ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Маълумоти криминалӣ

Қочоқи шакар бо Мерседес Бенс дар Бобоҷон Ғафуров

20.10.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  35
Санаи 20 - уми октябри соли 2017, ҳангоми гузаронидани амалиёти...
Қочоқи асъори хориҷӣ

19.10.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  85
Санаи 16-уми октябри соли 2017 ҳангоми аз назорати гумрукӣ гузаронидани...
Оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба ширкати ҶДММ «Файзимоҳ» барои қочоқи мол

16.10.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  401
Кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти...

Рӯйдодҳои гумрукӣ

Ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятиву машваратӣ дар Хадамоти гумрук бо пешниҳодҳои муфиди соҳибкорон анҷом ёфт

10.10.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  351
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои ҷамъиятиву...
Ҷамъомад ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ

05.10.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  411
Имрӯз дар Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Нишастҳои матбуотӣ

Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

18.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  1872
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки...
ЭЪЛОН

17.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  1756
Санаи 18 - уми июли соли равон соати 1000 дар...
Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

17.01.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  4353
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки...

Боду ҳаво

Тақвим

Октябр 2017
21
Шанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1566
mod_vvisit_counterДирӯз8579
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта43610
mod_vvisit_counterДар ин моҳ100000
mod_vvisit_counterҲамарӯза2170835

 

 

 

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (37) 2017

 

№2 (38) 2017

 

№3 (39) 2017

 

№4 (40) 2017

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

RILO Москва

Ҷамъомад ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ

Чоп PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Имрӯз дар Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ доир гардид.

Дар чорабинии мазкур Шоири халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ, муовини якуми Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Хуршед Абдураҳмон ва ҳайати шахсии Дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук иштирок намуданд.

Нахуст муовини якуми Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Хуршед Абдураҳмон дар баромади худ қайд намуд, ки забон муҳимтарин сармоя, омили бақо ва гавҳари ҳастии миллат аст. Ба ин хотир, ҳифз ва рушди пайвастаи он як самти муҳими фаъолияти давлат аст. Бо шарофати сиёсати созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар оид ба гиромидошти забони тоҷикӣ ва татбиқи Қонуни забон давра ба давра асноду дастурҳои муҳим қабул гардида, соли 1995 Комиссияи татбиқи Қонуни забон дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис гардид, соли 1997 Барномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба тавсеа ва рушди забони давлатӣ ба тасвиб расид, соли 1998 бо қарори Ҳукумат имлои нави забони тоҷикӣ тасдиқ гардид ва ниҳоят, 5 - уми октябри соли 2009 бо имзои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

 

 

Натиҷаи ҳамин саъю талошҳо буд, ки имрӯз забони тоҷикӣ дар ҷомеа мавқеи мустаҳкам пайдо намуда, ба забони илм ва муоширати байни миллатҳои Тоҷикистон баланд шудааст. Бо ин забон даҳҳо номгӯи матбуоти чопӣ интишор мегардад, барномаҳои зиёди радио ва телевизион таҳия гардида, китобҳои дарсӣ, маводи таълимӣ ва омӯзишии зиёд чоп мешаванд. Бо фаъолияти Комиссияи Олии Атестатсионии Тоҷикистон забони рисолаҳои илмӣ низ тоҷикӣ хоҳад буд ва ин маънои онро дорад, ки минбаъд забони тоҷикӣ ба ҳайси забони илм дар тамоми соҳаҳои ҷомеа мавриди амал қарор гирифта, ақидаи иддае аз пажӯҳишгаронеро, ки гӯё ин забон ба сифати забони илм ниёзҳои ҷомеаро бароварда наметавонад, ботил месозад.

 

 

Сипас Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ суханрони намуда аз ҷумла афзуд, ки агар забонҳои дигар воситаи иртиботу муошират ва рукни давлатӣ бошанд, забони тоҷикӣ дар тӯли таърих нақши муттаҳидии миллат ва зинда нигоҳ доштани онро бозидааст. Тоҷик тӯли ҳазор сол давлат надошт, вале забон дошт, қудрати сиёсӣ надошт, вале забон дошт ва маҳз ҳамин забон ин миллатро аз хатари нобудӣ эмин дошт. Дар замони Шӯравӣ забони тоҷикӣ барои миллати мо воситаи асосии давлатсозӣ шуд.

Мутобиқи маълумоти Википедия забони тоҷикӣ - забони модарии мардуми тоҷик, ки аҳолии aсосии Tоҷикистонро ташкил медиҳад (88%), ба ҳисоб меравад. Бо забони тоҷикӣ инчунин намояндагони миллатҳои дигар, ки маскуни Тоҷикистон ҳастанд, ҳангоми муомила бо тоҷикзабонон ба тоҷикӣ ҳарф мезананд.

Зиёда 45 дарсади аҳолии Aфғонистон, ки аз лиҳози этнологӣ тоҷик ҳисоб мешаванд (зиёда аз 15 млн.) ва худро тоҷик меноманд, ҳарчанд бо забони аз тоҷикии Oсиёи Марказӣ фарқи бузург надошта гуфтугӯ мекунанд, валекин забони худро расман форсӣ - дарӣ ва ё кобулӣ мегӯянд ва худро тоҷик ном мебаранд. Аксари кулли мардуми Афғонистон ба забони тоҷикӣ (88%) гуфтугӯ мекунанд. Ҳатто ҳамаи паштунҳо тоҷикиро медонанд.

Аз ҷиҳати забоншиносӣ забони тоҷикӣ ба гурӯҳи ғарбии забонҳои эронӣ, oилаи калони ҳиндуаврупоӣ дохил мешавад.

Дар шароити хатарҳои ҷаҳони муосир арҷгузорӣ ба рукнҳои давлатсози ҷомеа - забон, фарҳанг, тамаддун ва анъанаҳои миллӣ бамаротиб зиёд мегардад, зеро раванди ҷаҳонишавӣ ду ҷанба - мусбат ва манфӣ дорад ва дар баробари хусусияти ҷаҳонӣ касб кардани урфу одатҳои миллӣ, аз ҷониби дигар хатари аз байн рафтани онҳо, бахусус забонҳои миллӣ пеш меояд.

Бино ба назари пажӯҳишгарон, дар сад соли оянда хатари аз байн рафтани тақрибан ҳаштод дарсади забонҳои дунё вуҷуд дорад. Бо назардошти ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушду такомули забони тоҷикӣ ҳамвора чорасозӣ мекунад ва таваҷҷуҳи шахсии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ин масъала намунаи беҳтарини ҳифзи арзишҳои миллӣ ба ҳисоб меравад.

 

 

Муовини сардори Раёсати ташкилию бозрасӣ Ҳамрозода Бӯрӣ Сармад иброз дошт, ки забони давлатӣ чун Парчам, Суруд ва Нишони миллӣ мақоми муқаддас касб кардааст.

Дар минбарҳои баланди ҷаҳонӣ ин чор унсур дар якҷоягӣ миллати моро муаррифӣ менамоянд. Пешвои миллатамон аз аввалин рӯзҳои давлатдорӣ инро амиқан дарк менамоянд ва доиман таъкид менамоянд, ки фанои забон фанои миллат аст.

Омилҳои ҷаҳонишавӣ, ки дар навбати аввал метавонад фарҳангу забонҳои миллиро аз байн бибарад, аз мадди назари Пешвои миллат ҳеҷ гоҳ дур намондаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбару суҳбатҳояшон аз он ёдрас мешаванд, ки миллати моро тавассути забону фарҳангаш мешиносанду эҳтиром менамоянд. Пешвои миллатамон он забонеро зинда гардонидану рушд бахшидан мехоҳанд, ки дар замони Сомониён истифода мегашт. Бузургии ин забонро, ки фарҳангу адабиёту анъанаҳои моро дар домани худ парваридааст, ҳамеша қоиланд. Забони Рӯдакиву Фирдавсӣ, Синову Закариёи Розӣ, Мавлавию Имом Тирмизӣ, Саъдиву Ҳофиз, Ҷомиву Хайём ва ҳазорон нафар бузургони дигари илму адаб будани забони тоҷикиро мояи ифтихори ҳар як тоҷики имрӯза меҳисобанд.

Маҳз бо ибтикори Пешвои миллат таҷлили солгарди даҳҳо нафар фарзонафарзандони тоҷик роҳандозӣ гардид, ки моҳияти байналмилалӣ низ доштанд. Ин ҳама гиромидошти фарҳангу забону адабиёти тоҷик аст, ки ғубори тирае тӯли садсолаҳо рӯи онҳоро фаро гирифта буд.

Замони муосир пур аз таҳаввулот аст. Маълум аст, ки таҳоҷуми фарҳангӣ ва фарҳангҳои ноаён таҳмилшаванда нахуст ба пояи забону фарҳанг зарба мезананд. Мо шодем, ки истиқлол дорем ва он як иртиботи бузург ба забони миллат дорад ва ин истиқлол ҳифозату нигаҳбониҳоро тақозо менамояд. Дар ин ҷараёнҳои мураккаб ногузир бояд сипару ҷавшани қавиеро барои забону фарҳанги худ дошта бошем.

 

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ШАРИКОН