ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Маълумоти криминалӣ

Қочоқи шакар бо Мерседес Бенс дар Бобоҷон Ғафуров

20.10.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  35
Санаи 20 - уми октябри соли 2017, ҳангоми гузаронидани амалиёти...
Қочоқи асъори хориҷӣ

19.10.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  85
Санаи 16-уми октябри соли 2017 ҳангоми аз назорати гумрукӣ гузаронидани...
Оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба ширкати ҶДММ «Файзимоҳ» барои қочоқи мол

16.10.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  401
Кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти...

Рӯйдодҳои гумрукӣ

Ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятиву машваратӣ дар Хадамоти гумрук бо пешниҳодҳои муфиди соҳибкорон анҷом ёфт

10.10.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  350
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои ҷамъиятиву...
Ҷамъомад ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ

05.10.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  410
Имрӯз дар Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Нишастҳои матбуотӣ

Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

18.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  1871
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки...
ЭЪЛОН

17.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  1756
Санаи 18 - уми июли соли равон соати 1000 дар...
Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

17.01.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  4353
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки...

Боду ҳаво

Тақвим

Октябр 2017
21
Шанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1521
mod_vvisit_counterДирӯз8579
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта43565
mod_vvisit_counterДар ин моҳ100000
mod_vvisit_counterҲамарӯза2170790

 

 

 

Maҷаллаи расмии Хадамоти гумрук

№1 (37) 2017

 

№2 (38) 2017

 

№3 (39) 2017

 

№4 (40) 2017

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

RILO Москва

Забони миллат-ҳастии миллат

Чоп PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Дар толори маҷлисгоҳи Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон бахшида ба «Иди забон» ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Сардори Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон Рауфзода Хуршед дар назди ҳозирин бо суханони табрикотӣ баромад карда, қайд намуд, ки «забон меъроси гузаштагону ниёгони бофарҳангу бомаърифат ва хирадманди мо мебошад. Тайи ҳазорсолаҳо шоирону муттафакирон, олимону донишмандони гузаштаи мо, аз ҷумла Рӯдакиву Ибни Сино, Фирдавсиву Дақикӣ, Саъдиву Ҳофиз ва Ҳилоливу Бедил бо ин забони нобу беолоиш асарҳо эъҷод кардаанд, ки боиси ифтихор ва сарбаландӣ мебошанд».

 

 

Забон яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ба шумор рафта, гузашта аз ин муаррифгари миллат мебошад.

Имрӯзҳо бо забонӣ тоҷикӣ зиёда аз 25 миллион нафар одамон дар як қатор кишварҳои олам муошират менамоянд, ки аз он 8 миллион нафарашон дар Тоҷикистон, 5 миллион дар Ӯзбекистон (Самарқанд, Бухоро), 10 миллион дар Афғонистон ва дигар кишварҳои дурру наздик мебошанд.

Президенти кишвар дар яке аз баромадҳояш зикр намудааст, ки «Забони тоҷикӣ имрӯз ба забони илму фарҳанг табдил ёфта, чорабиниҳои илмӣ бо забони давлатӣ сурат мегиранд, олимони мо асарҳо ва мақолаҳояшонро бо риояи меъёрҳои забони адабии тоҷикӣ таҳия карда, ҷиҳати инкишофи забон сайъу кӯшиши зиёд менамоянд. Мо бояд минбаъд низ ба масъалаи рушди меъёрҳои забони давлатиамон эътибори ҷиддӣ ва доимӣ диҳем ва ба ин хотир мутахассисони забоншиносу суханшиносро зарур аст, ки ҷиҳати такмил додани қоидаҳои забони тоҷикӣ, риояи асолати меъёрии он тадбирҳои судманд андешанд ва дар тарғибу ташвиқи ин забони хушоҳанги рӯҳнавоз ҳиссаи ватандӯстона гузоранд».

Бояд гуфт, бори нахуст Қонуни забони давлатӣ 22-уми июли соли 1989 замони Шӯравӣ имзо шуд ва муддати 20 сол Иди забон дар ин рӯзҳо таҷлил мешуд. Баъдан, парлумони Тоҷикистон тарҳи нави Қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба тасвиб расонд, ки мутобиқи он рӯзи Иди забон аз 22-юми июл ба 5-уми октябр гузаронида шуд.

 

 

Сипас дар назди ҳозирин, шоири шинохта Амиршоҳи Хатлонӣ суханронӣ намуда, аз эъҷодиёти худ оид ба корномаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар васфи забон ва гиромидошти он пораҳои шеърӣ қироат намуданд.

 

 

 

Дар ҷамъомад инчунин дигар кормандон низ баромад карда, забонро ҳамчун омили муҳими давлату ҷамъият, пешбарандаи нуфузу эътибори давлат арзёбӣ намуданд.

Қобили зикр аст, ки 5-уми окятбр дар баробари Рӯзи забони давлатӣ, зодрӯзи Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ мебошад.

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ШАРИКОН