.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  296
Имрӯз дар толори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида...
Вохӯрии Сардори Хадамоти гумрук бо Сафири Ҷумҳурии Беларус

23.11.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  337
Санаи 22-юми ноябри соли ҷорӣ Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати...
Конститутсия бахтномаи миллат

03.11.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  707
3-юми ноябри соли равон дар толори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати...

Нишастҳои матбуотӣ

Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

18.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  2596
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки...
ЭЪЛОН

17.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  2383
Санаи 18 - уми июли соли равон соати 1000 дар...
Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

17.01.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  5117
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки...

Боду ҳаво

Тақвим

Декабр 2017
18
Душанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз884
mod_vvisit_counterДирӯз1983
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта884
mod_vvisit_counterДар ин моҳ72152
mod_vvisit_counterҲамарӯза2480898

RILO Москва

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Забони миллат – шиносномаи миллат аст

Чоп PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Имрӯз, 4-уми октябри соли 2017 бахшида ба таҷлили Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҳайати шахсии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе ва сардори Шуъбаи танзими истилоҳоти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфониён Раҳим Раҷабзода ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

 

 

 

Ҷаласаро муовини якуми сардори Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе  полковники хадамоти гумрук Хуршед Бозоров ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳозиронро аз номи худ ва роҳбарияти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал - лейтенанти адлия Абдуфатоҳи Ғоиб бо ҷашни Рӯзи забони давлатӣ табрику таҳният ва дар фаъолияти ҳамарӯзаашон комёбиҳо таманно намуд. Зимни суханронӣ мавсуф изҳор дошт, ки новобаста аз кору машғулият, ҳар як фарди ватандӯст вазифадор аст, ки ба забони давлатии худ арҷ гузорад ва онро поку беолоиш нигоҳ дорад.

 

 

Зулфониён Раҳим Раҷабзода - сардори Шуъбаи танзими истилоҳоти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар навбати худ, дар бораи мақому мартабаи забони тоҷикӣ, татбиқи Қонун «Дар бораи забони давлатӣ», одоби муошират, истифодаи истилоҳоти соҳавӣ андешаҳои худро баён намуд.

 

 

Аз ҷумла, мавсуф афзуд: - Забон рукни асосии давлатдории ҳар миллат буда, мақому манзалат ва таъсири он дар ҷомеа ба ақлу хирад ва маърифати мардуми соҳибзабон вобаста аст. Забони тоҷикӣ, ки сарнавишти беш аз ҳазорсола дорад, дар масири таърих борҳо ба шикасту хиёнатҳо дучор гаштааст, вале хушбахтона бо паси сар намудани тамоми имтиҳону озмоишҳои таърих тозагии худро нигоҳ доштааст. Истиқлолияти давлатӣ, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016» ба густаришу рушди фарҳанг ва маънавиёт, сайқал бахшидани забони адабӣ, ғанигардонии захираи луғавӣ ва риояи меъёрҳои забони давлатӣ заминаи мусоид фароҳам овард. Имрӯз тамоми коргузориву муошират дар идораҳои давлатӣ бо забони давлатӣ ба роҳ монда шуда, омӯхтани забони давлатӣ, бахусус, имлои забони тоҷикӣ дар кулли идораҳо барои ҳар як фард талабу тақозои замон гаштааст.

 

 

Дар интиҳо, сардори Раёсати ташкилию бозрасии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники хадамоти гумрук Бобоев Хуршед ва сардори Шуъбаи кор бо ҳайати шахсии Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ, полковники хадамоти гумрук Раҷабов Холмаҳмад, низ аз аҳамияти рушду такомули забони давлатӣ ва таваҷҷуҳи махсус ба он суханронӣ намуда, изҳор доштанд, ки забони адабии тоҷикӣ омили муттаҳидкунанда ва ваҳдати давлату миллат ба ҳисоб меравад.

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ШАРИКОН